(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Август » 13 » Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
09:56
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

 

                           Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино маркази калонтарини таълимӣ ва илмӣ-таҷрибавии мамлакат, муассисаи асосии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ мебошад. ДДТТ дорои биноҳои муосири таълимӣ, клиникаҳо ва озмоишгоҳҳоест, ки дар пойгоҳи онҳо факултетҳои зерин фаъолият менамояд: тиббӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, педиатрӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва Маркази омодагии қаблӣ. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро кормандони соҳибмаълумот ташкил медиҳад. Дар 64 кафедраи донишгоҳ мутахассисони дорои маҳорати баланди педагогӣ: 7 академик ва узви вобастаи АИТ ҶТ, 84 докторҳо, 230 номзадҳои илмҳои тиб, 40 профессорон, 50 дотсентон ва табибони хизматнишондодаи ҶТ, Ходимони хизматнишондодаи илм, Лауреатҳои мукофотҳои давлатӣ ва байналхалқӣ кору фаъолият доранд.
 

Комиссияи қабул - 2017

 

Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2017-2018

I. Муқаррароти умумӣ
 
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳия шудааст.
         
II. Тартиби умумии қабули донишҷӯён
 
2.1. Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. 
2.2. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, баъди гузаштан аз озмун ва пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.
2.3. Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
2.4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.
2.5.Қабули довталабони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун гузашта дар муҳлати мукқарраршуда дар комиссияи қабули донишгоҳ амалӣ мегардад.
2.6. Таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзона аст. Мӯҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултетҳои тиббӣ  ва педиатрия 6 сол, стоматологӣ 5 сол, фарматсевтӣ 5  сол ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ 4-6  сол мебошад.
 
III. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба донишгоҳ фиристода шудаанд
 
  1. Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод намоянд:
  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, тавсияномаи Вазорати тандурустӣ ва илми ҶТ барои ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои химия ва ё биология.
    1. Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
    2. Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестӣ ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.
 
IV. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ таҳсил менамоянд
 
  Духтарон ва писарон, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд, бар иловаи ҳуҷҷатҳои дар боло номбар шуда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
  • қарори Шӯрои педагогии мактаб;
  • тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ё шаҳр; 
  • роҳхати ҳукумати ноҳия ё шаҳр. 
  • қарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва шаҳрванд.
Қабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18) амалӣ мегардад.
 
V. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ
  1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шарнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
  2. Ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ    

 Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории сӯҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат ва пардохти маблағи таҳсил ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.
 

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ

 

 

Cолиҳов
Дилшод Неъматович
д.и.т., профессор
муовини ректор 
оид ба таълим
 

Маркази таълимӣ - клиникии «Стоматология»

 

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Сино 30/1, Маҷмааи нави таълимии Қарияи боло
Тел.: (+992) 44 600 39 73, (+992) 918 82 63 75, e-mail: 38@tajmedun.tj

Директори марказ Таибов Саидшох Аюбович
 
Кормандони марказ

 
Сабуров Сабур
Каримович
номзади илмҳои тиб
 

 
Шарипов Саид
Муродович
номзади илмҳои тиб,
дотсент

 
Юсупова Заррина
Ҳикматовна
номзади илмҳои тиб
 

 
Қувватов Хидиралӣ
Раҷабалиевич
асисстент
 

 
Маҳмудов Маъруф
Маҳмадраҷабович
            асисстент
 

 
Аминов Парвиз
Олимович
асисстент
 

 
Қурбонова Шифо
Ҷурабековна
лаборанти калон
 

 
Ибрагимова Азиза
асисстент
 

 
Тохтаходжаева Саодат
Тупалоновна
номзади илмҳои тиб,
дотсент

 
Бекмурадов Бердӣ
Алтиевич
номзади илмҳои тиб
 

 
Азизов Хайём
Давлатшоевич
асисстент
 

 
Аюбов Олимҷон
Саидшоевич
асисстент
 

 
Қувватова Мавзуна
Хидиралиевна
асисстент
 

 
Тағоева Шаҳло
асисстент
 
 

 
Валиев Шоҳин
Нумонович
лаборанти калон
 

 
Шарипов
Хуршед
табиб стоматолог
 

 
Мирзоева Тахмина 
Салимовна
табиб стоматолог
 

 
Ҳасанова Бибиҳафиза
Куйбокаровна
асисстент
 

 
Уманова Насиба
Эргашовна
асисстент
 

 
Саодатов Акобиршоҳ
Иноятович
асисстент
 

 
Одинаев Қурбоналӣ
мудири хоҷагӣ
 
 

 
Эсанов Абдусалом
Ҳасанович
мудири лабораторияи
дандонсозӣ

 
Махмадалиев Хуршед
Мирзоалиевич
рехтагар
 

 
Шарипов Ҷамшед
Саидҷонович
дандонсоз
 

 
Қувватов Муртазо
Раҷабалиевич
дандонсоз
 

 Маълумоти умумӣ

 Маркази таълимӣ - клиникии "Стоматология" фаъолияти  худро аз  соли 2007 оғоз намуд ва роҳбарии марказро Шарипов С.М. (солҳои 2007 – 2009), Сабуров С.К. (солҳои 2009 – 2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то ҳол роҳбарии марказро Таибов С.А. ба зимма дорад.   

Марказ дар  баробари  тайёр намудани  мутахассисони  соҳаи тандурустӣ инчунин барои  такмили маҳорати  касбӣ,  истифодаи  мақсадноки  таҷҳизоти  стоматологӣ , расонидани  хизмати тиббӣ аз рўи ихтисос  ба  муроҷиаткунандагон  низ корҳои назаррасро   ба  сомон мерасонад.  Дар Марказ  корҳои илмӣ яке аз самтҳои  асосӣ  ба ҳисоб меравад.                                
Дар  Марказ  номзадҳои илми тиб,  табиб – стоматологҳо, 2- нафар аълочии ВТ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, устодон  ва   лаборантони  калони  кафедраҳои марбут  адои  вазифа мекунанд. Дараҷаи  унвоннокии  кормандони  кафедраҳои  МТК «Стоматология»   50% -ро ташкил медиҳад. Дар кафедраҳои марказ тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон  таъмин аст.Дар  марказ кафедраҳои стоматологияи ортопедӣ ва муоличавӣ пурра, кафедраҳои стоматологияи кудакона ва ҶҶР қисман ҷойгир шудаанд.Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ, физиотерапевтӣ, тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида барои сари вақт ташхиси дуруст мондан ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст,ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст. Ҳамкори байни устодони кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ буда, барои баланд бардоштани нуфузи марказ ҳамчун клиникаи донишгоҳии ДДТТ баноми Абўалӣ ибни Сино мусоидат мекунад.

Вазифаҳои асосии  марказ

- баланд бардоштани савияи таълими донишҷуён ва магистрҳо;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;
- тайёр намудани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ;
 -тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои   машғулиятҳои амалии донишҷуён ва муаллимон;
-иҷрои корҳои тарбиявӣ;
-иҷро намудани корҳои муолиҷавӣ ва машваратӣ;

Корҳои таълимӣ

Корҳои тарбиявӣ дар Марказ аз рўи нақшаи тасдиқкардаи шуъбаи таълим ба роҳ монда шуда, қариб  ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ  бо  тариқи  презентатсия,  яъне  бо истифода аз компютер,  проектор ва  доскаи эдлектронӣ  гузаронида мешаванд.     
Дар марказ  ҳуҷраи  фантоми   бо  ҳама маводҳои  ҳозиразамон  фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи  дониши донишҷӯён  мусоидат мекунад. 

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои зерин бурда шуд:
-Пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ;
-Оиди райъпурсии  умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағиру иловаҳо дар Конститутсияи ҶТ;
-Оиди сазовор пешвозгирии ҷащни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ.
-Оиди  ҳолати  омузиши  забони  давлати  дар  марказ.            
-Оиди  конститутсияи   ҶТ  ва  аҳамияти  он  барои  тенҷию  ороми  ва  пешрафти   ҷомеаи  имрӯза.
-Оиди сазовор ҷашн гирифтани рӯзи Президенти ҶТ– 16.11 ва рузи парчам – 24.11
БАРОМАДИ ТВ  - 26
РАДИО  - 6
ГАЗЕТА –17                                                                                                                                    
Оиди райъпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағиру иловаҳо дар Конститутсияи ҶТ; Оиди сазовор пешвозгирии ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ.
Дар   соли 2017 дар марказ  ду  ҳамоиши илмӣ баргузор гардид:моҳи январ-”Об  барои рушди устувор  2018—2028”ва  24 феврал- ҳамоиши  илми  дар мавзуи «Масъалаҳои мубрам ва дастовардҳои стоматологияи муосир»

 

Ибодов
Саидмуқим Тиллоевич
д.и.т., профессор
муовини ректор оид
ба илм ва нашрия

 

 

Қурбонбекова
Парвина Қамчибековна
н.и.т., дотсент
муовини ректор
оид ба тарбия
ва фарҳанг

 

Гадоев
Бахшибек Шифоевич
н.и.т., дотсент
муовини ректор оид
ба корҳои муолиҷавӣ

 

 

Холов
Ёрмаҳмад Қаландарович
н.и.ф., дотсент
муовини ректор оид 
ба корҳои
хоҷагиву маъмурӣ

Категория: Мактабхои Оливу Миёнаи ЧТ | Просмотров: 275 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar