Главная » Файлы » ОЁ МЕДОНЕД ?

Чаро шакли зоҳирии моҳ тағйир меёбад?
17.01.2018, 00:50

Чаро шакли зоҳирии моҳ тағйир меёбад?

Муаллиф: ИЛЁСОВ ЗУХАЛИДДИН

Чаро шакли зоҳирии моҳ тағйир меёбад?

   Агар тули як моҳба Моҳ нигарем, намуди зохириаш дигаргун мешавад. Вобаста ба даври гардишаш баъзе вақт мо онро пурра, нисф ва чорякашро дар осмон мушоҳида менамоем. Ингуна дигаргуншавии намуди берунии Моҳро фазаҳо меноманд. Пеш аз оне, ки саволи дар боло гузоштаамонро ҷавоб нависем, каме дар бораи худи Моҳ маълумот менависем.

   Сайёраи Замин як радифи табиӣ дорад. Аввалин маротиба олими итолиёвӣ Галилео Галилей ба воситаи телескопи сохтаи хеш ҳамсафари Заминро мушоҳида карда, нисбат ба манзара ва минтақаҳои аҷиби он бетараф буда натавонист. Баъд, аз ҳамон давра сар карда харитаи тарафи дидашавандаи Моҳро тартиб доданд ва ба омӯхтани радифи табиии Замин машғул шудаанд. Имрӯзҳо аз ҳисоби таҷҳизотҳои баландсифати техникаи муосир, сатҳи Моҳ ба хуби омӯхта шуда, дар он асосан кӯҳҳо, шумораи зиёди танӯраҳо, майдончаҳо, сирку баҳр, уқёнусу кӯлҳои беоб ва дигар манзараҳои аҷиб ба назар мерасанд.

  Моҳ атмосфера надорад, ки таъсири афканишоти нурҳои Офтобро кам карда, сатҳашро аз нурҳои кайҳонӣ муҳофизат намояд. Дар он ҳаво, об, фаслҳои сол, абру туман мавҷуд нест. Ҳарорати баландтарини Моҳ рӯзона +120 0С ва ҳарорати пастраринаш дар тарафи бараксаш, ки шаб аст ба -160 0С баробар аст. Аз сабаби надоштани атмосфера, аз сатҳи Моҳ ситораҳои равшан ва сайёраҳо ҳатто рӯзона дида мешаванд. Мо Моҳро дар Замин на танҳо дар шаб, балки рӯзона, низ дида метавонем. Вақти гардиши он дар гирди меҳвараш ба вақти даврзаниаш дар атрофи Замин баробар аст, бинобар ин доимо яктарафа ба Замин нигаронида шудааст. Даври гардиши Моҳ дар атрофи Замин ба 27,5 шабонарӯз баробар буда, массааш (7,35·1022 кг) аз массаи Замин 81- маротиба хурд аст. Масофаи миён аз Замин то Моҳ ба 384395 км (ин адад нисбат ба масофа то ҷирмҳои дигар хело хурд аст) баробар буда, аз ин ҳисоб калон ва дурухшонтар метобад. Ќувваи ҷозибаи он аз қувваи ҷозибаи сатҳи Замин 6 маротиба хурд буда, синни он ба 4 млрд. сол баробар аст. Аз ҳисоби он, ки сатҳи Моҳ рӯзона гарм ва шабона хеле сард аст, барои пешгирии саломатии тадқиқотчиёне, ки дар сатҳи Моҳ мешинанд, чораҳои махсус дида мешавад. Онҳо аз либосҳои махсус (скафандр), захираи ҳаво барои нафаскашӣ, радиостансия барои бо ҳамдигар алоқа доштан ва аз киштии кайҳонӣ барои аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат намудан, истифода менамоянд.

Расми 2. Фазаҳои дидашавандаи Моҳ

 Чигунае, ки аз расм дида мешавад, хатҳои рости ба суи Замин ва Моҳ ишорашуда ин равшании нури Офтоб аст, ки ба сатҳашон меафтад. Ҳангоми ҳаракати худ ва ҷойгир шудани Моҳ дар ҳолати 1 аз Замин нонамоён аст ва моҳи нав ном дошта дар ҳолатҳои 2 ва 8 он ҳамчун карчи тарбуз дида мешавад, ки чоряки аввал ва охир номгузори шудааст. Дар ҳолатҳои 3 ва 7 нисфи Моҳ дида шуда дар ҳолати 5-ум пурра (бадр) аст. Барои чӣ фазаҳои он таѓйир меёбанд ва Моҳ хурду калон мешавад? Албатта инро низ мефаҳмонем!

  Хурду калон тофтани Моҳ, ин бо гузашти вақт тағйир ёфтани фазаҳои он мебошад. Сабаби асосии пайдошавии фазаҳояш нисбат ба якдигар ҷойивазкунии Офтоб, Замин ва Моҳ аст. Ҳангоми мушоҳида асосан чор фазаҳои аз ҳамдигар фарқкунанда ва пай дар пай ивазшавандаи Моҳро дидан мумкин аст:

      -моҳи нав (ҳилол)

      -чоряки аввал

      -моҳи пурра (бадр)

      -чоряки охир

   Фазаҳои Замин ва Моҳ ба ҳамдигар муқобиланд. Агар Моҳ мавқеъи мобайнии Замину Офтобро гирифта ба Офтоб нигарон шавад, дар ин ҳолат тарафи торикии он ба сӯи Замин нигаронида шуда, аз Замин дида намешавад ва онро моҳи нав (ҳилол) меноманд. Қисми равшани он бо гузашти вақт тағйир ёфта ба фазаи нав соҳиб мешавад, ки онро чоряки аввал мегуянд (он ба карчи харбуза монандӣ дорад) ва ба назари мо Моҳ бузург шудан мегирад. Дар ин ҳолат нисфи сатҳаш рӯшан ва нисфи дигараш торик менамояд.

   Моҳи пурра дар осмон тамоми шаб дар он ҳолат пурра намудор мешавад, агар он нисбат ба Офтоб мавқеъи муқобилро гирад. Дар ин ҳолат мо аз Замин истода кураи пурра равшаншударо дар ҳамон мавриде мебинем, ки агар Офтоб, Замин ва Моҳ дар як хати рост хобанд. Ин фазаро моҳи пурра меноманд. Дар ин ҳолат пас аз ғуруби Офтоб, Моҳ аз паси уфуқ намудор мешавад ва саҳаргоҳон баробари дамидани субҳ ва намудор шудани Офтоб, он ба паси уфуқ пинҳон мешавад. Пас аз 7 рўзи пуррашавӣ, тарафи ғарбии Моҳ торик шудан мегирад ва он шакли нимдоираи равшанро мегирад ва ин ҳолатро, фазаи чоряки охир ном мебаранд. Минбаъд равшании сатҳи намоёнаш кам шуда, он боз шакли камони борикро мегирад. Аз тарафи шарқ субҳи содиқ то баромади Офтоб намудор мешавад ва бо гузашти 2-3 рӯз, тамоман нопадид шуда, боз моҳи нав пас аз 7 рӯз пайдо мешавад. Хулоса, тағйирёбии фазаҳои Моҳ ба мавқеи он нисбат ба Замин ва Офтоб вобаста буда, бо гузашти вақт он ба худ шаклҳои хурду калонро мегирад.

Категория: ОЁ МЕДОНЕД ? | Добавил: Admin
Просмотров: 81 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar