(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » Файлы » ОЁ МЕДОНЕД ?

Ба танӯри вулқон афтида монед, чӣ мешавад?
17.01.2018, 00:58

Ба танӯри вулқон афтида монед, чӣ мешавад?

Муаллиф: ИЛЁСОВ ЗУХАЛИДДИН

Ба танӯри вулқон афтида монед, чӣ мешавад?

   Иқтибоси мазкур аз китоби Коди Кессиди ва Пола Доэрти “Ва инак, шумо мурдед” оварда шудааст. Воқеан, ба даҳанаи вулқон партофтани дӯшизае, бофтаи филмнигорони Ҳолливуд асту халос. Халқиятҳое, ки дар қурбоникунии одамон муттаҳамашон мекунанд, аввалан, барои ин кор вулқонҳои муносиб надоштанд ва дуввум, агар ҳатто фарз ҳам кунем, ки чунин таҷрибаҳоро мегузаронданд, ин бениҳоят номувофиқ буд. Вале, биёед фарз кунем, ки дар хусуси шумо онҳо истисно карданд. Инак, шумо ба вулқон бояд партофта шавед. Албатта, саволи нахустини шумо ин аст: Ман меғӯтида бошам ё шино карда метавонам? Албатта, ин на он қадар муҳим аст, вале ба вазъияти шумо то андозае рабт дорад. Зеро Шумо бешубҳа зинда намемонед, вале фаҳмидани рафти нобудшавиатонро тағйир медиҳад.

   Гудозаи вулқон ҷинси кӯҳии моеъгардида буда, аз ин лиҳоз вобаста ба он ки дар таркибаш кадом моддаҳо мавҷуданд, аз об дида зичтар мебошад. Зичиаш то он дараҷа бузург аст, ки агар бо дарёи гудоза рӯ ба рӯ шудед, онро убур кардан гумон аст, албатта, агар аз ҳарорати ҷӯшонаш наҳаросед. Яъне, шумо метавонед дар он гудохта шино кунед, ба ҳар ҳол ифтитоҳан. Вале ин аз эҳтимол дур аст. Чун ғӯта задан ба моеъ ё обе аз болои баландие  хубтар суръат мегирад. Аммо, агар шумо аз танӯраи вулқони калон ҳавола дода шавед, шумо афтида ба гудозакӯл мечаспед. Тафси гудоза ба масъалаи дуввумдараҷа табдил меёбад. Шояд шумо пурсед, ки оқибаташ чӣ мешуда бошад? Яқин, зинда намемонед.

Аз ин лиҳоз, умед бандед, ки вулқонатон на он қадар баланд аст. Ин шуморо наҷот надиҳад ҳам, андаке фурсат мебахшад.

  Ҳарорати гудоза аз 1300  то 2020 градус боло меравад ва чунон тафсон аст, ки бадани шумо намепазад ва намесӯед. Азбаски бадани одам, асосан аз об таркиб ёфтааст, мисли об бухор мешавед. Ҳамин ки оби дар таркиби баданатонбуда ба газ мубаддал гашт, шумо худ ба як абри ҳубобдор табдил меёбед. Бадани баҷӯшомадаи шумо аз тафсу доғи гудоза фаввора мезанад. Ва билохира шумо дар гудоза намеғӯтед, рӯ-рӯйи он бухор шуда, нобуд мешавед.

Категория: ОЁ МЕДОНЕД ? | Добавил: Admin
Просмотров: 24 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar