Главная » Файлы » Омузиши забонхо » Забони хитои

Адабиёт дар Чин
03.11.2017, 19:41

Адабиёт дар Чин мисли дигар мамлакатҳои дунёи қадим ҳамчун як ҷузъи фаъолияти амалӣ ба вуқӯъ пайваст. Аввалин матнҳои хаттӣ ба забони Чинӣ ин навиштаҷотҳои фолбинӣ буданд, ки бо ким – кадом асбоби тез дар косахонаи сангпушт ё устухони белаки гӯсфанд канда шудаанд. Ба хотири донистани он, ки оё шикор бобарор мешавад ё на, ҳукмдор фармон медод, ки ин суолро дар рӯйи косахонаи сангпушт навишта, онро ба болои оташ гузоранд. Фолбини махсус “ҷавоби худоён” – ро аз рӯйи хатҳои аз тасфи оташ дар устухон пайдогашта шарҳ медод. Баъдтар барои навиштаҷот биринҷиро истифода мебурданд (дар рӯйи девораҳои зарфҳои калони маросимӣ бо фармони шоҳон  навиштаҷоти ҳадяшуда ё дигар навиштаҷот сабт карда мешуд).

Аз ибтидои ҳазораи аввали то мелод чиниҳо барои хатнависӣ тахтачаҳои аз чӯби бамбук сохташударо истифода мебурданд. Дар рӯйи ҳар як тахтача тақрибан чил иероглиф (калима) ҷой мегирифт. Ин тахтачаҳоро ҷамъ карда бо ресмон  мебастанд. Тасаввур кардан душвор нест, ки китобҳои аввалин ба забони чинӣ чӣ қадар калону вазнин ва ноқулай буданд. Ҳар як китоби на он қадар калон, аз рӯйи фаҳмиши мо, ба якчанд ароба ҷой мегирифт.

Дар асри III  пеш аз мелод дар Чин барои  хатнависи матоъи  шоҳиро истифода мебурдагӣ шуданд. Қиматии ин матоъ дар ибтидои асри нав ба кашфи коғаз оварда расонд, ки дар натиҷа имконияти ба таври васеъ паҳн шудани нутқи хаттӣ пайдо гашт.

Муносибати амалӣ – таҷрибавӣ ба нутқи хаттӣ дар мафҳуме ниҳон аст, ки чиниҳои қадим бо он калимаи “забоншиносӣ”  –  “вэн” (сараввал – нақш, расм) – ро  ишорат мекарданд. Чунин шуморида мешавад, ки иероглиф  “вэн” –  ин тасвири шартии одам бо вашм (холкӯбӣ) аст.

Аллакай то замони Конфутсий, яъне то асри  VI то мелод  “вэн” нишонаи хаттии калима гашт  ва дар навбати худ мероси ҳакмони қадим мебошад, ки дар асарҳояшон боқӣ мондааст. Аз рӯйи гуфтаҳои академик В.М.Алексеев “вэн” барои тарафдорони Конфутсий  “...сухани беҳтарин, ки моро бо ақидаи ҳақиқати мутлақ ошно месозад”,  маҳсуб меёфт.  Ин ягонагии оқилии конфутсионӣ ва илми қадимаи санъати сухан дар тамоми давраи қадим (то ибтидои асри III мелод) нигоҳ дошта шудааст.

Фаҳмиши синкретикии забоншиносӣ ҳамчун ҷамъи ёдгориҳои хаттӣ  дар корҳои таърихчӣ ва китобшиноси аввалини чинӣ Бан Гу (солҳои 32 – 92 мелод)  ба чашм мерасад.  “Таърихи сулолаи Хан” – ро таълиф карда, ӯ ҷойи махсусро ба “Тавсифи санъат”  ҷудо намудааст (Аз рӯйи тасаввурот дар Чини қадим ба ин мавҳум дохил мешуданд: донистани урфу  одат, мусиқӣ; камонпаронӣ; идора кардани аробаи дучарха; хушхатӣ, санъати ҳисоб ва забоншиносӣ), ки  дар он пнаҷрсаду наваду шаш асарро ба шаш гурӯҳ тақсим кардааст: 1. китобҳои динӣ; 2. асарҳои файласуфон; 3. шеърҳо  – гайҳо;         4. достонҳо – фу; 5. рисолаҳои ҳарбӣ; 6. асарҳо  дар бораи илми нуҷум ва китобҳои тиббӣ. Ҳар яке аз ин қисмҳо фаслҳои хурд, инчунин эзоҳоти кӯтоҳи тартибдиҳандаро дар бар мегирад, хусусиятҳои гурӯҳи асарҳоро тавсиф медиҳад. Библиографияи Бан Гу  ба мо имкон медиҳад, ки намуди асарҳои хаттии дар Чини қадим бударо номбар кунем ва фоизи асарҳои то замони мо нарасидаро муайян созем.

Азбаски дар замони фаъолияти Бан Гу конфутсионистӣ аллакай ғояи расмии давлатӣ эълон шуда буд, табиист, ки ҷойи аввалро дар рӯйхати худ таърихшинос ба асарҳои қонунии конфутсионӣ додааст:

 

“Китоби табаддулот”  – “Исзину” ва матнҳои қадимаи фолбинии натурфалсафии давомдиҳандаи он, “Китоби таърих” – “Шисзину”, ки гӯё худи Конфутсий ба он сесаду панҷ суруди шоҳигарии қадимро даровардааст (олимони ҳозира ин асарҳоро ба асрҳои XI – VII то мелод санагузорӣ мекунанд); асарҳо дар бораи танзими урфу одат (сараввал аз “Китоби расму одатҳо” )  – “Лисзи”  ва мусиқӣ (“Қайдҳо дар бораи мусиқӣ” – “Юэсзи”), солномаи машҳури шоҳигарии Лу “Баҳорон ва Тирамоҳ” – “Чунсю”, ки бунёд ва нашри он ба Конфутсий нисбат дода мешавад, “Сӯҳбатҳо ва андешаҳо” – “Лунюй” – қайди гуфторҳои Конфутсий, ки эҳтимол аз тарафи шогирдонаш карда шудааст.

Аз ин асарҳо, ки асоси таълимоти конфутсиониро ташкил медоданд ва дар Чин дар давоми асрҳои зиёд барои ҳар як шахси бомаърифат маҷмӯаи ҳатмии дониш маҳсуб меёфт, “Китоби сурудҳо” барои ривоҷи адабиёти бадеӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Ин маҷмӯаи шеърии иборат аз чаҳор қисм (“Ҳуқуқҳои шоҳигариҳо”, “Достонҳои хурд”, “Достонҳои бузург”, “Мадҳияҳо”)  то ба мо намунаҳои гуногуни қадимтарини назми лирикӣ ва мадҳиявиро оварда расонид. Дар ин сурудҳо рӯҳияи ҳаёти даврони қадим ҳис карда мешавад.  Ин нукта дар тасвири вохӯрии махфии духтарон бо дӯстдоштаҳояшон аён аст, чӣ хеле, ки дар суруди “Чжун! Ба деҳаи мо...”, ва вохӯриҳои  ошкорои онон, ки аз рӯйи одат равшан аст, чӣ хеле, ки дар суруди “Обҳои Чжэн ва Вэй!...”, ёддоштҳо дар бораи иди қадимаи баҳорӣ, ки дар моҳи сеюми моҳтобӣ қайд карда мешуд. Аз ин сурудҳо мо дар бораи маросимҳои қадимаи хонадоршавӣ, дар бораи маросими бераҳмонаи зинда ба зинда ҳамроҳи ҳокимони фавтида гӯронида шудани одамони зинда (“Парандаякони зард парвоз мекунанд...”)  маълумот мегирем. Аз сурудҳои “Шисзина”  дар бораи ташвишҳои заминдорон фаҳмидан мумкин аст, ки дар суруди “Моҳсухан” тасвир ёфтааст.

Ҳаёти  ноороми наздикони подшоҳ (дар сурудҳои “Ҳоло дар Шарқ торикии нимашаб аст”, “Шикояти дарборӣ”), ки барои гуноҳи ночиз ё дер омадан ба дарбор ба ҷазои сахт маҳкум мешуданд; далерии шикорчиёни онвақта (“Шикорчӣ Шу...”), ки нотарсона бо шерон меҷангиданд;  шавқу хурӯши рақси ҷавонон (“Раққоси беҳтарин”), ва андӯҳи зани танҳо, ки шавҳараш ба саёҳати дур рафтааст,  хеле кушоду возеҳ нишон дода шудааст. Дар сурудҳои “Шисзина” ба гурӯҳҳои антогонистӣ тақсим шудани ҷомеа ҳоло равшану аниқ нест.

Сурудҳои дар давраи  Чжоу ба маҷмӯа ҷамъовардашуда дар бораи шоҳигариҳои хурди Чин дар асри XII пеш аз мелод, ки ба ҳокими чжоусӣ – писари Осмон мутаалиқ буд, нақл мекарданд. Ин шоҳигариҳои хурд аз пойтахт ва якчанд шаҳракҳо иборат буданд, ки дар он заминдорон зиндагӣ мекарданд.  Муносибати байни ҳоким ва зердастонаш дар ин гуна шоҳигариҳо характери падаршоҳӣ доштанд.  Дар баробари ин дар сурудҳои давраи охир, масалан, “Моҳдор”  ё  “Мушҳо...” (дар образи мушон хӯҷаинон, ки аз заминдорон ҳосилотро кашида мегирифтанд, нишон дода шудаанд), аввалин шеваҳои норозигии заминдорон аз ҳокимон  садо медиҳанд, ки аз мазмуни суруди якум – ҳамаи хукон ваҳшии сайдшуда ба онон мерасанд ва деҳқонони бечора ба ҷойҳои дигар аз пайи ҷустуҷӯи ҳаёти хушбахтона гурехта рафтанианд. Дар “Китоби сурудҳо”, махсусан дар қисми охирини он асарҳои нисбатан калонтари мазмуни маросимӣ дошта ба монанди “Ба князи арзан” – суруди ботантана ба қаҳрамони афсонавие, ки ба одамон киштани ғалладонаро омӯзонидааст, ҷой дода шудаанд.

Сурудҳои “Шисзина” – и ба намуди хаттӣ  то даврони  мо расида – ин шеърҳои чормисрааи қофиядор мебошанд. Ин сурудҳо ба рақсу бозӣ вобаста буда, эҳтимол аз тарафи хори мардона ё занона иҷро шудаанд. Барои онҳо ва сурудҳои халқии тамоми давраҳо пешгуфторҳо хосанд, ки дар онҳо образҳо аз табиат истифода шудаанд ва ба матни сонӣ  танҳо тақрибан алоқаманд гаштаанд, ҳамаи мисраҳо бо иваз шудани як ё ду калима доимо такрор шудаанд. Қонунӣ гаштани “Китоби сурудҳо”  аз тарафи конфутсионистон ба он оварда расонд, ки сурудҳои аслан халқӣ пур аз эзоҳот гаштанд, ва масалан, сурудҳои оддии ишқӣ ҳамчун тавсифи ҳиссиёти баланди зердастон ба ҳоким шарҳ дода мешуданд  ва ғайра. Шарҳу эзоҳ, албатта матнро тира месохт, аммо эҳтимол маҳз аз он, ки “Шисзина”  ба қатори китобҳои қонунӣ дароварда шуда, матни он бо фармони император аз соли 175 мелодӣ дар рӯи нақораҳои сангин ҳаккокӣ шудааст, дар давоми асрҳои зиёд ба мисли дигар ёдгориҳои қадима гум нашудаанд.

Дар қатори  “Китоби сурудҳо”  аз асарҳои қонунии конфутсионистӣ ҳамчунин “Китоби  таърих”, махсусан, адабиёти таърихии дар маҷмӯаи библиографии Бан Гу ба солномаи аввалини қонунишудаи “Баҳорон ва тирамоҳон”  навишташуда бемуҳобот хеле ҷолиб ва хонданист. Ғайр аз “Солномаҳои Сзо” (“Сзочжуан”), ки пеш аз мелод аз тарафи Сзосю Мин навишта шуда,  шарҳ ба “Баҳорон ва тирамоҳон” ҳисоб меёбад, дар қатори тарафдорони солноманависони қадим Бан Гу ва муаллифи асари машҳури “Қайдҳои таърихӣ” Сима Сян (с. 145 –– 86 пеш аз мелод) низ буданд. Сима Сян асари худро ҳамчун ёдгории расман таърихӣ эҷод намуд.  Ӯ асрҳои зиёд хонандагони худро бо забони бай ва сабки шоирона, зарби равон ва пурқуввати насраш , бо фаҳмиши чуқури қонунҳои ҷамъияти инсонӣ ва тақдири шахсони алоҳида  тасхир намудааст.

 

 Шахсоне, ки нақши худро дар таърихи мамлакат гузоштаанд, новобаста аз вазъияти иҷтимоияшон сазовори диққати махсус буданд.файласуфони қадими мактабҳо ва ҷараёнҳои гуногун, амалдорон ва сарлашкарон, шоирон ва ҳунарпешагони мазҳакабоз  ва “лаққиёни серҷоғ” – ба ҳамаи онҳо дар китоби калони хеш Сима Сян дар бобе ба номи “Лечжуан” – “Зиндагиномаҳои алоҳида”  ҷойҳои махсусе додааст. Маҳз аз асарҳои Сима Сян мо ахбороти муҳимеро дар бораи муаллифони қадимаи чинӣ пайдо карда метавонем.

Насри таърихӣ дар Чини қадим тасвири объективии оромонаи рӯйдодҳоро пешкаш мекунад.  Аммо муаллифони асарҳои бисёрҷилдаи фалсафии конфутсионӣ  шакли тамоман дигари ҳикоягиро сохтанд, ки намунаи он китоби бо қонуни конфутсионӣ навишташудаи  “Сӯҳбатҳо ва мулоҳизаҳо” мебошад ва дар он нақл дар шакли гуфтугӯй (диалог) оварда  шудааст. Сӯҳбати устод Конфутсий бо шогирдаш ва сӯҳбати пандомези донишманд бо ҳокимба монанди масал буданд, ки масъалаҳои фалсафиро дар бар мегирифтанд.  Масалҳо аз эҷодиёти даҳанакии халқ  гирифта  шудаанд, ки ба  мо афсонаҳои қадимаро  гоҳ дар бораи ҳайвонот,  гоҳо дар  бораи ҳаёти шоҳони қадимаи чинӣ  нақл мекунанд.   Асарҳоро ба таври ҷиддӣ ба қонунӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо карда, Бан Гу ба қайди сӯҳбатҳои шогирдони Конфутсий, ба монанди мутафаккир Мэн –– сзи (қарибиҳои солҳои 372  ––289 ), ҷойи махсусро ҷудо кард. Китоби “Мзи  ––  сзи” таълимоти Конфутсийро, махсусан, масъалаи ҳукмронии башардӯстона ҳамчун шарти асосии пойдории сулҳ ва осоиштагӣ дар мамлакат, тақвият додааст.

Ҷойи дигарро ба ҳосили заҳматҳои устодони конфутсионӣ Бан Гу ба асарҳои мактаби бонуфузи фалсафии қадима –– дососҳо додааст. Асосгузори он аз рӯи анъана пири нимафсонавӣ Лао –– сзи шуморида мешавад, ки як замоне бо Конфутсий зиндагӣ карда бо ӯ дар бораи масъалаҳои олами рӯъё мубоҳиса кардааст.

Асари ба Лао сзи нисбатдодашуда “Даодэсзин” –– ин “Китоб дар бораи роҳҳо  ва накӯкорӣ”  аст.  Дар тафриқа аз конфутсионистон, ки дар навбати аввал масъалаи этикаи иоракунии мамлакатро ҳал менамуданд, тарафдорони даосизм масъалаи мавҷудиятро дида баромаданд, дар баробари ин афзалияти табии Роҳ –– даоро ҳамчун асоаи тамоми олам, сарчашмаи ашёҳо ва ҳолисот қабул карданд. “Накӯкорӣ” дар ин ҳолат тарҷумаи шартии мафҳуми даосии Дэ, ки ҳамчун зоҳиршавии индивидуалии Дао –– Роҳ, ҳамчун шакли зоҳиршавии  Дао дар инсони алоҳида, ки камолоти маънавии шахсро нишон медиҳад, Даои навбатӣ ва бо муҳити атроф якмаром шудани он қабул шудааст. “Китоби Роҳ ва Накӯкорӣ” ёдгории махсусе дар таърихи адабиёти қадимаи Чин аст –– ин насри муназзами пандомезест, ки дар давоми асрҳо аз рӯи арзиши  бадеиашон беҳамто ҳисобида мешуд ва дар китоби “Чжуан––сзи” давоми худроёфтааст. Муаллифи он классики ақидаҳои даосӣ Чжуан Чжоу, Чжуан –– сзии машҳур (асри IV то мелод) аст. Ӯ ҳикматнокии  шоиронаро бо анъанаи масал якҷоя кард, ки дар шаклҳои ғайриоддӣ ақидаҳои бетартиб ва ҳалталаби ҳаёти инсон ва  муҳимияти нуфузи одам бо табиати муқаррариро шарҳ медиҳад.

Дар боби адабиёти фалсафӣ дар рӯихати Бан Гу баъд аз даосҳо асарҳои  натурфайласуфон ҷой дода шудаанд, ки таълимот дар бораи амали якҷояи ду қувваи мутақобили табиат: рӯшноӣ  –– ян ва торикӣ  –– инро тақвият додаанд. Баъд аз онҳо легистон ё қонунпарастон истоданд, ки таълимотро дар бораи ҳокимияти давлатӣ тақвият додаанд. Порчаҳо аз асри “Хан Фой сзи” ва “Баҳорон ва Тиромоҳон” ––и  Люя, ки дар ин боб ҷой дода шудаанд, дар бораи насри легистон маълумот медиҳанд.

 

Баъд аз онҳо Бан Гу асарҳои наминалистон  –– мантиқдонони қадимро номбар намудааст ва сипас тарафдорони мутафаккир Мо –– сзиро (асри V пеш аз мелод), ки ақидаи “муҳаббати умумӣ ва баробарии ҳамаи одамон” ––ро тарғиб менамуданд, ёдрас кардааст. Дар тафриқа аз конфутсионистон, ки бо онҳо Мо––сзи ва шогирдонаш тезутунд мунозира мекарданд, моистон давлатдориро на ҳамчун масъалаи маънавӣ – ахлоқӣ, балки ҳамчун маҳорати муайяни касбӣ баҳо медонанд. Эълон кардани муҳаббати умумӣ барои Мо–сзи бо бееътинои нисбати шахси алоҳида тавъам мешуд, ӯ бисёртар дар бораи давлат фикр меронд ва мекҳшид, ки бо ёрии насиҳатҳои худ ҷанги байни ҳокимонро пешгири кунад. Ӯ чихел ин корро анҷомдодааст, дар ин бора хонанда аз порчаи китоби, “Мо–сзи” фаҳмида мегирад. Сипас Бан Гу боз якчанд мактабҳои наонқадар маълуми фалсафиро ҷой додааст, ки дарқатори онҳо муаллифони рисолаҳои аграрӣ инчунин дар охири рӯйхат асарҳои фалсафии мактаби махсуси сяошосзяро зам кардааст. Сяошо – айнан: “ибораҳои хурд (ночиз)” – баъдтар ифодагари насри ҳикоягии сюжадор гаштааст. Мутаасифона, аз понздаҳ  асари ба ин гурӯҳ даровардашуда ягонтоаш то замони мо омада нарасидааст. Худи таърихнигор фаҳмондааст, ки ба ин гурӯҳ ӯ асарҳоеро даровардааст, ки аз қайдҳои ҳикояҳои кӯчагии дар роҳ ва тагкӯчаҳои шаҳрӣ шунидааш тартиб додааст. Ин ҳикояҳои насрии фолклориро мансабдорони махсус – бигуанҳо ҷамъ овардаанд. Аз рӯи ақидаи конфутсианистон, агар ҳоким руҳияи халқро фаҳмидан хоҳад,  амалдоронро вазифадор мекунад, то ҳама гуфтаҳои одамон, хабару овозаҳо, ривоятҳо, ҳикояҳо дар бораи расму оинҳоро ҷамъ кунанд. Ин қайди ривоятҳои халқӣ пешкиштанд, ки аз онҳо адабиёти бойи ҳикоягии Чин тавлид ёфтааст. Тахмин кардан мумкин аст, ки китобҳои аввалини сяошо “Ҳикояҳои рангоранг” – и нависандаи римии интиҳои асри II –и  мелодӣ Клавдий Элианро ба ёд меоварданд.

Даҳ мактаби мутафаккиронро номбар карда, Бан Гу ба тавсифи адабиёти назмӣ гузаштааст (ба ёд меоварем, ки  “Китоби сурудҳо” –ро ҳамчун ёдгории қонунии конфутсионистӣ  ӯ  пештар дида баромадааст). Ба адабиёти он давра ӯ асарҳои ду жанри дар он замон рушдёфтаро даровардааст: достонҳо – фу ва сурудҳо  – гэшҳо. Агар гэшҳо суруда мешуданд, фуро тақтеъ мекарданд, онҳо гӯё ба шакли наср навишта мешуданд, аммо қофия доштанд ва як асареро байни назму наср нишон медоданд. “Анъана мегӯяд: “Чизе, ки суруда намешавад, аммо тақтеъ мешавад, фу ном дорад”. Касе, кти боло рафта фу эҷод мекунад, сазовори номи марди бузург аст”. Мардони  “Китоби сурудҳо” – ро омӯхта пеш аз одамони оддӣ дар либоси катонӣ, оқил, умеди амалӣ гаштани орзуҳояшонро гум карда, достонҳо – фу эҷод менамоянд. Конфутсионисти бузург Сун Син ва Сюй Юан, мансабдорони шоҳигарии Чу, ки баъдтар бо тӯҳмат аз вазифа сабудӯш шуда бо ёди ватан азият мекашид, ҳардуяшон достон менавиштанд, то ба ҳоким насиҳат диҳанд. Асарҳои онон дарди ботиниро ошкор мекарданд, мазмуни фуи онҳо ба шеърҳои  қадима монанд буданд. Баъд аз  онҳо Сян Юй, Тан Лэ, дар давраи гулгулшукуфии авлоди Хан – Май Шэн, Сима Сянжу ва дар охир Ян Сюн – дар пуробурангӣ ва боҳашаматии калимаҳо мусобиқа мекарданд. “Онҳо ба достонҳои худ мазмуни аллегорӣ ва панду насиҳатро дохил намекардад”. – хусусият ва тараққиёти жанри фуро Бан Гу чунин шарҳ додааст. Зам намудан ҷоиз аст, ки достонҳои фу дар шакли се қисм навишта мешудаанд ва аз муқаддима (стой), худи матн (фу) ва  интиҳо (муан ё сун) иборат буданд.

 

 Муқаддима дар бисёр маврид ба шакли гуфтугӯи шоир бо ягон ҳоким навишта мешуд, ки дар он фикри асосии достон  акс ёфтааст. Он фикр дар қисми дуюм ривоҷ ёфта, дар интиҳо муаллиф бо тавсифи воқеаву ҳодисоти тасвиршуда нуқтаи назари худро нисбати онҳо баён намудааст.

Муаллифони номбаркардаи Бан Гу ҳам бо асарҳои назмӣ (шеърҳои Сюй Юан), ва ҳам достонҳояшон – фу (Сяс Юй, Сима Сянжу, Чжан Хэн) нишон дода шудаанд. Сюй Юан  дар шоҳигарии Чу дар қисмати ғарбу шарқии Чин зиндагонӣ мекард. Дар маданияти он ҷойҳо хусусиятҳое буданд, ки аз зиндагии қабилаҳои ғайричинӣ вобастагӣ доштанд, аммо назми ӯ дар як муддати мадид дар саросари мамлакат машҳур гашт. Шоири тӯҳматзадаро ду маротиба аз Чу  пеш карданд. Ӯ медид, ки чӣ тариқ маслиҳати ӯро дар бораи иттифоқ бастан бо шоҳигарии Си гӯш надода , ба шоҳигарии аҳдшикани Син бовар карда, ҳокими Чу мамлакати худро аз даст дод. Лашкари Син пойтахти қадимаи шоҳигарии Чус шаҳри Инро харобу валангор кард.

Ғаму ғуссаи шоир аз нобуд гаштани  ватани азизаш ҳадду канор надорад ва ин ҳиссиёти худро ӯ дар шеъраш “Гиря барои пойтахти Ин”  баён намудааст.

Чӣ хеле, ки гуфта шуд, Бан Гу дар як боби библиографияи худ достонҳо – фу ва сурудҳо – гэшҳоро ҷамъ овардааст. Ягон маҷмӯаи сурудҳои номбаршудаи ӯ аз бисту панҷ китоб то ба мо наомадааст, аммо аз рӯи номгӯяшон мо метавонем ба қароре биёем, ки асосан маҷмӯаи сурудҳои мавзеъҳои  гуногун ё маҷмӯаи сурудҳои маросимӣ ба монанди “Сурудаҳо барои худоён” ё  “Сурудҳои тантананок  барои видоъ ё пешвози рӯҳ”  вуҷуд доштанд.

Сурудҳо дар Чини қадим ба мисли “ғайбатҳои кӯчагӣ” бо мақсади муайян намудани рӯҳияи фуқаро ҷамъ оварда мешуданд.

 Император Сяо – у – ди, давраи ҳукмрониаш солҳои 140–86 то мелод, палатаи махсуси мусиқавиро бо номи Юэфу таъсис дод. “Аз давраи Сяо–у–ди, вақте, ки палатаи мусиқавӣ таъсис дода шуд, ба ҷамъ кардани сурудҳои халқӣ сар карданд.  Бо ҳамин роҳ сурудҳои маҳалҳои Дай ва Чжао, оҳангҳои Син ва Чу машҳур гаштанд. Дар онҳо ҳисси хурсандӣ ва ғаму андӯҳ акс ёфтааст. Пайдоиши ин суруду оҳангҳо бо ин ё он руйдод алоқамандӣ дошт ва аз рӯи онҳо  урфу одат ва расму русум, эътибор ва норасогиҳои онҳоро фаҳмидан мумкин аст” – ҳамин тавр Бан Гу нақши палатаи мусиқавиро муайян кардааст, ки дар он дар давраи аввалини фаъолияташ қариб шашсад нафар мансабдорон хизмат мекарданд. Қариб яксаду панҷоҳ маҷмӯаи сурудҳои ҷамъовардаи онҳо то замони мо омада расидааст.

Баъд аз сурудҳо ва достонҳо – фу дар библиографияи Бан Гу асарҳои характери амалидошта   ҷой дода шудаанд: китобҳои гуногун дар бораи санъати ҷанг, нуҷум, тақвим, фолбинӣ ва тиб. Ҳамаи асарҳои номбаркардаи Бан Гу дар замони ӯ қисми асосии адабиёти хаттӣ ба ҳисоб мерафт. Ба замми ин адабиёт аз ҷониби алоқаи зичи ӯ бо муқаррароти вазифавиаш,  бо ҷойи ҷиддӣ муайяншудааш дар иерархияи ҷомеаи Чини қадим дида баромада шудааст. Ҳамин тавр, дар бораи конфутсианистон  ӯ  менависад,ки онҳо аз доираи мансабдорон баромадаанд ва кори роҳбарикуниро медонанд, дар бораи  маориф, такмилдиҳии давлат ва одамони он ғамхорӣ мекунанд.  Даосҳоро ӯ бо таърихнигорон алоқаманд мекунад, ки дар бораи тараққиёт ва пастравии шоҳигариҳо қайдҳо бурдаанд,  онҳоро барои дар бораи сабаби воқеаҳо фикр рондан водор намудааст; қонуншиносон – легистҳоро бо мансабдорони ба ҷазо ҳукмшуда, моистонро – бо нозирони маъбади гузаштагони хонаводаи шоҳӣ ва амсоли онҳо.

Дар бораи назми суруд ва достонҳо – фу, ки дар шуури чиниҳои қадим бо вазифаҳои кории адабиёт бевосита алоқамандӣ пайдо накардааст, сухан ронда истода, Бан Гу нақши ҷамъиятии онҳоро дар вобастагӣ бо расму оин дида баромадааст.  Ӯ ёдрас кардааст, ки масалан, мансабдорони ба шоҳигариҳои ҳамсоя ба сифати сафир рафта,  сурудҳои “Шисзин” –ро барои бо ишора фаҳмондани мақсадҳои хеш истифода мебурданд. Гуфтан мумкин аст, ки дар Чини қадим бадеият ҳамчун категорияи эстетикӣ ҳоло кушода набуд ва адабиёти бадеӣ  бо дигар намудҳои адабиёт, ки мақсади амалӣ доранд, масалан, асарҳои тиббӣ ё ҳарбӣ, муқобил гузошта нашудааст.дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки рисолаҳои қадима ба соҳаҳои гуногуни илм бо забони суфта ва ифоданок навишта мешуданд, ки ба ороиши бадеӣ, услубӣ хос буд ва онҳоро ба асарҳои амалӣ наздик мекард.

Дар Чини қадим жанрҳои нав тавлид ёфтанд, ки дар асрҳои миёна насри нозуки бесюжаро ташкил медоданд. Дар замонҳои Бан Гу ин жанрҳо дар адабиёт ҳаёти мустақилро сар карданд. Қисми зиёди онҳо дар мавриди пайдоишашон ба сифати сохтори мустақили бадеӣ дарк намешуданд. Ин қисмҳои таркибии ҷудогонаи ёдгориҳои қадима, як ҷузъи бегона дар тани онҳо буданд. Фармонҳои қадима ё муроҷиат ба шоҳ, ки ба маҷмӯаи “Китоби ривоятҳои таърихӣ”  ворид карда шудаанд, аз қабили ҳамонҳо мебошанд. Дар ҳайати “Қайдҳои таърихӣ” –и Сим Сян жанр чжуан – зиндагинома, ки хеле зуд дар асри 1 мелодӣ ҳамчун зуҳуроти мустақили бадеӣ қабул шудааст, тавлид ёфт. Аммо дар замони қадим тарзи баён, масалан, ривоятҳое ҳам буданд, ки дар Чин то асри XX  ба жанри мустақили адабӣ ҷудо нашудаанд.

 

Дар давраҳои қадим, дар замони Бан Гу жанрҳо ба мисли асри миёна категорияи пешбарандаи услубсоз набуданд, барои ҳамин шарти ба гурӯҳҳо тақсим кардани таърихшиносон амалӣ – мавзӯӣ буд, на ба мисли асарҳои ҳамфикрони асримиёнагӣ жанрии тозабунёд. Ҳамин тариқ, асарҳои жанри исзоу – маърӯзаҳо ба шоҳ  – ҳам дар боби “Китоби ривоятҳои таърихӣ” ва ҳам “Китоби расму оинҳо”, ҳам дар байни асарҳои солномавӣ “Баҳорон ва тирамоҳон” ва ҳатто байни китобҳои ба “Сӯҳбатҳо ва мулоҳизаҳо” – и Конфутсий алоқаманд ба чашм мерасанд.

Бан Гу асари худро дар асри 1–и мелодӣ навиштааст, аммо тараққиёти адабиёти Чини қадим дар асри баъдина низ давом ёфтааст.  Ҳамин моро водор месозад бигӯем, ки асарҳои ба библиографияи ӯ дохил нашуда маҳфуз монда, то замони мо омада расидаанд. Сухан дар бораи ду зуҳурот  дар тараққиёти адабиёти Чин м еравад: 1. Силсилаи назмӣ бо номи “Нуздаҳ шеъри қадима”; 2. Насри ҳикоягӣ, ки боби адабиёти қадимаро интиҳо мебахшад.

Дар бораи “Нуздаҳ шеъри қадима”  дар давоми асрҳои зиёд ақидаҳои мухолиф вуҷуд доштанд. Олимони ҳозираи Чин ба хулосае омаданд, ки ин шеърҳо аз тарафи шоҳписар Сяо Тун дар аввали асри VI аз ҳисоби матнҳои зиёд ҷудо карда гирифта шудаанд ва ба “Маҷмӯа” – и ӯ дохил гардидаанд. Ин шеърҳо дар асрҳои 1– 2 мелодӣ навита шудаанд. Номи муаллифонашон  аллакай дар замони Сяо Тун аз ёдҳо рафтаанд. Ин шеърҳо дар мавзӯъҳои анъанавии назми онвақта, ба монанди ҷудоии дӯстон, ҳасрати дидори зану фарзанд, андӯҳи мусофир, анешаҳо дар бораи ҳаёт ва марг навишта шудаанд. Аз рӯи андешаи аниқи Л.З.Эйдман, ин шеърҳо ба “як фикри асосӣ – ба мисли барқ тезу тунд гузаштани ҳаёти инсон” тобеъ карда шудаанд.  Ин шеърҳо гӯё дар миёнаҷои назми халқӣ ва муаллифӣ истодаанд.

Онҳо зери таъсири сурудҳои халқии онвақта навишту шудаанд, киаз тарафи мансабдорони палатаи мусиқавӣ ҷамъ гаштаанд ва дар онҳо сатрҳои аз матнҳои халқӣ иқтибосшуда ҳастанд, аммо ин назм аллакай ибтидои муаллифӣ дорад. Иқтибосҳои рӯйпӯшкардашудаи аз тарафи олимони Чин фошгашта аз “Китоби сурудҳо”, “Сатрҳои Чусӣ” ва ҳатто “Сухан дар бораи шоҳигари – ҳо” –и бо наср навишташуда аз ин шаҳодат медиҳанд. Таъсири шоирон – адибон ба шакли шеър низ назарррас аст. Агар сатри суруд дар ҳамон давра дарозии гуногун дошта бошад,пас нуздаҳ шеъри қадима дар назми чинӣ шеъри панҷҳиҷодорро интиҳо бахшидаанд (ҳар сатр аз панҷ ҳиҷо ва ҳаон қадар калима иборат аст), ки дар давоми асрҳо яке аз беҳтарин андозаҳои шеърӣ дар назми чинӣ ва тамоми Шарқи дур маҳсуб меёфт. То замони мо омада нарасидани номи муаллифони шеърҳо беҳуда нест. Чӣ хеле, ки татқиқоҳои солҳои охир гузаронидаи И.С.Лисевич нишон медиҳанд, барои давраи гузариш аз назми фолклорӣ ба муаллифӣ дар Чин на танҳо ҳаракат аз фолклор ба эҷодиёти хаттӣ хос буд, балки дар ин шароитҳо гузариши баръакси назми қадима ба эҷодиёти даҳанакии халқ ба амал меомад.

Байни назми индивидуалӣ ва халқӣ дар он давра ҳоло монеаҳои забонӣ ва услубӣ вуҷуд надоштанд. Эҷодиёти бемуаллиф дар як дараҷаи муайян барои асарҳои насрӣ низ хос буд. Насри ҳикоягӣ дар Чин мисли дигар давлатҳои дунёи кӯҳан , масалан дар Юнон, танҳо дар охири давраи қадим  пайдо гаштааст. Дар асрҳои  I–II мелодӣ дар Чин зиндагиномаҳои насрӣ ва таърихӣ пайдо шуданд, ки шартан онҳоро повестҳои қадима номидан мумкин аст. Онҳо аз рӯи пайдоишашон ба насри таърихнигорӣ алоқаманданд. Ин пеш аз ҳама “Меросхури Дан аз Ян” – таърихи суиқасди диловар Сзин Кэ ба князи Синӣ – ҳокими бедодгар, ки дар асри III империяи аввалини чиниро барпо кардааст ва Син Ши – хуан ном дошт, мебошад.

 Ин повест ба зиндагиномаи Си Кэ наздик аст ва дар “Қайдҳои таърихӣ” – и Сим Ся дар боби “Зиндагиномаи қасосгирандагон”  ҷой дода шудааст. Ин повест аз бисёр ҷиҳатҳояш ба зиндагинома наздик аст, бинобар ин филологҳо дар асрҳои миёна ба ин ақида буданд, ки маҳз он барои Сим Сян ҳамчун сарчашма хизмат кардааст. Аммо ин ақидаро олимони диар рад намуда чунин шуморидаанд, ки муаллифи номаълум матни асари Сим Сянро моҳирона истифода бурдааст. Чӣ  хеле, ки  библиографи машҳури асри  XVI  Ху Инлин аз рӯи адолат қайд кардааст, “Меросхур Дан аз Ян”  – “сарнасли асарҳои ҳикоягии қадима ва ҳозира мебошад”. Ва, алҳақ, фарқияти асосии ин повест аз зиндагиномаи расмии Сзин Кэ маҳз дар ҳикоягӣ будани он, дар дохил намудани эпизодҳои нави афсонавӣ мебошад, ба мисли ҳикоя дар бораи он, ки дар ҷавоби зориву таваллои меросхур Дан мӯйҳои сари зоғ сафед гаштааст, асп шохбаровардааст, ёэпизод дар он бора, ки Сзин Кэи ботамкин бо хӯлаҳои тиллоӣ қурбоққаҳоро зада пеш кардааст, то бо овози худ ӯро безобита накунанд  ё ҳикояи даҳшатнок дарон бора, ки чӣ тавр меросхур эҳтироми худро ба Сзин Кэ баён намуда, фармон додааст, то дастони мусиқанавози нозанинро бурида ба Сзин Кэ баранд. Ҳамаи ин эпизодҳо, ки барои хонанда хеле шавқовар ва ҷолибанд, дар асари Сим Сян набуданд.

Қадимагии ин повести аз рӯи ғояҳояш конфутсионистӣ дар санъати тасвирии чинӣ дар ибтидои асри бист бевосита тасдиқи худро ёфтааст. Маҳз дар ҳамон давра  дар авроқи сангини рӯйи марқадҳо ва дигар иншооти маросимӣ бештар саҳнаи суиқасди Сзин Кэ  тасвир меёфт. Ин нақшҳои муқарнас дар нимҷазираи Шандун дуртар аз қисми шарқӣ – ғарбии музофоти Сичуан ёфт шудаанд. Дар яке аз онҳо барои нишон додани кинаву нафрати хеш ба бедодгар, усто императорро дар либоси камбағалона бо афту андоми муболиғаолуд тасвир намудааст. Дар нақши дигар нишон дода шудааст, ки чӣ тавр шоҳ аз Сзин Кэ пойафзолашро гум карда гурехта истодааст.

Айнан бо ҳамин шакл “Зиндагиномаи шахсии Чжао – Парастуи Парвозӣ” аз зиндагиномаи як канизаки соҳибҷамоли бо зебогиву ақлу заковаташ машҳур, ки сипас ҳамсари  император Чэн – ди (аз соли 33 то 7 пеш аз мелод) гаштааст, фарқияти калон дорад. Зиндагиномаи ӯ, ки Бан Гу дар “Таърихи сулолаи Хан”  ҷой додааст, хеле мухтасар буда, ҳамагӣ аз сенздаҳ сатр иборат аст. Зиндагиномаи шахсӣ бошад, баръакс, хеле ва хеле батафсил аст ва дар он тарафҳои ниҳонии ҳаёти дарбор нишон дода шудааст. Аз рӯи анъана муаллифии ин асар ба амалдори калони ибтидои асри  XX Лин Сюан (ё Лин Юан)  нисбат дода мешавад. Канизаки ӯ Фан Тун –  дэ гӯё таърихи Чжао –  Парастуи Парвозиро хеле хуб медонистааст. Лин Сюан  гӯё аз забони ӯ ин ҳама воқеаҳоро навишта гирифтааст.  Ҳам муаллифии Лин Сюан ва ҳам ҳаққонӣ будани худи матн –  масъалаи ҳалталаб  маҳсуб меёбад. Дар давоми ҳашсад соли охирдоир ба дурустии матни “Зиндагиномаи  шахсии Чжао –  Парастуи Парвозӣ”  шубҳаҳо хеле зиёд баён шудаанд, аммо касе далели асосноке оварда натавонист. Чӣ хеле, ки худи Ху Инлин қайд намуд, услуби ин асар хеле содда аст ва ба асарҳои асрҳои баъдина  монандӣ надорад. Баъзе мулоҳизаҳои типологӣ дар бораи тавлиди шакли калони ҳикоягӣ дар давраи қадима дар бораи пайдоиши  кӯҳани ин гуна асарҳо дарак медиҳанд, ки  дар матнҳояшон истеҳзоро талаб мекунанд.

 

 

 

Қисмати насри қадимаи ҳикоягӣ бо матни на он қадар калони “Зиндагиномаи ҷавондухтар аз У бо лақаби “Яшми Қирмизӣ”” – и таърихнигори асри 1– и мелодӣ Чжао Е ба поён мерасад. Ин, аз афташ,  яке аз аввалин асарҳо дар насри чинӣ дар бораи вохӯрии ҷавони камбағал бо рӯҳи маъшуқаи худ мебошад, ки ин сюжет дар асрҳои миёна аз тарафи новелланависони шарқидурӣ хеле зиёд истифода шудааст. Ин ҷо матн дар намуди хеле антиқа дода шудааст –  шоҳиди он –  даромадани донишҷӯ ба қабр ва дар он ҷо никоҳ бастани ӯ бо духтарак бо лақаби Яшми Қирмизӣ, инчунин нақли соддаву бепардапӯши аз новеллистони баъдина фарқкунанда  омадааст.  Муаллифро  дар ин асар на танҳо тақдири қаҳрамонон, балки ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ҷалб кардааст.

Мисли дигар асарҳо  на таърихи навишта шудан ва на муаллифи ин асар маълум нест.  Аз сабаби набудани татқиқоти танқидӣ ба анъанаҳои бисёрасра  бовар кардан лозим меояд.

Мо кӯшиш кардем, ки ҷамъулҷамъи ёдгориҳои хаттии Чини қадимаро дар шакли умумӣ тасвир намоем. Дар Чини қадим аллакай асоси идеологӣ гузошта шуда буд, ки дар заминаи он санъат ва адабиёти асримиёнагӣ на танҳо дар худи Чин, балки дар давлатҳои Шарқи Дур –  Ҷопон, Корея ва Ветнам ривоҷ ёфтааст. Ана дар ҳамон давра бисёр мавзӯъҳои назми чинӣ –  як дунёи бойи рамзу образҳо ба миён омаданд, ки бе донистани онҳо дуруст фаҳмидани адабиёти классикии халқҳои шарқидурӣ амри маҳол аст.   

 

 

 

 

Категория: Забони хитои | Добавил: zulikzultj
Просмотров: 224 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar