Главная » Файлы » Кори курсӣ

КОРИ КУРСИ:Дар мавзўи «Таҳаввули назарияи идоракунӣ»
16.01.2018, 22:23

Сарсухан

         Масъалаҳои идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ дар замони бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷорӣ гаштани иқтисодиёти бозор яке аз муаммоҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ мебошад. Идоракунӣ мавҷудияти ташкилоти маъмуриро дар назар дорад. Ташкилоти маъмурӣ низоми муносибатҳои расмиест, ки тавассути дастурамал, қоидаю қонун, амрнома, меъёрҳои техникӣ, мундариҷаи вазифаҳои расмӣ ва ҷадвали мансаб муайян мегардад.

Новуходоносори II, аз рўи фаъолияти одамон дар истеҳсолот, ба воситаи музди кор ҳавасмандкунии кормандон, истифодаи усулҳои идоракунӣ тадбиқи назорати давлатиро амалӣ намудааст.

Сукрот ва Ксенофонт принсипҳои умумитарини идоракуниро эҷод кардаанд ва онҳоро чун намуди санъати хоса истифода бурдаанд.

Мусо принсипи яккасардорӣ, қоидаҳои зарурӣ ва муносибатҳои байни инсониро эҷод кардааст. Афлотун принсипи махсусгардонии истеҳсолотро кашф намудаст. Искандари Мақдунӣ нахустин бор барои ҳалли масъалаҳои низомӣ ситодро истифода бурдааст. Император Диоклетиан принсипи интиқолкуниро дар амалиёти худ истифода бурдааст.

Усули нави хоҷагидорӣ, ки дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи иқтисодиёти бозорӣ ташаккул меёбад, ба мутахассисоне, ки соҳиби донишу малакаи мукаммали менеҷменти муосир мебошанд, беандоза ниёзманд аст. Хусусан, маҳз муассисаҳои савдо бештар ниёзманди чунин мутахассисонанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони ин муассисаҳо бояд дар мўҳлати кўтоҳ усули нави идоракунии фаъолияти тиҷоратии муассисаҳои гуногунмоликияти рақобатпазир, самараовар ва матонату устувори бозорӣ доштаро омўзанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд.

Масъалаи мазкур барои муассисаҳои савдо хеле муҳим аст, чунки дар шароити бозорӣ вазъи фаъолияти онҳо комилан таѓйир меёбад.

Муассисаҳои тиҷоратӣ дар шароити муносибати бозорӣ соҳиби алоқаҳои озоди молию пулӣ мегарданд, аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил шуда, масъулияти фаъолияти хоҷагидориашон пурра ба ўҳдаи онҳо гузошта мешавад. Дар ин шароит менеҷерҳо бояд тафаккури идоракунии худро оид ба фаъолияти сохтори менеҷменти ташкилот мувофиқ намоянд ва барои самаранокии ташкилот мусоидат кунанд.

Дар шароити муносибати бозорӣ аҳамияти тадқиқоти маркетингӣ меафзояд, чунки он барои донистани набзи бозор, ниёзмандӣ ба мол ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Бозёфтҳои илмӣ-техникӣ яке аз воситаҳои нави идоракунӣ мешавад, зеро он барои фароҳам овардани шароити хуб, барои меҳнати самаранок хизмат мекунад. Дар шароити бозорӣ масъалаи идоракунии ҳайати кормандон баѓоят муҳим мегардад. Ин ба он вобаста аст, ки маҳз кормандон дар ин давра ба захираву имкониятҳои пуриқтидори ҳалли мушкилоти рўзмарра соҳиб мешаванд. Ба даст даровардани натиҷаҳои дилхоҳ фақат бо ёрии кормандон мумкин аст. Менеҷменти истеҳсолот идоракунии бонизом ва самаранокро ба ўҳда дорад, дар шароити таѓйирёбанда ў роҳҳои нав ба нави идоракуниро интихоб мекунад. Менеҷменти корхонаи савдо, ки дар шароити бозорӣ амал мекунад, аз кормандони бахшҳои идоракунанда лаёқат, маҳорат, дониши баланди касбӣ ва ўҳдабароиро талаб менамояд.

Менеҷерони муосир бояд шахсоне бошанд, ки асосҳои илми идоракуниро ба таври аъло донанд, дорои малакаю қобилияти хуби пешгўӣ дошта бошанд. Онҳо инчунин навоварӣ, маркетинг, идоракунии ҳайати коргаронро донанд, ба ҷараёни савдо, нозукиҳои хариду фурўш пурра сарфаҳм раванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

1.Ташаккул ва рушди назарияи идоракунӣ

 

Идоракунӣ бо баробари ба вуҷуд омадани ҷомеа пайдо шудааст ва унсурҳои он дар тўли таърихи ҳазорсолаҳои тамаддун ба миён омадаанд.

Инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ панҷ давраро дар бар мегирад:

Давраи якум - тавлиди идоракунӣ ба (5000 сол пеш аз мелод рост меояд), бо пайдоиши алифбои Шумери бостонӣ ва пайдоиши табақаи  “Фидоиёни тоҷир” алоқамандӣ дорад. Дар ин давра дину оин ва фаъолияти тиҷоратӣ ба миён омадааст, тасаввурот дар бораи мақом ва мавқеи идоракунии ташкилот, мазмуни фаъолияти идоракунӣ ва усулҳои татбиқи он борҳо таѓиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронидааст.

Дар он ҷое, ки ҳатто ду одам барои дарёфти ҳадафҳои муштарак бо ҳам муттҳид мешудаанд, зарурати фаъолияти якҷояи онҳо ба амал меомад, ва ба яке лозим меомад, ки вазифаи сарвари идоракуниро ба дўши худ гирад ва дигаре итоаткунандаи ў бошад.

Дар давраи якум, мисриёни қадим зарурияти ба нақшагирӣ, ташкил ва назоратро дарк карда, дар густариши идоракунӣ истифодаи принсипи аксулмарказониро таклиф намудаанд.

Давраи дуюм  - пайдоиши асосҳои ҳуқуқии фаъолияти идоракунӣ, ки ба соли 1760 то мелод мувофиқ меояд. Дар ин давра Подшоҳ ҳамураппӣ девони қонунҳои идоракунии давлатро барои ба низом даровардани кулли муносибати гурўҳҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ эҷод намудааст, ки дар асоси онҳо корҳои идоракунии давлатдорӣ танзим мешуданд. Подшоҳ, барои назорати фаъолият, муқаррар кардани музди кори фикрӣ, ба шахси дигар ҳавола накардани масъулият истифодаи шоҳидон ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои хаттиро пешниҳод кардаст.

Давраи сеюм - пайдоиши принсипҳо ва услуҳои идоракунӣ ба соли 1600 рост меояд. Дар ин давра, яҳудиён якумин бор дар ҷараёни идоракунӣ принсипи занҷирбандиро истифода бурдаанд.

Дертар дар Аврупо олими итолиёи Никколо Макиавелли принсипи риёзиёти оммавиро эҷод намудааст ва дар фаъолияти ташкилот мақоми мақсаднокро асоснок кардааст. Олими англис Томас Мор оқибати бади идоракунии ташкилотро аз тарафи роҳбарони ноўҳдабаро бо воситаи истифодаи усули таҳлил муайян намудааст.

Соли 1651 файласуфи англис Томас Гоббс дар китоби худ “Левиафан” омили асосии ба ҳокимият соҳиб шудани одамонро нишон додааст. Пас аз сад сол ин масъаларо Эго ҳамватани ҷеймс Стюарт (1767) муфассалтар ҳал намудааст. Дар ҳамон замон Иеремия Бентам дар китоби “Муқаддима ба принсипҳои анъанавӣ ва қонунгузорӣ” мақсади асосии рафтори одамонро дар нафъоварӣ дидааст.

Давраи чаҳорум – пайдоиши капитализм, ки ба охи рва аввали асрҳои XVII-XVIII рост меояд. Дар ин давра капитализм чун форматсияи иҷтимоӣ-сиёсӣ пайдо гаштааст ва саноатикунонии тамаддуни Аврупо ба миён омадааст, ки нави инқилоби саноатии охири асри XVIII ва оѓози асри Х1Х низ меноманд. Дар ин марҳила натанҳо истифодаи усулҳои тачрибавӣ (эмпирикӣ), балки васеъ ҷорӣ намудани озмоишҳои илмӣ барои муайян  кардани меъёрҳои музди меҳнат, суръати имконпазирии кори таҷҳизотҳо, ҳисоб кардани истеҳсоли самаранокии маҳсулот ва ташкили истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра олими англис Ричард Аркрайт дар фаъолияти худ принсипи зинагии ташкили меҳнатро истифода бурдааст ва дар асоси нақшагирии ҷойгиркунии таҷҳизотҳо, тақсимоти меҳнат, ҳамоҳангсозии фаъолияти коргарон ба мошинаҳо, ҷорӣ намудани интизоми меҳнат, ба ў муяссар гардидааст, ки ў ба туфайли ин пайдарҳамии ҷараёни технологии корхонаро таъмин намудааст. Ин чорабинӣ ба вай имкон додааст, ки хароҷотҳоро сарфа намояд, дар мубориза бо рақибон ба пирўзӣ соҳиб гардад ва бо ҳамин роҳ ба идоракунии саноатӣ (индустриалӣ) асос гузорад ва дар заминаи он “кодекси” интизоми меҳнатии системаи фабрикавиро ҷорӣ намояд.

Адам Смит дар асари худ “Тадқиқот оиди табиат ва боигарии халқҳо” (с. 1776) принсипи “одами иқтисодӣ”-ро эҷод намудааст, ки он назорат ва ҳисобкунии музди меҳнатро талаб менамуд. Джеймс Милл дар оѓози асри Х1Х доир ба муаммои ҳавасмандкунии кормандон тадқиқот гузаронидааст.

Роберт Оуэн дар солҳои 1800-1828 таҷрибаи иҷтимоию иқтисодӣ гузаронидааст, ки моҳияти он аз тасаввуроти коргарон оиди манзили обод, беҳдошти шароитҳои меҳнат, истироҳат ва ташкили маѓозаҳо, барои фурўши молҳои ниёзи аввали мардум бо нархҳои дастрас иборат буд.

Чарлз Бэббидж олими англис дар асоси омўхтани маълумотҳои оморӣ усулҳои омўхтани сарфаи вақти корӣ, таҳлили қиёси фаъолияти корхонаҳои яксамта, муайян намудани роҳҳои афзункунии самаранокии кор ва татбиқи системаи ҳавасмандкунии музди кориро амалӣ гардонидааст.

Маршал ва Логман муҳим будани менеҷменти илмиро дар соли 1835 дарк намудаанд. ҷозеф Вартон дар соли 1881 бори аввал барои коллеҷҳо аз фанни менеҷменти соҳибкорӣ китоби дарсӣ эҷод намудааст, ки сабаби асосии тавлиди менеҷменти касбӣ буд.

 Давраи панҷум  - пайдоиши менеҷменти бюрократӣ ба охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ рост меояд. Дар ин давра зинаҳои печ дар печи идоракунӣ ба миён омад, ки амалиёти менеҷменти корхонаҳоро ба фаслҳо ҷудо намуд, меъёр ва андозаи меҳнати менеҷеронро муайян намуд.

Охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ нахустин маҷмўаи илми менеҷмент эҷод шуд, ки он дар заминаи таҷрибаҳои бисёрасра ва инкишофи саноат ташаккул ёфтааст. Саноат ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ аз гурўҳи меҳнатӣ иборат буда ба истеҳсоли молҳои бозорхар ва фурўши он шуѓлдошт. Талаботи бозор ба фаъолияти истеҳсолот таъсир кард ва дар натиҷаи он ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба миён омаданд. ҳамин тавр, корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ пайдо гаштанд.

Муассисаҳои бузурги истеҳсолӣ барои ба роҳ мондани ҷараёни меҳнати самаранок ва бо ҳамдигар зич фаъолият бурдани қисмҳои алоҳидаи истеҳсолот эҳтиёҷ доштанд. ҳалли ин вазифа меъёр ва андозаи меҳнати менеҷеронро муайян кард.

К.Маркс дар замони худ усулҳои истеҳсолоти капиталистиро таҳлил намуда, нишон додааст, ки бо баробари зиёдшавии арзиши моликият, мураккабшавии сохтори идоракунӣ ва сатҳи техникии он моликиятдорони воситаҳои истеҳсолот, қисми ваколатҳои худро доир ба идоракунӣ ба ҳайати хизматчиёни кирояи баландихтисос (менеҷерон) месупориданд. Менеҷерон ҳамчун тахассусмандони соҳаи ташкил ва ифодакунии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар аввал иҷрокунанда буда, баъдан дар корхона аз иҷрокунандагони ихтиёрӣ ба моликиятдорон табдил меёфтанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳо доир ба тахассусмандӣ ва соҳиби касб намудани кормандон, фаъолияти идоракунӣ ба вазифаи мустақил ҷудо мешавад. Оиди ин раванд пешвоёни назарияи ҷамъиятшиносӣ фикрҳои худро баён карда буданд. Макс Вебер1  кўшиш намудааст, ки ин мулоҳизаҳоро ба инкишофи ҷамъияти капиталистӣ мувофиқ намояд.

Дар солҳои охир зарурат дар ҷудо намудани илми логистика – идоракунии ҳаматарафаи ҷараёни гардиши молҳо ва иттилооти тиҷоратӣ доир ба таъминкунии истеҳсолот ва фурўши молҳои истеъмолӣ пайдо гашт.

Дар Аврупо идоракунии зинагӣ ба амал омад, ки вай аз се дараҷа (болоӣ,  миёна ва поёнии идоракунӣ) иборат буд. Дар навбати аввал зинаҳои болоӣ ва поёнӣ ташаккул ёфтанд, баъдан дар асоси афзудани ҳаҷми фаъолият, мураккабшавии раванди идоракунии корхона ва муносибати оқилона дошта нисбат ба корҳои роҳбарӣ, зинаи миёна ба амал омад.

Идоракунандагони зинаҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ вазифаҳои муҳимтарини идоракунӣ: банақшагирӣ, ташкили фаъолият, роҳбарӣ, ҳавасмандкунӣ ва назоратро иҷро мекунанд.

Истеьсоли мольои ниёзи мардум, ки меафзуд, ба афзоиши муассисаьои хурду миёнаи истеьсолц мусоидат мекард.

Ин муассисаьои хурд барои таъмини талаботи доираьои маьдуди мардум фаъолият мекарданд.

Соҳибкорони навбаромад ба душвориҳои зиёде вохўрданд, ки дар натижаи он аз рақобату талоши бозор сар шуда, то ба талоши менеҷментҳои муассисаҳои калони истеҳсолӣ анҷом меёфт.

Ин соҳибкорон мўҳтоҷи системаи нави идоракунӣ набуданд, балки ба таҳқиқи муҳиту таѓироти вазъият шуѓл доштанд. Ба менеҷмент вазъияти нав талаботҳои навро пеш гузошт. ҳатто муассисаҳои калон чун корпоратсияҳои байналхалқӣ ба равияҳои нави идоракунӣ мўҳтоҷ шуданд, чунки рақобати онҳо дар давраи баъдиҷангӣ хеле тезу тунд ва шиддатнок гардид.

Онҳо ба чунин усулҳои роҳбарӣ эҳтиёҷ пайдо карданд, ки ҳам қарорҳои пешбинӣ кардаашон натиҷаи самаранок диҳаду ҳам яклухтии сохториашон ба таѓироте дучор нагардад.

Ин эҳтиёҷотро усули миқдорӣ ва тарзии идоракунии системавӣ ҳаддалимкон қонеъ мекард.

Таҳлили миқдорӣ имконият медод, ки бо роҳи моделсозӣ ва корбасти усули миқдорӣ дар вазъиятҳои душвору мураккаб роҳбарон чораи мувофиқ андешида тавонанд.

Инчунин бо моделсозии математикӣ анвои фаъолияти истеҳсолиро омўхта, масъалаҳои душвори идоракуниро ҳал кардан имконпазир мегашт ва истифодаи самараноки захираҳо, тақсимоти онҳо ва дигар масъалаҳо ҳалли худро меёфт.

Таҳлили сохтории истеҳсолот бошад имконият  медод, ки муассиса ва фаъолияти он чун воҳиди яклухт зери назорат бошаду он натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Албатта, мантиқан, натиҷаи чунин тадқиқот истифодаи усулеро тақозо дошт, ки он ба омўзиши вазъият нигаронида шуда бошад.

Маънии ин тарзи таҳқиқ омўзиши ягон вазъияти мушаххас ва донистани омилҳоест, ки дар он марҳала рух медиҳад. Идоракунӣ дар ин ҳолат бо роҳи омўхтани шароитҳои аз ҳама муҳим, робитаҳою таъсири онҳо ба ҷараёни истеҳсолот сурат гирифта метавонад.

Бешубҳа, илми менеҷмент бо кашфиётҳои нав ба нав ѓанӣ мегардад. Аз солҳои 80-ўм сар карда санъати идоракунӣ пайдо мешавад, солҳои 90-ум бошад масъалаи муҳими менеҷмент-таҳқиқи роҳҳои ба даст овардани пешоҳангӣ (лидерство) ба шумор меравад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

2. Ташкили идоракунии давлати Сомониён

Ташкили идоракунии дастгоҳи давлати Сомониён ба фаъолияти вазирҳои бозаковати Насри II Сомонӣ, Абўабдуллоҳ Муҳаммади Вайҳонӣ (с. 914-918) ва Абулфазл Мухаммад Ибни Убайдуллоҳи Балъамӣ (с.918-938) тааллуқ дорад. Сарвари давлати Сомониён Амир буд. Дастгоҳи марказии давлатӣ аз даргоҳҳо (департаменти подшоҳӣ) ва девонҳо (раёсати низоми-шаҳрвандӣ) иборат буд. Сарварии сиёсиро дар дарбор соҳибони (амирони) ваколатдори подшоҳ, ки фармонҳои эшонро иҷро мекарданд, баҷо меоварданд. Дар итоати соҳибон теъдоди зиёди иҷрокунандагон (чўбдорон) мавҷуд буданд. Дар дарбор инчунин ҳайати коркунони хизматрасон (маъмурҳо, дастурхончиҳо, аспбонҳо ва дигар хизматгорон) мавҷуд буданд.

Дар ташкили девонҳои марказии (раёсатҳо) Сомониён таҷрибаи идоракунии Сосониёнро истифода бурда, онҳоро хеле содда карда буданд. ҳамагӣ даҳ девон амал мекард:

  1. Девони вазир ё хоҷаи бузург, ки ба он кулли девонҳои боқимонда итоат мекарданд.
  2. Девони Амир-ул-мулк – кулли муносибатҳои сафирӣ (дипломатӣ) ва ҳуҷҷатҳои муҳими давлатиро қосидӣ мекард.
  3. Девони Соҳибушрат-горд ва лашкари подшоҳро сарварӣ мекард, инчунин қосиди шуѓли умури дохилӣ буд.
  4. Девони Соҳиббарид – алоқа, почтаро қосидӣ мекард, бар фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути хизматчиёни хеш дар маҳалҳо назорати махфӣ мебурд.
  5. Девони Мухтасаб – бозорҳоро қосидӣ мекард – бо тафтиши тарозуҳо ва асбобҳои ченкунӣ шуѓл дошт, дуруст муқаррар шудани нархи молҳо, рафтору одоби одамон, зиёрати масчид, истифодаи машрубот)-ро тафтиш мекард.
  6. Девони Мушриф (назораткунанда) – ташаккули буҷа ва махсусан қисми истифодашавии онро қосидӣ мекард.
  7. Девони Муставфӣ – фаъолияти молиявиро қосидӣ мекард.
  8. Девони қозия (судяҳо).
  9. Девони аз-зиё – моликияти давлатиро қосидӣ мекард.
  10. Девони вақф – моликияти идораи диниро қосидӣ мекард

Муассисаҳои вилоятӣ, нохиявии девонҳо бо раёсатҳои маҳаллӣ алоқаи зич дошт. Ба онҳо бидуни девони барид, девонҳои марказии хеш ва ҳокимияти маҳаллӣ итоат мекарданд. Вилоятҳо ва ноҳияҳоро ҳокимон идора мекарданд, онҳоро одатан тибқи анъана кадхудо меномиданд. ҳокимонро тибқи пешниҳоди Амирони Сомонӣ аз зумраи феодалҳо, сарлашкарон таъин мекарданд. Бештар ин вазифаҳо (мансабҳо) аз мерос мегузаштанд. Шаҳрҳо аз ҷониби раисҳо, шахсони мансабдори хоса идора карда мешуд. ҳокимони онҳоро бештар аз ҷумлаи шаҳриёрони машҳур ва диндорон таъин мекарданд. Дар сохтори ташкили идоракунии давлат диндорон мавқеъи калонро мебозиданд. Сарвари диндоронро Шайхулислом меномиданд, дар маҳалҳо бошад идораи масчидҳоро хатибҳо сарварӣ мекарданд.1

Баъзе масъалаьои идоракунц дар асарьои мутафаккирони форсу тожик инъикос гардидаанд.

Аб=насри Форобц соли 1100 таыозои ба идоракунанда пешкашшавандаро ташаккул дод, Муьаммад Щаззолц ин системаро пурра карда, инкишоф дод.

Аб=абдуллоьи Р=дакц, Аб=али Ибни Сино, Абулыосими Фирдавсц, Саъдии Шерозц, доир ба пешвоц ва санъати идоракунц андешаьои худро дар асарьояшон ифода намудаанд.

Аб=абдуллоьи Р=дакц навиштааст:

Дониш андар дил чарощи равшан аст

В-аз ьама бад бар тани ту жавшан аст.

Ьеж ганже нест аз фарьанг беь,

То тавонц р=й бар ин ганж неь.

 

Абулыосими Фирдавсц навиштааст:

Жаьон Сар ба Сар ьикмату ибрат аст,

Чаро баьраи мо ьама щафлат аст.

 

Фалсафаи «Шоьнома»-и Абулыосими Фирдавсц масъалаьои:

  1. Худоро парастиш кардан
  2. Маргро ьама ваыт дар ёд доштан
  3. Некц кардан
  4. Ьеж касро озор надодан-ро тарщиб намудааст.

 

Аб=али Ибни Сино фармудааст:

  Ьаыиртарин ва к=чактарин мардум ба сиёсати хуб ва тадбиру нек= тафаккури зиёд ва тааддибу тааддил ва бо роьи рост даровардану аз роьи нодуруст боздоштан ва минжумла, ба ьамаи он, ки шаьриёр эьтиёж дорад, м=ьтожу ниёзманд аст.

 

Абдураьмони Жомц навиштааст:

Шунав панду дониш ба он ёр кун,

Чу донистц, он гаь бад-он кор кун.

Тавоз=ъ кун онро, ки донишвар аст.

Ба дониш зи ту, ыадри = бартар аст.

 

Саъдии Шерозц навиштааст:

Ьар ки машьур гашт ба беодобц,

Дигар аз вай умеди хайр модар

Ба к=шиш нар=яд гул аз шохи бед,

На зангц ба гармоба гардад сафед

 

  Ьамин тавр, классискони форсу тожик доир ба идоракунц дар замони худ аыидаьояшонро байн намудаанд, ки имр=зьо роьбарони давлат ва дигар сохторьо дар фаъолияти худ метавонанд ба оньо такя кунанд.

 

 

 

 

 

 

3.Мактабҳои идоракунӣ ва таълимотҳои онҳо

Таълимоти идоракунии илмӣ дар асоси ақидаҳои намояндагони мактабҳои классикӣ оиди идоракунӣ ташаккул ёфтааст.

Мактаби классикии идоракунӣ - асосгузори ин мактаб Фредерик Уинслоу Тейлор (солҳои 1856-1915) мебошад. Тейлор дар назди худ ҳалли вазифаи афзункунии хосилнокии меҳнатро гузошта буд. Таълимоти ў аз омўхтани механикунонии ҷараёни истеҳсолот, ташкили илмии фаъолияти меҳнатии худ ва коргарони дигар иборат буданд. Дар ибтидо барои Тейлор омўхтани вазифаҳои самаранокии меҳнат, ки барои ташаккули раванди кор нигаронида шудааст, муҳим буд. Ниҳоят, ў ба хулоса омад, ки ба воситаи усули кўҳнашудаи ташкили меҳнат баланд бардоштани некўаҳволии соҳибкорон ѓайри имкон аст, чунки бисёрии онҳо табиатан ба кор кардан шуѓл надоштанд. Ин сабаби асосии паст будани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат буд. Барои ислоҳ намудани ин ҳолат Тейлор ақидаҳои зеринро эжод намудааст:

  • васеъ кардани доираи истифодаи ҳавасмандкунии коргарон;
  • барои таъмин намудани самаранокии меҳнат жорц намудани усули ьавамандкунии моддц коргарон аз рўи натиҷаи иҷрои кор;
  • таклиф намудани системаи музди меҳнати пешқадам, дар асоси принсипи музд ба коргар бар ивази кори самаранок;
  • муқарраркунии нархномаи кор дар асоси дониши аниқ;
  • аз тарафи соҳибкорон гузашт намудани гуноҳи коргарон.

Намояндагони дигари мактаби идоракунии классикӣ Фрэнк, Лилиан Гилбертҳо ва Г.Гант буданд. Онҳо асбоби махсуси ба наворгирии синаморо ихтироъ кардаанд ва бо ёрии онҳо ҳаракатҳои кории коргаронро бевосита омўхта, дар асоси маълумоти стоп-кадрҳо амалиёти меҳнатии каммаҳсули кормандонро ихтисор карданд. Аз рўи натиҷаи ин амалиёт бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, дар таҷҳизотҳои корхона таѓиротҳо дароварданд.

Мактаби илми идоракунц - яке аз ташкилкунандагони ин мактаб Дуглас МакГрегор ба шумор меравад, ки ў назарияи вазифагузориро эҷод кардааст. Ақидаи Дуглас мукобили ақидаҳои бихевиористӣ (такя ба одам) буд. Нисбати идоракунии коргарон ў ду намуди ақидаҳои вазифагузориро пешкаш намудааст. Ақидаи “Х” ва ақидаи “У”. Ақидаи “Х” дар асоси далелҳои зерин ташаккул ёфтааст:

  • гурўҳи коргарони дониши касбии муқаррарӣ дошта мехоҳанд, ки ба роҳбарон вазифа гузоранд ва онҳоро идора кунанд. Онҳо мекўшанд, ки аз кор ва ҷавобгарӣ дар канор бошанд;
  • гурўҳи коргарон бо роҳи маҷбурӣ, дар асоси фармон, назораткунӣ ва таҳдиди ҷазо вазифаҳои гузошта шударо иҷро кунанд, то ки ташкилот дар асоси мақсади гузошташуда амал намояд.

Барои ақидаи “У” Дуглас далелҳои зеринро овардааст:

  • барои одам ифодаи кўшишҳои ҷисмонӣ ва эҳсосот дар ҷараёни кор ва дар вақти бозӣ табиист. Одам корро вобаста ба шароити меҳнат чун манбаи қаноатмандии моддӣ ва ё чун ҷазо қабул карда метавонад. Барои ба мақсади ташкилот расидан назорат ва ҷазо додан ба одам усулҳои ягона нестанд. Одамон метавонанд манфиати ташкилотро бо воситаи усулҳои худшавқмандкунӣ ва масъулиятнокӣ аз рўи натиҷаи меҳнат, муқаррар намудани мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳимоя намоянд.
  • нисбати ҳадафҳои ташкилот ҳисси масъулиятнокӣ доштани одамон аз музди меҳнат ё ки мукофоти муқаррар кардшуда вобаста аст. Барои одам қонеъ гардонидани талабот ва қадр кардани меҳнати бунёдкоронаи ў аз ҳама мукофоти олитарин мебошад.
  • одами ба тарзи муайян тарбия ёфта, дониши муқаррарии касбӣ дошта тайёр аст ва мекўшад, то ки масъулиятро ба дўши худ гирад. Захираи зехнии коргарон дар ташкилотҳо ба қадри имкон истифода бурда намешаванд.

Мактаби идоракунии муносибатьои одамон – таъсисдиҳандаи ин мактаб Анри Файол олими Фаронса (солҳои 1841-1925)  мебошад, ки = бори аввал, мазмуни фаъолияти идоракунии ташкилотро эҷод кардааст. Маркази таваҷҷўҳи Файол фаъолияти идоракунӣ буд. Ў мекўшид, ки қоидаҳои оқилонаи ташкили фаъолияти корхонаро ёбад. Файол фаъолияти идоракунии ташкилотро омўхт ва ба фаъолияти он хос будани шаш вазифаҳои зеринро муайян намуд:

  • вазифаи техникӣ (истеҳсолот);
  • вазифаи тиҷоратӣ (харид, фурўш, мубодила);
  • вазифаи молиявӣ (ҷустуҷў ва истифодаи сармоя);
  • вазифаи  бехатарӣ (ҳифзи моликияти одамон);
  • вазифаи экауитингӣ (фаъолият оид ба таҳлил, ҳисобу китоб, омор);
  • идоракунӣ (банақшагирӣ, функсияи ташкилӣ, амрдиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат).

Хизмати асосии Файол дар омўхтани фаъолияти ташкилот вобаста аз андозаи дараҷаи зинагиаш иборат аз он буд, ки идоракуниро чун яке аз шаклҳои хосаи фаъолият муайян карда, иҷрои функсияҳои банақшагирӣ, ташкилӣ, амрдиҳӣ, ҳамоҳангӣ ва назоратро ҳатмӣ шуморидааст.

Файол инчунин чордаҳ принсипҳои идоракуниро кор карда баромадааст. Пайравони Файол Г.Эмерсон – муҳандис – механики амрикоӣ, 12 принсипи ҳосилнокии меҳнатро муайян кардааст ва Генри Форд, ба ҳамин раванд як қатор принсипҳои худро оиди идоракунӣ илова намудааст.

Макс Вебер (солҳои 1864-1920) ҳуқуқшинос ва сотсиологи олмонӣ, асосгузори назарияи идоракунии бюрократии ташкилот буда, дар инкишофи системаи идоракунӣ саҳми бузург гузоштааст. Веберро давомдиҳандаи ақидаҳои Тейлор ҳисобидан мумкин аст. Чунки, агар Тейлор барои посух ёфтан ба саволи чӣ бояд кард, ки коргар чун машина кор кунад, кўшиш ба харҷ дода бошад, пас Вебер ба саволи чӣ бояд кард, ки ҳайати ташкилот чун машина кор кунад, посух ҷустааст ва ҷавоби ин саволро дар тайёр кардани қоидаҳо ва оинҳои рафтор дар ҳар ҳолати дилхоҳ, ҳуқуқ ва ўҳдадории ҳар як коргари алоҳида дидааст.

Питер Друккер, олими Австриягӣ менеҷментро чун фаъолияти касбӣ ва менеҷерро  чун касб эътироф кардааст. Мувофиқи ақидаи ин идоракунӣ бояд аз коркарди ҳадафҳо оѓоз гашта, сипас ба ташаккули вазифаҳо гузарад ва системаи идоракунии ташкилотро дигаргун гардонад.

ҳамин тавр, ҷонибдорони мактаби идоракунии муносибатҳои одамӣ, ақидаҳои “технократӣ”, “одами иқтисодӣ” тейлоризм ва фордизм, ки ба ҳавасмандкунии моддӣ ва муносибати казармавӣ асос меёфт, ба ақидаи нави “одами иҷтимоӣ” иваз намуданд. Файол ташкилотро чун системаи худмаҳдуд баррасӣ кардааст ва имкониятҳои дохилии самаранокии онро дар такмили системаи идоракунӣ ва ҷорӣ намудани меҳнати якҷоя дидааст.

Мактаби идоракунии ахлоқӣ  - асосгузори он Элтон Мэйо (1885-1949) буд. Ақидаи асосии ин мактаб вазифагузории мушаххаси кормандонро дарбар мегирифт. Мэйо тарафдори он буд, ки менеҷерҳо бояд ба коргарон бовар кунанд ва барои фароҳам овардани муносибатҳои хуби тарафайн  дар гурўҳи меҳнатӣ таваҷҷўҳи асосӣ зоҳир кунанд. Ин ақидаҳо аз низомҳои мактаби идоракунии тейлоризм, ки фаъолияти одамонро ба ҳаракати машина вобаста карда буд, фарқ дошт. Ақидаи мактаби муносибатҳои инсонӣ аз муайян намудани вазифаҳо, амалиёти менеҷерҳо (супориш додан ва аз рўи вай амал кардан), иҷрои вазифа аз тарафи коргарон иборат буда, дар ташкилот вуҷуд доштани системаи иҷтимоиро инъикос мекард.

Валтер Дилл Скот устоди донишгоҳи ш.Чикаго (солҳои 1869-1955) чунин ақидаро иброз карда буд, ки менеҷерон бояд ба коргарон на танҳо аз ҷабҳаи манфиатҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати манфиатҳои иҷтимоӣ низ эътибор диҳанд (ширкат варзидан дар корҳои ҷамъиятӣ ва риоя намудани анъанаҳои ба гурўҳҳои меҳнатии ташкилот хос буда).

Мэри Паркер Фоллет (солҳои 1868-1933) чунин ақидаро пешкаш намуда буд, ки мувофиқи он менеҷер бояд барои бомуваффақият идоракунии коргарон аз амалкуниҳои қалбакӣ даст кашад. Роҳбар бояд ҳама вақт пешсаф, хушмуомила ва чобук бошад, писанди коргарон гардад, ба ҳуқуқи мансабии худ такя намояд, дар асоси фаъолияти коргарон ба натиҷаҳои ба мақсад мувофиқ соҳиб гардад. Менеҷер бояд вазифаи идоракунии худро на тибқи вазифаи пешакӣ муқарраршудаи нақшагӣ, балки мувофиқи талаботи вазъияти иҷро кунад.

Абрахам Маслоу (солҳои 1908-1970) дар соҳаи идоракунӣ, коркард ва инкишофи ақидаи бихевиористи (такя ба қобилияти одам) саҳми калон гузоштааст. Ў нахустин бор назарияи ҳавасмандкунии коргаронро эҷод намудааст. Тибқи таълимоти Маслоу ба одамон талаботҳои мураккаби зинагӣ хос аст ва идоракунӣ дар асоси қонеъ гардонидани талаботҳои коргарон амалӣ мегардад.

Друкер ба ақидаҳои мактаби идоракунии муносибатҳои одамӣ бо назари танқидӣ муносибат карда, онҳоро “золимони психологӣ” номида буд. Вазифаи асосии менеҷментро Друкер дар пурмаҳсулгардонии мехнати коргарон, фароҳам овардани шароит барои ташкил кардани “хушҳолӣ барои коргарон”, (заминаи ҳурмату эҳтиром дар муоширату муносибат дар раванди кор) ба даст овардани ҳадафҳои ташкилот медид. Ақидаи асосии таълимоти Друкер истифодаи менеҷерҳои касбиро тақозо менамуд. Тибқи афкори Друкер зубдагони (элитаи) идоракунанда дар инкишофи бизнеси муосир дар шароити иқтисодиёти бозор мақоми пешбарандагӣ доштанд.

Таҳаввули (эволютсияи) илми идоракунӣ дар ҷадвали 1 инъикос ёфтааст.

 

ҷадвали 1.

Таҳаввули (эволютсияи) илми идоракунӣ дар асри ХХ

 

Тамоилҳои асосии кашфиёти илмӣ (махфилҳо ва равияҳо)

1885

Солҳо

1920

1930

1940

1950

1960

1970

1980

1990

2000

Мактаби классики идоракунӣ

Ххх

хх

 

 

 

 

 

 

 

 

 Мактаби илми идоракунӣ

 

хх

хх

хх

хх

 

 

 

 

 

Маҳфили муносибатҳои одамон ва илми ахлоқ

 

 

ххх

ххх

хх

хххх

хх

хххх

хх

 

Муносибати миқдории менеҷмент

 

 

 

 

хх

ххх

ххх

хххх

ххх

 

Таҳлил аз рўи вазъият ва намудҳои дигари он

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ххх

 

Дар ҷадвали 1 бо хатҳои рост марҳалаҳои серкашфиёти ҳашт маҳфили илмӣ ва равияҳои гуногун акс ёфтааст. ҳар яки он дар менеҷменти муосир нақши хосае гузошта, дар заминаи бозёфтҳои пешин пайдо гаштааст. (ниг ба ҷадвали 2)

 

ҷадвали 2

 

Саҳми назариявии маҳфилҳои гуногун дар инкишофи менеҷменти муосир

 

Равияиҳои илмӣ ва консепсияҳои нав

Ѓояҳое, ки дар менечменти муосир қабул шудааст

1. МЕНЕҷМЕНТИ ИЛМӣ ВА МАҳФИЛИ МАЪМУРИИ КЛАССИКӣ

Принсипҳои илмӣ

Навоварӣ ва мақоми он дар иҷрои кор

Тақсимоти меҳнат дар идоракунӣ

Муносибати илмӣ ба менеҷмент ва принсипҳои идоракунӣ

Таҳлили роҳҳои иҷрои вазифа бо мақсади такмил додани ҷараёни идоракунӣ

Музди кор чун омили муҳими ҳавасмандкунии кормандон

МУНОСИБАТИ МИқДОРИИ МЕНЕҷМЕНТ

Истифодаи равияи таҳлили миқдорӣ, равияи таҳлил аз рўи моделҳо ва истифодаи техникаи ҳисоббарор

Барои қабули қарор истифода бурдани равияи миқдорӣ

Истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва техникаи ҳисоббарор дар менеҷмент

РАВИЯҳОИ СИСТЕМАВӣ ВА ТАҳЛИЛ АЗ НАЗАРИ ВАЗЪИЯТ

ҳамбастагӣ ва ба ҳамдигар тобеъ будани ҳамаи ҷузъҳои муассиса

Муайян кардани таѓиротҳои муҳит

Таҳлили муассиса чун воҳиди яклухт, ки аз ҷузъҳо таркиб ёфтааст

Таъсири муҳит ва алоқамандии он ба ҷараёни идоракунӣ

Бо назардошти вазъият ва тамоми омилҳои он ба роҳ мондани идоракунӣ ва қабули амру фармонҳои зарурӣ

 

Чӣ тавре ки аз ҷадвали 2 бармеояд, солҳои 50-ўм тадқиқотҳои соҳаи менеҷмент аз рўи панҷ равия сурат мегирифт: равияи классикӣ, муносибати байни одамон, рўҳшиносӣ, равияи миқдорӣ ва муносибат ба муассиса чун воҳиди яклухт.

Ин навъи таькими гуногунжанба ба талаботи давраи баъдижангц жавобг= буд. Зеро маҳз дар ин марҳала бо таъсири инқилоби илмию техникӣ, сохторҳои тиҷоратию соҳибкорӣ рў ба такомул оварданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

4. Таълимоҳои муосири менеҷмент

Ба ҷумлаи таълимоти замонавии синтетикии идоракунӣ назарияҳои ҳолатҳо (ситуатсионӣ), системавӣ, Z”, “Х” ва назарияи “У”-ро дохил кардан мумкин аст.

Моҳияти назарияи ситуатсионӣ иборат аз он аст, ки амалҳои якхелаи идоракунӣ дар ҳолатҳои гуногун натиҷахои аз ҳамдигар фарқкунанда меоранд. Аз ин лиҳоз, менеҷерон бояд амалҳои банақшагирӣ, ташкили фаъолияти коргарон, назорати онҳо ва амрдиҳиро вобаста ба ҳолатҳо иҷро намоянд.

Барои ташкил намудани ҷараёни идоракунии самаранок менеҷер бояд чаҳор амалиёти заруриро гузаронад.

- ҳолатро бояд таҳлил кунад ва ба ташкилот барои муҳокима пешкаш намояд ва аз муҳокима гузаронад;

- барои фаъолияти пурсамари ташкилот усули идоракунии мувофиқро аз рўи вазъият истифода барад;

- барои ташкилот имконияти истифодаи услуби нави роҳбарикуниро тибқи вазъияти нав таъмин намояд.

- ба таври фаврӣ ба раванди идоракунӣ таѓироти заруриро вобаста ба вазъияти нав дохил кунад.

Томас Питерс ва Роберт Уотермен муаллифони китоби “Маҳорати идоракунии самаранок”, Ричард Паскал ва Энтони Атос – муаллифони китоби “Маҳорати идоракунии ҷопонӣ: васоит барои идоракунандагони амрикоӣ” назарияи “7С”-ро эҷод намудаанд, ки бо забони англисӣ таркиби ҳамаи онҳо бо ҳарфи “С” сар мешавад. Тадқиқотҳои мутахассисони мазкур ба чунин натиҷа овард, ки ташкили фаъолияти самарабахши корхона ба туфайли истифодаи ҷамъи ин 7 нишондиҳандаҳои бо ҳам алоқаманд амалӣ мегардад. Таѓироти ҳар яки ин нишондиҳандаҳо ба таѓироти боқимондаи онҳо асос мешаванд.

Назарияи “7-С” нишондиҳандаҳои зеринро дарбар мегирад:

  • стратегия (нақшаҳо) ва равандҳои амалиёт доир ба муайян кардани захираҳо ва тақсимоти онҳо;
  • ўҳдадориҳо оид ба тадбиқи амалҳои муайян доир ба мақсади ташкилот расидан;
  • сохтори ташкилот, воҳидҳои дохилӣ, дараҷаҳои (болоӣ, миёна, поёнӣ) идоркуни ваколатҳои ба онҳо хос буда;
  • системаи оинҳо ва равандҳои фаъолияти ташкилот;
  • мансабҷадвал маълумотҳо оид ба синну сол, ҷинс, касб ва сабақаи кории ҳайати коркунони ташкилот;
  • услуб – воситаи таъсиррасони (роҳбарон дар асоси онхо ва маданияти ташкилотчигии худ корхонаро идора мекунанд);
  • арзишҳои тақсимшаванда – моҳият ва мазмуни самтҳои асосии натиҷаи фаъолияти ташкилот, ки аз онҳо аъзоён баҳраманд мешаванд (фоида мегиранд).

Мувофиқи ин ақида менеҷерҳо фақат дар ҳолати нигоҳ доштани ҳамоҳангии ин системаи аз ҳафт нишондиҳандаи мазкур иборат буда метавонанд фаъолияти ташкилотро ба дараҷаи самаранокӣ расонанд.

Уилям Оучи – профессори амрикоӣ соли 1981 дар натиҷаи омўхтани таҷрибаи идоракунии ҷопонӣ назарияи “Z” -ро эҷод намуд. Ин назария идоракуниро бештар ба муносибати ҳолатӣ вобаста менамояд.

Нуқтаи бунёдии ақидаи Оучи аз он иборат аст, ки ў асоси ташкилотро аз мавқеи одам ва фаъолияти муваффақиятноки он мебинад. Оучи мавқеи асосӣ ва қоидаи идоракунии одамонро ташаккул до два ба онҳо такя намуда асоси идоракунии самараноки ташкилотро исбот намуд. Афкори назарияи “Z” дар намуди фишурда чунин ҷамъбаст шудааст:

  • ба кор қабул намудани кадрҳои кироя ба муддати дароз;
  • ба таври коллегиалӣ, бо маслиҳат қабул намудани қарорҳо;
  • ба эътибор гирифтани масъулияти инфиродӣ;
  • баҳодиҳии батаҳаммул ба сифати шахсии кадрҳо ва тадриҷан ба вазифаи нав пешбарӣ кардани онҳо;
  • номаълум ва бо усули расмӣ бурдани назорати мушаххас аз рўи фаъолияти кормандон;
  • ҳамаҷониба ѓамхорӣ намудан ба кормандон.

Шарҳи мухтасари таълимоти асри ХХ роҷеъ ба идоракунӣ нишон медиҳад, ки афкори идоракунӣ доимо инкишоф ёфтааст, ақидаҳои нав ба нави самарабахши идоракунӣ пайдо гаштаанд. Шиносшавӣ бо ин таълимотҳо нишон медиҳад, ки амали бизнес ва идоракунии он сифатан мураккабтар шудаанд

Питер Друкер – пири менеҷменти амрикоӣ чунин мепиндошт, ки 80% комёбиҳои таърихии миллатро на ба захирахои табиӣ, на ба бизнеси иқтисодӣ, ё технологияҳо ва ҳатто истеъдоди халқ, балки аз рўи самаранокии идоракунӣ муайян мекунад. Маҳз барои ин яке аз мамлакатҳо пеш мераванду дигаре на1.

Алфред Маршал, иқтисодчии маъруфи ҷаҳонӣ, ташкил ва идоракунии истеҳсолотро ҳамчун омили мустақил ва ба меҳнату сармоя баробар ҷудо кардааст.

Идоракунии ташкилот сарчашмаи пешравист, ҳатто, сарфи назар аз сармоягузории нисбатан кам ба натиҷаи бисёркарата соҳиб шуданро таъмин мекунад. Маҳз барои ин дар адабиётҳои оид ба менеҷмент ба ибораи “кандашавии технологӣ” ибораи дигари нав “кандашавии идоракунӣ” илова шуд. Сабаби чунин муваффақиятҳои ҳайратангез, ба ақидаи бисёр мутахассисон ба дараҷаи баланди тахассусмандӣ ва кордонии идоракунандагон мансуб мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хулоса:

Менеҷмент самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникиро дар бар мегирад.

Самти иқтисодии менеҷментро идора кардани ҷараёни хариду фурўши мол ташкил медиҳад, ки мақсади он бо роҳи танзими захираҳои моддию меҳнатӣ ва хароҷот туфайли сарфа кардани онҳо ба даст овардани даромади назаррас муяссар мегардад.

Соҳибкорони навбаромад ба душвориҳои зиёде вохўрданд, ки дар натижаи он аз рақобату талоши бозор сар шуда, то ба талоши менеҷментҳои муассисаҳои калони истеҳсолӣ анҷом меёфт.

Ин соҳибкорон мўҳтоҷи системаи нави идоракунӣ набуданд, балки ба таҳқиқи муҳиту таѓироти вазъият шуѓл доштанд. Ба менеҷмент вазъияти нав талаботҳои навро пеш гузошт. ҳатто муассисаҳои калон чун корпоратсияҳои байналхалқӣ ба равияҳои нави идоракунӣ мўҳтоҷ шуданд, чунки рақобати онҳо дар давраи баъдиҷангӣ хеле тезу тунд ва шиддатнок гардид.

Онҳо ба чунин усулҳои роҳбарӣ эҳтиёҷ пайдо карданд, ки ҳам қарорҳои пешбинӣ кардаашон натиҷаи самаранок диҳаду ҳам яклухтии сохториашон ба таѓироте дучор нагардад.

Ин эҳтиёҷотро усули миқдорӣ ва тарзии идоракунии системавӣ ҳаддалимкон қонеъ мекард.

Таҳлили миқдорӣ имконият медод, ки бо роҳи моделсозӣ ва корбасти усули миқдорӣ дар вазъиятҳои душвору мураккаб роҳбарон чораи мувофиқ андешида тавонанд.Моҳияти самти иҷтимоӣ-психологӣ он аст, ки як гурўҳи кормандон ба ташкилу роҳбарии тамоми коргарони корхона машѓул мешаванд, то ки ҷараёни хариду фурўш пурсамар сурат гирад.

Самти ҳуқуқии менеҷмент дар асоси риояи қонунҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ташкили фаъолияти корхонаҳои савдо (риояи ҳуқуқи тиҷорат дар корхонаи таъсисшуда, ба роҳ мондани  ҳамкорӣ бо корхонаҳои дигар, ба инобат гирифтани ҳуқуқи давлат дар ҷорӣ намудани сиёсати андоз ва танзими савдо) зоҳир мегардад.

Дар шароити муносибати бозорӣ аҳамияти тадқиқоти маркетингӣ меафзояд, чунки он барои донистани набзи бозор, ниёзмандӣ ба мол ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Бозёфтҳои илмӣ-техникӣ яке аз воситаҳои нави идоракунӣ мешавад, зеро он барои фароҳам овардани шароити хуб, барои меҳнати самаранок хизмат мекунад. Дар шароити бозорӣ масъалаи идоракунии ҳайати кормандон баѓоят муҳим мегардад. Ин ба он вобаста аст, ки маҳз кормандон дар ин давра ба захираву имкониятҳои пуриқтидори ҳалли мушкилоти рўзмарра соҳиб мешаванд. Ба даст даровардани натиҷаҳои дилхоҳ фақат бо ёрии кормандон мумкин аст. Менеҷменти истеҳсолот идоракунии бонизом ва самаранокро ба ўҳда дорад, дар шароити таѓйирёбанда ў роҳҳои нав ба нави идоракуниро интихоб мекунад. Менеҷменти корхонаи савдо, ки дар шароити бозорӣ амал мекунад, аз кормандони бахшҳои идоракунанда лаёқат, маҳорат, дониши баланди касбӣ ва ўҳдабароиро талаб менамояд.

 

 

 

Руйхати  адабиёти истифода шуда

1.Негматов Нумон. Государство Саманидов. – Душанбе: Ирфон, 1989       

2.Вебер Макс (1864-1920) ҷамъиятшиноси олмонӣ, таърихшинос, иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос мебошад.

4.Друкер П. Новые реальности. М.: 1994. с.36                                                     5.Менежмент: Китоби дарсц/ Таьрири профессор Ьабибов С.Ь. – Нашри 2-юм, тащйироту иловаьо. Душанбе «Ирфон»: 2005 с.224-235                                  6.Щаниев Т.Б. Менежмент. Китоби дарсц. Ыисми аввал ва дуюм. Душанбе, Ирфон, 2004                                                                                           7.Усмонов И.У., Абдуллоев З.Р. Таърихи инкишофи назарияи менеҷмент. Васоити таълимӣ, Хуҷанд: «Ношир»  2001                                                                       8.Усмонов И.У., Ѓозибеков С.А. История развития теории менеджмента (текст лекции), Худжанд “Ношир” 2002                                                                 9.Усмонов И.У., Шарипов М.М. Асосҳои илми менеҷмент (Дастури таълимӣ) ҷ.М.М. «Маркази ноширии Солитон», 2007. с.23-36.

10.Мескон М., Альберт М., Хедоури Ф. Основы менеджмента. Перевод с англ. М.: Дело, 1995. С.11

11.Менеҷмент : Китоби дарсӣ / Таҳрири профессор ҳабибов С.ҳ. – нашри 2-юм, бо таѓйироту иловаҳо. – Душанбе: Ирфон, 2005 С.8-12

12.Коргова М.А. Менеджмент: краткий курс: учебное пособие / М.А.Коргова. – Ростов Н/Д: Феникс, 2008 С.5-12.

13.Виханский О.С., Наумов А.И. Менеджмент. – М.: ЮНИТИ 1999.                                        14.Гафуров Б.Г. Точикон – Душанбе.: Ирфон. 1998                                              15.Питерс Т. и Уотермен Р. В поисках эффективного управления. М.: “Прогресс”, 1986

 

1 Вебер Макс (1864-1920) љамъиятшиноси олмонї, таърихшинос, иќтисодчї ва њуќуќшинос мебошад.

Категория: Кори курсӣ | Добавил: Admin
Просмотров: 286 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar