Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем
[ · Скачать удаленно () ]17.01.2018, 22:10
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо «Шоҳнома-и худ мардуми тоҷик ва форсизабонро на танҳо бо таъриху тамаддуни қадимиашон ошно мекунад, балки бо панду андарзҳои ҳакимонааш онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд. Дар тӯли қарнҳо ин панду андарзҳо дар тарбияи ҳазорон одамони касбу кори гуногун саҳми бузург гузоштаанд. Андешаҳои ахлоқии Фирдавсӣ имрӯз ҳам барои ҳар як фарди ҷомеаи мо заруранд, зеро ҳоло ҳам мавзӯъҳои сулҳу осоиш, дӯстиву рафоқат, хираду хирадмандӣ, некиву накӯкорӣ, худогоҳиву ватандӯстӣ, адлу ростӣ, кӯшишу кор ва амсоли инҳо, ки шоири бузург бо эҳсоси баланду далелҳои фаровон баён кардааст, аз масъалаҳои маънавияти ҷомеаи Тоҷикистон ва умуман ҷаҳони муосир ба шумор мераванд. Умед дорем, ки ин асари арзишманд барои бештар ошно шудани хонандагони тоҷик бо андешаҳои ахлоқии Абулқосим Фирдавсӣ мусоидат хоҳад кард ва аз тарафи хонандагони нуктасанҷ бо самимият ва дилгармӣ пазируфта мешавад.
Категория: КИТОБХОИ БАДЕИ | Добавил: Admin
Просмотров: 53 | Загрузок: 24 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar