(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » Файлы » ОЁ МЕДОНЕД ?

Нахустин лётчики Тоҷикистон
17.01.2018, 00:56

Нахустин лётчики Тоҷикистон

Муаллиф: ИЛЁСОВ ЗУХАЛИДДИН

Нахустин лётчики Тоҷикистон

  Дар таърихи инкишофи соҳаҳои мухталифи фаъолияти хоҷагии ҳар кишвар ҳастанд ашхосе, ки бо амалҳои накӯ ва фаъолияти бесобиқаи худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, номи хешро бо зикри хайр абадан сабт менамоянд. Ин қабил инсонҳо ҳамеша дилбохтаи касбу кори худ буда, ҳастии хешро баҳри пешрафт ва рушди соҳаи фаъолияташон мебахшанд ва ба ин васила дар зиндагӣ пайроҳаи бузурги ибратомӯзеро баҳри ояндагон боқӣ мегузоранд. Зеро ояндагони ин касбу кор барои расидан ба қуллаҳои баланд ва муваффақиятҳои бузург аз ин шоҳроҳи пурасрор убур намуда, сипас ба натиҷаҳои назаррас ва шуҳрати беандоза ноил мегарданд. Чунин шахсиятҳо новобаста аз ҷинсият, дину мазҳаб ва миллату нажод дар кадом гӯшаи кураи арз фаъолият нанамоянд ҳам, бо меҳнату заҳматҳои худ он маконро ободу шукуфон мегардонанд. Чунки меҳнатдӯстӣ, заҳматпешагӣ ва дилбохтагӣ ба касби худ ҳамеша ононро ба бунёдкориву созандагӣ ва шукуфоию зебоиофарӣ талқин менамояд.

 Дар солҳои аввали таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон аз тамоми гӯшаю канори собиқ ИҶШС барои бунёди роҳҳои мошингарду оҳан, фабрикаю заводҳо ва рушд бахшидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ин кишвар афроди бисёре сафарбар гардиданд. Бештари ашхоси ба ин ҷумҳурӣ сафарбаргардида, дар соҳаҳои барои кишвар куллан ё нисбатан нав фаъолият мекарданд. Бо ибораи дигар, аксари соҳаҳои ҷадиди шуғл маҳз ба туфали ҳамин одамон ба ин сарзамин ворид шуданд, ки яке аз ин соҳаҳо соҳаи хизмати авиатсионӣ мебошад.

Соҳаи хизмати авиатсионӣ дар Тоҷикистон бо барқароршавии сохти коммунистӣ дар Осиёи Миёна ворид гардида, дар рушди он фарзандони аксар халқҳои Шӯравии собиқ заҳмат кашиданд. Яке аз аввалин афроде, ки барои рушди авиатсияи на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ва Кафказ хизматҳои бесобиқа анҷом додааст, Рашид Чахович Ахриев мебошад. Ӯ нахустин лётчик аз байни халқҳои Кафкази Шимолӣ ва аввалин лётчики Ингушистон буда, дар баробари ин нахустлётчики Тоҷикистон низ ба шумор меравад.

Рашид Ахриев соли 1895 дар авули Фуртоуги (ҳоло ноҳияи Ҷейрахи) Ҷумҳурии Ингушистони Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Падари ӯ Чах Элмирзоевич Ахриев (1850-1914) аз шумори олимони намоёни Русия ва аввалин мардумшинос, кишваршинос, ҳуқуқшинос ва маорифпарвари Ингушистон маҳсуб меёбад.

Ахриев Р.Ч. дар гимназия таҳсил гирифта, пас аз он, соли 1914 Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Тифлисро (ҳоло пойтахти Гурҷистон) хатм менамояд. Сипас, ҳангоми оғози Ҷанги якуми ҷаҳон ба сафи артиши Русияи подшоҳӣ даъват гардида, дар рафти ҷанг ду маротиба ҷаҳорат мебардорад ва ба оқибгоҳ фиристода мешавад. Ӯ соли 1917 Мактаби ҳавопаймоии Гатчинро (нахустин хатмкунанда) ба поён расонида, пас аз Инқилоби Октябр соли 1917 ба Туркия ҳиҷрат менамояд. Дар ин муддат аз ҷониби Олмон ба муқобили қушунҳои англисӣ ва фаронсавӣ ҷанг карда, бо ҳамроҳии лётчикҳои олмонӣ дар бомбаборон кардани онҳо фаъолона ширкат меварзад. Баъд аз эълон гардидани қонуни авф аз ҷониби ИҶШС нисбат ба гурезаҳо Рашид Ахриев ба ватан бармегардад.

Ӯ соли 1923 ба сафи Артиши Сурх пайваста, давоми солҳои 1924-1925 ба самти Осиёи Миёна парвозҳои зиёд намудааст. Ахриев Р.Ч. бо ҳамроҳии Комаров П.Т. санаи 3 сентябри соли 1924 нахустин сафари ҳавоиро дар марзи Тоҷикистон аз самти Бухоро - Душанбе бо тайёраи Юнкерс «Ю-13» анҷом додаанд. Маҳз ба ҳамин хотир 3 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи авиатсия таҷлил карда мешавад. Ва баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ Рашид Ахриев номи худро дар таърихи авиатсияи Тоҷикистон нахустин лётчик абадан сабт намуд.

Мавсуф дар соли 1925 лётчики Шуъбаи осиёимиёнагии Ҷамъияти «Добролёт»-и Русия буда, барои хизматҳои шуҷоатнок ва софдилонааш бо якқатор тӯҳфаҳои арзишноки ҳукумати ИҶШС мукофонида шудааст. Соли 1927 ба шаҳри Харков (Украина) интиқол дода шуда, то соли 1941 дар Звенои авиатсионии Харкови Флоти ҳавоии граждании Украина содиқона хизмат намудааст.

Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ахриев Р.Ч. ихтиёрона ба ҷабҳа рафта, соли 1941 фармондеҳи гурӯҳи ҳавоии махсуси ба самти шимолу ғарб нигаронидашуда буд. Ӯ дар дастаи таъиноти махсуси лётчикӣ таҳти роҳбарии генерал-майор Ш.Л. Чанкотадзе хизмат намуд, ки дастаи мазкур парвозҳоро ба самти Ленинград - Москва иҷро мекард ва ҳангоми муҳосираи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ин шаҳрро бо лавозимоти ҷангӣ ва хӯрокаю пӯшока таъмин менамуд.

Бадбахтона, санаи 20 январи соли 1942 се тайёраи даста номбурда, ки онҳоро Ахриев Р.Ч. роҳбаландӣ мекард, зери оташи тӯпҳои зенитии фашистони гитлерӣ монданд ва дар натиҷа ду тайёра дар ҷойи ҳодиса ба замин афтиданд. Баъд аз зери асорат озод гардидани вилояти Ленинград дар соли 1944 тайёраҳо ва ҷасади лётчикҳо пайдо гардиданд, ки дар байни фавтидагон Рашид Чахович низ буд. Ҷисми беҷони Р.Ч. Ахриевро, ки аз дохили тайёраи Ли-2 пайдо карда шуда буд, дар назди макони ҳодисаи чанд сол қабл рухдода, ба хок супориданд.

Ягона нахли умед, меваи умр ва фарзанди ин марди ҷасуру диловар олими номвари Россия, доктори илмҳои тиб, профессор Ахриев Ҳоҷӣ Рашидович буда, солҳои тӯлонӣ декании факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Қабордину Балқарро ба ӯҳда дошт.

Ҳамин тавр, аввалин лётчик ва яке аз бунёдгузорони хизмати авиатсионӣ дар Тоҷикистон дар роҳи наҷоти меҳани панҳновару бисёрмиллатаи худ аз зери зулму истисмори фашистон мардона ҳалок гардид. Вале, кору пайкор ва амалҳои нахустину накӯи ин фарди далер дар дили натанҳо кормандони хизмати авиатсионӣ, балки ҳар инсон огоҳу бедор ва арҷгузор ба хизматҳои инсонӣ абадан нақш бастааст.

Категория: ОЁ МЕДОНЕД ? | Добавил: Admin
Просмотров: 28 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar