(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Август » 13 » Донишкадаи Омузгории Точикистон дар шахри Панчакент
10:50
Донишкадаи Омузгории Точикистон дар шахри Панчакент

rector


"Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аввалин ва ягона муассисаи таълимии ғайридавлатии омўзгорӣ дар ҷумҳурӣ буда, фаъолияти худро тибқи барномава нақшаҳои таълимии тахассуси стандартҳои давлатӣ, ки ба омода намудани мутахассони касбӣҷавобгӯ ба талаботи давру замон мебошад ба роҳ мондааст.

Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шўъбаи Маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Русия таъсис ёфта ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон фаъолият намуда аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд. Вобаста ба талаботи айём соли 2001 дар донишкада факултети омўзгорӣ ташкил карда шуд. Соли 2007 вобаста бо таъсиси ихтисосҳои нави омўзгорӣ, таълимгоҳ номи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро гирифт.

Таъсис ёфтани донишкада дар ҳаёти маънавӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии водии Зарафшон ва вилояти Суғд рўйдоди фараҳбахш ва дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги Панҷакенти бостонӣ як саҳифаи навро боз намудааст.

Имрўз дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 2500 нафар донишҷўен таҳсил менамояд, кӣ аз онҳо 1700 нафарашон ба шакли ғоибонаитаҳсил фарогир мебошанд. Ба онҳо 146 нафар устодони соҳибкасбу бомаҳорат сабақ меомўзонанд, ки дар ҳайати онҳо 4 нафар доктори илм, ва 24 нафар номзадҳои илм мебошанд Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад.

Донишкадаи мазкурро зиёда аз 10000 нафар ҷавонон хатм намуданд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ фаъолият карда истодаанд.

Ҳақ ба ҷониби сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сиёсати бунедкоронаву созанда ва хирадмандонаву пешбарандаи хеш соҳаи илм ва маорифро дар мақоми аввал гузоштааст. Зеро мамлакате, ки соҳаи маорифаш вусъатёфта аст, бешак боиси афзалиятнокии дигар соҳаҳо мегардад. Дарс шакли асосии кори таълим аст."

                                                                                                                                       Ректори ДОТП: профессор, Ансоров М.Қ

Таҳсилоти фосилавӣ

Маълумот оиди таҳсилоти фосилавии ДОТ дар шаҳри Панҷакент

Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буда мансуб меёбад. Таҳсилоти фосилавӣ дар асоси принсипи омӯзиши мустаќилонаи донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосир кор мебарад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави таҳсилоти ғоибона низ ба ҳисоб меравад. Донишҷӯ дар хона истода ба воситаи шабакаи саросарии интернет дарсҳоро аз устод гирифта, аз худ намуда, вазифаи иҷрокардаашро ба устодаш мефиристад. Ҳамин тавр донишҷӯ дар ваќти муносиб, дар макони муносиб бо суръати бароҳат машғули донишандӯзӣ мегардад. Мӯҳлати таҳсил бошад дар шӯъбаи фосилавӣ 5-сол мебошад.

Маркази таҳсилоти фосилавии сомонаи омӯзишии moodle.dotpanj.tj бо назардошти саҳифаҳои мушаххаси дорои саҳифаҳои таълимиғметодӣ ва воситаҳои идоракунии фаъолияти донишҷӯёнро дорад. Донишҷӯ аз ҳар як гӯшаи ҷаҳон тавассути интернет метавонад фарогири таҳсил бошад ва кори хешро идома диҳад.

Фосилави

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд. Системаи таҳсилоти фосилавии ДОТ дар шаҳри Панҷакент дар шабакаи глобалии Интернет фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.

Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат тоза ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад.

Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

Web-сайти зерин бо корбаст аз дастовардҳои технологияи муосир сохта шуда, таъминоти бехатарӣ ва шахсӣ будани маълумот кафолат дода мешавад.

Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.
 

Маркази фарҳангии Амрико

Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент 28 октябри соли 2012 бо дастгирии ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ансоров Муаззам Кудратзода ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт (Susan M. Elliott) кушода шуд.

ibrohimovaҲамоҳангсози марказ - Иброҳимова Нилуфар.

Маркази фарҳангии амрикоӣ - ҳамкорӣ байни Раёсати корҳо бо ҷомеаи сафорати ИМА ва ДОТ дар шаҳри Панҷакент мебошад. Маркази мазкур ба иттилооти ҷорӣ ва салоҳиятдор дар бораи Амрико тавассути маҷмӯаҳои китоб, шабакаи Интернет, инчунин бо воситаи барномаҳо барои ҷомеае, ки берун аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд таъмин менамояд.

Маркази мазкур дорои китобхона, китобҳо ва филмҳо бо забони англисӣ дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Инҷо маводҳои иттилоотӣ аз Раёсати иттилоот, барномаҳои байналмилалии Департаменти давлатии ИМА, китобҳои бадеӣ, нашрияҳо корӣ ва ҳукуматӣ, ва дигар маводҳо барои омӯзиши забони англисиро дорост. Дар маркази фарҳангии амрико инчунин шабакаи интернет барои иттилоот дастрас мебошад ва ин марказ бо маҳсулоти аудио, видео ва дигар дискҳо таъмин аст.

Дар маркази фарҳангии Амрико курсҳои забони англисӣ дар сатҳи гуногун, хондани шеъру асарҳои нависандагони амрикоӣ, хондани сурудҳои англисӣ, вохурӣ бо воситаи Skype, бозиҳои таълимӣ барои аз худ намудани калимаҳои нав, муҳокимаҳо, муошират бо англисзабонҳо, конфронсҳо ва бисёр дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ баргузор мегарданд. Дар ин марказ инчунин идҳои Амрико ва Тоҷикистон қайд гарда мешавад. Ҳар ид мо кӯшиш мекунем, ки бештар дар бораи фарҳанги ҳар як миллат нақл кунем ва нишон диҳем. Тамоми фаъолият бо забони англисӣ мебошад ва ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён ва хонандагон истеъдоди эҷодӣ ва дониши забони англисии худро нишон диҳанд.

Ҳар сол дар Маркази фарҳангии Амрико дар бораи барномаҳои гуногуни грантӣ ва мубодилавӣ барои хонандагони мактаб, донишҷӯён ва омӯзгорон эълон карда мешавад. Барои дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ройгон таҳсил кардан ин имконияти хуб мебошад.

Инчунин озмунҳои дигар, ба монанди озмуни солонаи мусиқии "Суруди Шоҳроҳи Абрешим» ва мусобиқаҳои рақс эълон карда мешавад. Дар охирон озмуни мусиқӣ, ки моҳи апрели соли 2014 бо иштироки хонандагон ва донишҷӯён баргузор шуд, хонандаи мактаби миёнаи №15  Пӯлотов Ҷамил ғолиб гардид ва инчунин пас, дар хотимаи озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ғолиби озмуни рақс донишҷӯи ДОТ дар шаҳри Панҷакент Бегмуродов Фаррух дониста шуд.

Моҳи сентябри соли 2014 ба Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент Закари Уокер Браун (Zachary Walker Braun) бо барномаи Fullbright омад. Браун дар Панҷакент аз сентябри соли 2014 то моҳи июни соли 2015 фаъолияти кории худро идома дод. Ин имконияти хуб барои донишҷӯён ва дигар меҳмонони Маркази фарҳангии Амрико буд, ки дониши забони англисии худ ва тарзи дурусти суханвариро  ташаккул диҳанд.

Закари Браун саҳми босазое барои рушди Маркази фарҳангии Амрико гузошт. Ӯ ба хонандагон ва дошинҷӯёни зиёд забони англисиро омӯзонид ва инчунин дар ҳаёти эҷодии марказ фаъолона иштирок кард. Браун донишҷӯён ва хонандагонро ба саҳнаи «Ромео ва Ҷулетта» омода намуд, ки толибилмон чи аз лиҳози равонии забон ва чи дар иҷрои нақшҳо маҳорати хосае нишон доданд. Намоиши саҳна бо забони англисӣ  14-уми феврали соли 2015 дар театри «Геологҳо» барпо шуд.

Имсол ба Маркази фарҳангии Амрико Карисса Лендес (Carissa Landes)  инчунин бо тавассути барномаи Fulbright ташриф меоварад.

Феврали соли 2015 Ҳабибова Фарзона бо тавассути Сафоратхонаи ИМА дар барномаи «Open World» оид ба мавзӯи «Идоракунии масъулӣ: Зиёд кардани имконияти ҷавонон» иштирок намуд ва имконияти ба Вашингтон (округи Колумбия) ва Албукерке, (илоёти Ню-Мексико) сафар карданро ба даст овард.

Маркази фарҳангии Амрико дар шаҳри Панҷакент бо PeacePal, Кӯпрук ба Тоҷикистон (Bridges to Tajikistan), ва донишгоҳҳои зиёди дигар дар ИМА лоиҳаҳои муштарак ба монанди «Penpal» ва «Big brothers, big sisters" дорад. Маркази мазкур низ бо дигар Гӯшаҳои амрикоии Тоҷикистон, кӯдакистонҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Панҷакент низ ҳамкорӣ мекунад.
 

Номгўи ихтисосҳо

1-02.03.01- «Забон ва адабиёти тоҷик»
1-21.05.02-08- «Забони англисӣ- немисӣ  (тарҷумон)»
1-21.05.02.08 - “Забони хориҷӣ (англисӣ-арабӣ) 
1-21.05.02-08 -  “Забони англисӣ – франсузӣ”
1-02-03-06-01 –“Забони англисӣ”
1-02.03-02-03-«Забон ва адабиёти рус »
1-21.06.01.02- «Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумони забони хитоӣ»
1-21.06.01.02 – «Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумони забони японӣ)»
1-01.02.02 - «Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (Таҳсилоти ибтидоӣ ихтисоси иловагӣ)»
1-01.02.02-03 - «Таҳсилоти ибтидоӣ, санъатимусиқӣ»
1-02.01.02 - «Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)»
1-21.03.01-02 - «Таърих ва бостоншиносӣ»
1-02.05.03-02 - «Математика-информатика»
1-31.04.01-03 - «Физика - информатика»
1-02.05.04-04 - «Физика – эҷодиёти касбӣ»
1-02-06-01-03 - “Технология (хизматрасонӣ)”
1-03.02.01 - «Тарбияи ҷисмонӣ »
1-03.02.02 - «Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ »
1-02.04.04-01 - «Биология - химия»
1-02.04.05-01 - «География – биология»
1-26.02.02-06 - «Менеҷменти иҷтимоӣ (маориф)»
1-26.02.02.10 - «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ»
1-89.01.01 - «Сайёҳат ва меҳмондорӣ»
1-25.01.08-18 - «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф»
1-2602-03-09 - “Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ”
1-74-02-06 - “Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (вобаста ба самтҳо)”
1-03.04.02-02 - «Педагогикаи иҷтимоӣ ва равоншиносии амалӣ»
1-01.01.01-01 «Таҳсилоти томактабӣ»

 

Менеҷмент дар соҳаи маориф
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
ташкили умур ва кормандони маориф; менеҷмент дар соҳаи маориф; бо пул таъминкунии маориф; баҳисобгирии муҳосибӣ; математика дар иқтисодиёт; информатика; иқтисодиёти ҷаҳон; системаи андоз дар соҳаи маориф; макроиқтисодиёт; асосҳои соҳибкорӣ; иқтисодиёти миллӣ; банақшагирӣ ва андозбандии маориф; асосҳои таҳлили иқтисодиёт; проблемаҳои танзими иқтисодӣ; сиёсати даромад ва маош дар маориф; иқтисодиёти маориф; омор.

Хизматрасонии иҷтимоӣ-маданӣ ва туризм
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
системаи информатсионӣ ва технология; ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ; табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон; иқтисодиёт ва иншоотҳои иқтисодии саёҳат; географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон; топографияи саёҳат; методикаи саёҳат; забони хориҷӣ; ташкили саёҳат дар минтақаҳои кӯҳӣ; асосҳои саёҳат ва кишваршиносӣ; менеҷменти меҳмонхонавӣ; проблемаҳои тараққиёти саёҳат дар Тоҷикистон; омори туризм; иқтисодиёти саёҳат.

Баҳисобгирии муҳосибӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
информатика; эконометрика; математика; назарияи иқтисодӣ; микроиқтисодиёт; макроиқтисодиёт; омор; назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ; сиёсати даромад ва музди кор; молияи корхона; иқтисодиёти маориф; буҷети давлатӣ ва таркиби он; молия, муомилоти пул ва қарз; стандарти байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳиссаи молия ва аудит; аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ; баҳисобгирии муҳосибӣ; андоз ва андозбандӣ; баҳисобгирии идоравӣ.

Менеҷменти туризми байналмилалӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
системаи информатсионӣ ва технология; ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ; табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон; иқтисодиёт ва иншоотҳои иқтисодии саёҳат; географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон; топографияи саёҳат; методикаи саёҳат; забони хориҷӣ; ташкили саёҳат дар минтақаҳои кӯҳӣ; асосҳои саёҳат ва кишваршиносӣ; менеҷменти меҳмонхонавӣ; проблемаҳои тараққиёти саёҳат дар Тоҷикистон; омори туризм; иқтисодиёти саёҳат.

Математика—информатика
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
педагогика; психология; методикаи таълими технологияи информатсионӣ; методикаи таълими математика; шабакаҳои компютерӣ, интернет ва технологияи он; таҳлили математикӣ; алгебра ва назарияи ададҳо; геометрия; системаи информатсионӣ; математикаи элементарӣ; мантиқи математикӣ; барномасозӣ; моделиронии компютерӣ; назарияи информатика; практикуми ҳалли масъалаҳо аз информатика; шабакаҳои интернетӣ; асосҳои назарияи информатика.

Физика—информатика
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
анализи математикӣ ва геометрия; методикаи таълими физика; педагогика; психология; методикаи таълими технологияи информатисионӣ; асосҳои технологияи муосир дар раванди таълим; физикаи умумӣ; физикаи таҷрибавӣ; астрофизика; физикаи назариявӣ; электрорадиотехника; системаҳои информатсионӣ; асосҳои назарияи информатика; барномасозии базаи маълумотҳо; моделиронии компютерӣ; архитектураи компютерӣ; графикаи компютерӣ;

Физика ва эҷодиёти техникӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
информатика; химияи умумӣ; таҳлили математикӣ; алгебра; геометрия; усулҳои ададӣ; методикаи таълими физика; педагогика; психология; практикуми ҳалли масъалаҳои физика; математикаи элементарӣ; физикаи умумӣ; электротехника; физикаи таҷрибавӣ; радиотехника ва асосҳои электротехникаи саноатӣ; физикаи назариявӣ; элементҳои автоматика; асосҳои технология ва асбобсозӣ; моделиронии компютерӣ.

Забони тоҷикӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
таърихи халқи тоҷик;
фалсафа; педагогика; психология; методикаи таълими забони тоҷикӣ; методикаи таълими адабиёти тоҷик; муқаддимаи забоншиносӣ ва забоншиносии умумӣ; таърихи забони тоҷикӣ; матни классикӣ; шевашиносӣ;
маданияти сухан; назарияи луғатшиносӣ; лаҳҷашиносии таърихӣ; практикуми забони тоҷикӣ; тафсири шеър;
нақди адабӣ; сабкшиносӣ.

Забони англисӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
фалсафа; мантиқ; информатика; забоншиносии умумӣ; экология; фарҳангшиносӣ; этикаи касбӣ; педагогика; психология; методикаи таълими забони англисӣ; муқаддимаи забоншиносӣ; забони лотинӣ; амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ; фонетикаи амалӣ; грамматикаи амалӣ; фонетикаи назариявӣ; назарияи грамматика; адабиёти Британияи Кабир; назария ва амалияи тарҷума.

Забони русӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
таърихи халқи тоҷик; фалсафа; педагогика; психология; методикаи таълими забони русӣ; методикаи таълими адабиёти рус; муқаддимаи забоншиносӣ; забоншиносии умумӣ; таърихи забони русӣ; муқаддимаи адабиётшиносӣ; таърихи адабиёти рус; адабиёти давлатҳои хориҷӣ; назарияи адабиёти рус; лаҳҷашиносӣ; адабиёти даҳонии халқ; типологияи қиёсӣ; эҷодиёти даҳонии халқ.

Забони чинӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
психологияи касбӣ; амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ; грамматикаи муқоисавӣ; грамматикаи амалӣ; кишваршиносӣ; луғатшиносӣ; сарчашмашиносӣ; педагогика; матни классикӣ; таърихи Чин; адабиёти кишвари Чин; этикаи касбӣ; нақди адабӣ; тарҷумаи матнҳои илмӣ-техникӣ; тарҷумаи матнҳои расмӣ-коргузорӣ; таҷрибаи таълимӣ; тарҷумаи синхронӣ; каломи зинда, шевашиносӣ.

Таърих
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
педагогика; психология; фалсафа; методикаи таълими таърих; воситаҳои муосири баҳодиҳии таълим; таърихи маданияти ҷаҳон (фарҳангшиносӣ); таърихи дунёи қадим; таърихи асрҳои миёна; таърихи халқи тоҷик; таърихнигорӣ; таърихи нав ва навтарини давлатҳои ҷаҳон; таърихи тоҷикони ҷаҳон; манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик; этнография; антропология; диншиносӣ; архившиносӣ; археология.

Таърих ва бостоншиносӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
Педагогика; Психология; Хати ниёгон; Таърихи маданияти ҷаҳон (фарҳангшиносӣ); Таърихи халқи тоҷик; Таърих ва ҳафриёти бостоншиносӣ; Ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон; Назария ва методҳои ҳафриёти бостоншиносӣ; Методҳои коркарди бозёфтҳои бостоншиносӣ; Таърихи тоҷикони ҷаҳон; Манбаъшиносӣ; Кишваршиносӣ; Музейшиносӣ; Антропология; Этнография; Архившиносӣ; Асосҳои бостоншиносӣ;

Таърих ва ҳуқуқ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
Педагогика; Психология; Методикаи таълими таърих; Методикаи таълими ҳуқуқ; Воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаҳои таълим; Таърихи маданияти ҷаҳон (фарҳангшиносӣ); Таърихнигорӣ; Назарияи давлат ва ҳуқуқ; Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ; Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҳуқуқи меҳнат; Ҳуқуқи шаҳрвандӣ; Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; Ҳуқуқи байналхалқӣ; Ҳуқуқи ҷиноятӣ; Архившиносӣ.

Тарбияи ҷисмонӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
анатомия; физиология; биомеханика; биохимия; тибби варзишӣ; тарбияи ҷисмонии табобатӣ ва маҳс; беҳдошт; ченаки варзиш; варзиши сабук; худмуҳофизат; шиноварӣ; бозиҳои серҳаракат; атлетизм; акмологияи тарбияи ҷисмонӣ; намудҳои варзиши миллӣ.

География - демография
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
педагогика; психология; методикаи таълими география; географияи табии материкҳо ва уқёнусҳо; географияи табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон; демографияи аҳолии ҷаҳон; этногеография; экодемография; 
омори демографӣ; географияи хок; кишваршиносӣ; биогеография; демографияи таърихӣ; геология.

Биология - химия
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
ботаника; зоология; физиологияи одам ва ҳайвон; анатомия; ситология; физиологияи растаниҳо; микробиология; назарияи эволютсия; генетика; биометрия; биофизика; экологияи молекулавӣ; химияи органикӣ; химияи ғайриорганикӣ; экологияи умумӣ; биологияи молекулавӣ.

Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ
Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён предметҳои зеринро омӯхта, донишу заковати худро ғанӣ мегардонанд:
анатомия; физиология; биохимия; биомеханика; тарбияи ҷисмонии табобатӣ ва маҳс; беҳдошт; тайёрии тактикӣ; тайёрии техникӣ; тайёрии оташфишонӣ; топографияи ҳарбӣ; кори тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ; тайёрии омодагии дифои ҳарбӣ; шиноварӣ.
 

Аксҳо

АксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳо
АксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳо     
АксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳо
АксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳоАксҳо
АксҳоАксҳо
























 
Категория: Мактабхои Оливу Миёнаи ЧТ | Просмотров: 924 | Добавил: Admin | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
avatar