(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Август » 13 » Донишкадаи Давлатии Забонхои Точикистон ба номи Сотим Улугзода
10:39
Донишкадаи Давлатии Забонхои Точикистон ба номи Сотим Улугзода

 Донишкадаи  давлатии забонхои Точикистон ба номи Сотим Улугзода

                   

Дар муддати 35 соли фаъолияти Донишкада зиёда аз 10 ҳазор нафар донишҷуён аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ тарбият гирифта, ҳоло дар тамоми вилоят ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд. Таърихи Донишкада дар ин давра яксон ва якранг набудааст. Дар ин муддат аҳли устодон ва донишандӯзони он тавонистаанд, ки ба муваффақиятҳои чашмрасе ноил гарданд. Дар ин давра онҳо бо душвориҳои зиёде низ рӯ ба рӯ гаштаанд. Вале дар ҳама сурат ҳама ба таври дастаҷамъӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар ҳар ҳолате набошад, сифати таълиму тарбияро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монанд. Ин амр хусусан дар солҳои охири таърихи муассиса хеле хуб ба чашм мерасад.

Дар Донишкада ҳоло 4 факултет мавҷуд буда, таълим аз 22 ихтисос бо низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Дар Донишкада ҳамчунин Шӯъбаи аспирантура ва докторантура бо ихтисосҳои …, магистратура аз ихтисосҳои забони англисӣ, русӣ ва олмонӣ ва Шӯъбаи тайёрӣ амал менамоянд. Дар Лигнгвапарки (технопарки) муассиса бошад, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер ва забонҳо (забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ. арабӣ, чинӣ, ҷопонӣ, форсӣ ва куриёӣ), қаннодӣ, дӯзандагӣ, такмили ихтисос бо технологияи муосир - аз 1 то 6 моҳ фаъолият мекунанд.

Ба мақсади рушди минбаъда тибқи Барномаи давлатии такмили омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 тағйири мақоми Донишкада ва ба «Донишкадаи забон ва робитаҳои байналмилалӣ» табдил додани он пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмуъ Донишкада дар тамоми даврони фаъолияти хеш барои ворид сохтани технологияҳои нави таълим кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Аз ҷумла, чунонки маълум аст, ворид шудан ба раванди Болония ва фазои ягонаи тахсилоти олӣ имрӯз дар Тоҷикистон низ яке аз ҳадафҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб аст. Вобаста ба ин Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар соли 2014 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд».

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ин самт то кунун корҳои муайяне ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, дар Донишкада аз соли 2006 низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, гузариши пурраи он ба низоми кредитӣ дар шӯъбаи рӯзона анҷом ёфтааст ва гузаштани курси аввали таҳсилоти ғоибона низ ба ин низом шурӯъ гардидааст. Барои ба даст овардани мақсадҳои номбаршуда Донишкада аз соли 2007-2008 низоми назорати сифати таҳсилот, аз соли 2011 низоми идоракунии сифати таҳсилотро истифода мебарад ва тадриҷан, ибтидо аз соли 2014 ба низоми кафолати сифати таҳсилот мегузарад, ки ба талаботи дар ассотсиатсияи Аврупоии кафолати сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ коркардшуда такя менамояд. Дар ин самт «Сиёсат ва стратегияи Донишкада дар самти амалисозии низоми дохилии кафолати сифати таҳсилот» қабул гардидааст.

Ҳамчунин тибқи талаботи раванди Болония «Стратегияи рушди Донишкада барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, «Рисолати Донишкада» ва «Сиёсати Донишкада дар самти таъмини сифати таҳсилот» амалӣ шуда истодаанд. Дар солҳои 2013-2014 барои кӯмак ба устодон «Луғати мухтасари истилоҳоти раванди Болония» ва «Санадҳо оид ба раванди Болония» ба чоп расидааст. Ҳамчунин, дар Донишкада «Роҳнамои донишҷӯ» таҳия гардидааст, ки ҳам махсусиятҳои низоми кредитии таҳсилот ва ҳам анъанаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро дар бар мегирад.

Дар Донишкада ҳамасола тибқи нақшаи комплексӣ чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ва фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд. Фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ низ тибқи талаботи илми муосир бурда мешавад. Робитаҳои хориҷии муассиса ҳам дар солҳои охир рушди тоза ёфтанд. Ҳоло бо 13 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ баста шудаанд. Аз ҷониби Донишкада донишҷӯён барои таҳсил ва иштирок дар озмунҳо ва устодону омӯзгорон барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд. Бо мақсади дарёфти маблағҳои иловагӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассиса лоиҳаҳои грантӣ амалӣ карда мешаванд. Масъалаҳои иҷтимоӣ ҳам дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи Донишкада қарор доранд.

Боиси сарфарозист, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2014 зимни тасдиқи лоиҳаи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 Президенти кишвар,Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи матраҳшуда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд ва доир ба таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ин фанҳо ва ҳамчунин баланд бардоштани сифати таълим дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта, дастур доданд, ки лоиҳаи як бинои иловагии таълимӣ дар Донишкада таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Ва хушбахтона, ин кор аллакай шурӯъ гардидааст.

Вобаста ба амалисозии Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ Донишкада ба нақша гирифтааст, ки қабул ва хатми мутахассисонро аз ихтисосҳое, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ иртибот доранд, дар шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дар маҷмӯъ аз 483 нафар ба 651 нафар расонад (168 нафар ё 34 фоиз зиёдтар). Аз ҷумла, қабул ва хатми омӯзгорони забон ва адабиёти рус аз 97 нафар ба 145 нафар (48 нафар ё 49 фоиз зиёдтар) ва омӯзгорони забони англисӣ аз 72 нафар ба 120 нафар (48 нафар ё 67 фоиз зиёдтар) расонида мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки дар панҷ соли охир нишондиҳандаҳои Донишкада дар маҷмӯъ ба таври мусбат тағйир ёфтаанд. Вале дар баробари муваффақиятҳо норасоиҳо ва мушкилот низ дар фаъолияти муассиса мавҷуданд. Аз ин рӯ, аҳли Донишкада дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки дар оянда барои аз байн бурдани онҳо саъю кӯшиши бештаре ба харҷ диҳад ва ба ин мақсад аз ӯҳдаи иҷрои тамоми супоришҳо саривақт ва сарбаландона баромада, ҳамчунин вазифаҳои зайлро ба анҷом расонад:

Аввалан, баланд бардоштани сифати таълим ва ба ин мақсад пурзӯр намудани назорати доимии иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ дар соҳаи маориф, таъмини пурраи ҳамаи ихтисосҳои мавҷуда бо китобҳои электронӣ, маркази технологияҳои муосири таълим бо тахтаҳои электронӣ ва утоқи тарҷумаи ҳамзамон, татбиқи шаклҳои нави таълими инноватсионӣ ва ғайра.

Сониян, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ ва кураторӣ бо роҳи таҳияи маводи таълимии мушаххас, фаъол намудани корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ, пурзӯркунии мубориза бо ҳодисаҳои номатлуб ва ғ.

Сеюм, тавсеаи самтҳо ва мавзӯъҳои тадқиқоти илмӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати мукаммалсозии захираи китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ, фаъолсозии парки технологӣ – Лингвапарк ва ғ.

Чорум, тавсеаи робитаҳои хориҷии Донишкада, таҳия ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои байналмилалӣ ба мақсади омодагӣ ба воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ ва амсоли он.

Панҷум, идомаи таъмиру тармими бинои таълимӣ ва хобгоҳ, ободонии Донишкада, харидории мизу курсии донишҷӯӣ, таҷҳизоти таълимӣ ва ғ.

Донишкада итминон дорад, ки бо иҷро намудани вазифаҳои дар боло зикршуда ва амалӣ сохтани Фармони Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи нави давлатӣ, ки дар асоси он таҳия шудааст, ҳамчунин барномаҳои дигари муҳим аз ҷониби Донишкада ҳадафҳо дар тарбияи мутахассисони баландихтисос ба даст меоянд. Аз ин рӯ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар соли ҷашни 35-солагии таъсисёбии хеш ва минбаъд кӯшиш мекунад, ки барои татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи забон вазифаҳои боз ҳам бузургтареро бо роҳи тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои соҳаҳои гуногуни маориф, фарҳанг ва иқтисоди кишвар ба иҷро расонад ва барои дастёб гаштан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи рушди Донишкада муайян гардидаанд, дастаҷамъона талош варзад.

Аз он рӯзе, ки нахустин донишҷӯён ба осонаи собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус ба номи А.С. Пушкин - ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қадам ниҳоданд, имсол 35 сол пур мешавад. Албатта, ин барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ чандон муддати тӯлонӣ нест, вале агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, бараъло мушоҳида мекунем, ки дар ин солҳо донишҷӯён ва аҳли устодону омӯзгорони Донишкада тавонистаанд барои мардуми Тоҷикистон ва берун аз он хидматҳои шоистаеро ба ҷо оваранд.

Ин муассисаи таълимӣ бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ аз 29 маи соли 1979 ба ҳайси Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ташкил шуда буд. Бори аввал соли 1980 ба Донишкада донишҷӯён қабул гардиданд. Нахустин ректори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Додихудоев Р. Х. (аз соли 1980 то соли 1984) таъин шуда буд. Дар пешрафти Донишкада ҳамчун ректорони ин муассисаи таълимӣ доктори илми фалсафа, профессор Приписнов В.И. (аз соли 1984 то соли 1990) ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Таранасова Г.Н. (солҳои 1990 – 1991) низ хизматҳои шоёне ба ҷо оварданд. Дар ибтидо Донишкада барои ба амал баровардани сиёсати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мақсади тарбия намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус ташкил шуда буд ва ин вазифаҳоро то андозае ба иҷро расонид. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият бошад, дар назди муассиса вазифаҳои нав гузошта шуданд ва аз ин рӯ бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1992 Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 бошад, ба Донишкада номи Сотим Улуғзода дода шуд.

Тағйир ёфтани мақоми Донишкада фақат маънии тағйир додани номи онро вобаста ба талаботи замон надошт ва фаъолияти минбаъдаи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин нуктаро ба хубӣ собит месозад. Ибтидо аз ин давра дар Донишкада таълими забонҳои гуногуни олам ба роҳ монда шуд ва ҳоло дар ин боргоҳи забоншиносӣ 10 забони мардуми гуногуни олам омӯхта мешавад, ки ин худ гувоҳ бар татбиқи он суханони Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта: «Бисёрзабонӣ ба бунёди ҷомеаи нави пешрафта мусоидат мекунад».

Категория: Мактабхои Оливу Миёнаи ЧТ | Просмотров: 487 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar