Главная » Файлы » ОЁ МЕДОНЕД ?

Шарҳи ҳодисаҳои гирифти Офтоб ва Моҳ
17.01.2018, 00:47

Шарҳи ҳодисаҳои гирифти Офтоб ва Моҳ

Муаллиф: ИЛЁСОВ ЗУХАЛИДДИН

Шарҳи ҳодисаҳои гирифти Офтоб ва Моҳ

  Шояд ҳамаи мо дар ҳаёти шахсии хеш бавуҷудоии ин ҳодисаҳоро шунидаем ва ҳатто мумкин аст шоҳиди ин ҳодисаҳои аҷоиби табиӣ гашта бошем. Албатта нисбати ин падидаҳо ба худ савол мегузорем, ки кадом омилҳо сабабгори пайдоишашон мегарданду дар маҷмӯъ онҳо чӣ гуна ҳодисаҳои табиатанд.

   Дар замонҳои қадим низ бавуҷудоии ин ҳодисаҳо мушоҳида карда мешуд. Одамон баробари бавуҷудоии ин ҳодисаҳоии асроромез ҳар гуна ақидаҳои мухталиф пешниҳод намуда, нисбат ба ин падидаҳои табиат тарсу ҳарос доштанд. Ҳатто баъзеашон чунин мепиндоштанд, ки кадом як ҳайвони золим кӯшиш дорад Офтобро вайрон созад. Агар гирифти Офтобу Моҳ мудати тӯлонӣ давом мекард онҳо ба кӯчаҳо баромада ба ҷанг омодагӣ медиданд. Табақаи дигари онҳо ин ҳодисаҳои табиатро ҳамчун қувваи илоҳӣ шуморида оид ба гирифтани Офтобу Моҳ афсонаҳои зиёде навиштаанд. 

  Имрӯзҳо илм исбот намудааст, ки гирифти Офтоб ва Моҳ падидаи (табиист) астрономист. Гирифт-ҳодисае, ки дар он як ҷирми осмонӣ монеъи афтиши рӯшноӣ ба ҷирми дигар мегардад. Машҳуртарин гирифт: ин гирифти Офтоб ва Моҳ мебошад. Инчунин гузариши якҷои сайёраҳои дигар аз қурси Офтоб низ мавҷуд аст. Вале инҷо мо гирифти Офтоб ва Моҳро шарҳ медиҳем.

     Расми 1. Гирифти Моҳ

   Гирифти Моҳ дар он ҳолат рух медиҳад, агар Моҳ дар вақти ҳаракати худ ба сояи Замин дохил шавад. Кутр (диаметр)-и сояи Замин дар масофаи 363000 км (масофаи наздиктарини Моҳ аз Замин) қариб ба 2,5 диаметри Моҳ баробар аст. Бинобар ин, Моҳ дар ин ҳолат пурра ноаён мегардад. Ҳангоми гирифти Моҳ Замин гирду атрофро натанҳо торик инчунин нимторик низ мекунад, яъне сояи Замин дар ин ҳолат ба соя ва нимсоя ҷудо мешавад. Моҳ дар вақти гирифт аввал ба нимсоя ва баъдан ба сояи Замин ворид шуда дар он гирифти қисман ва пурра ба амал меояд. Дар ҳолати гирифт, Моҳ одатан ба сояи Замин аз канори чап дохил мешаваду аз тарафи рост мебарояд. Гирифти Моҳ мумкин аст то 1 соату 48 дақиқа давом намояд ва дар як сол вобаста ба ҷойгиршавии маҳал аз 2 то 3 гирифти Моҳ ба амал меояд.

Расми 2.  Гирифти Офтоб

Ҳангоми гирифти Офтоб асосан се ҳолат вуҷуд дорад:

             -гирифти қисман;

             -гирифти пурра;

             -гирифти ҳалкашакл;

  Гирифти Офтоб падидаи астрономиест, ки сояи Моҳ ҳангоми ҳаракати хеш қисман ва ё пурра сатҳи Офтобро мепӯшонад. Яъне дар ин ҳолат Моҳ дар байни Офтоб ва Замин ҷой мегирад. Албатта ин ҳодиса дар он ҳолат ба амал меояд, ки агар тарафи норавшани Моҳтоб ба суи Замин нигаронида шуда бошад, (яъне Моҳро аз Замин дида нашавад).

  Дар ин ҳолат ба мушоҳиди дар Замин буда таасуроте ба вуҷуд меояд ки гуё Офтоб бо (қурс) диски сиёҳе пӯшонида мешавад. Ва ин падидаро гирифти Офтоб мегуянд. Диаметри сояи Моҳ дар сатҳи Замин аз 270 км зиёд нест ва он аз рӯи як тасмаи борик ҳаракат мекунад, одамоне, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, метавонанд гирифти офтобро мушоҳида кунанд. Суръати миёнаи ҳаракати сояи Моҳ дар сатҳи Замин ба 1км/с баробар аст. Азбаски Моҳ аз руи мадори эллипсӣ ҳаракат мекунад, масофаи байни Замину Моҳ ва Офтоб тағйир меёбад. Диамтери сояи Моҳ дар рӯи Замин мутаносибан дар ҳар гирифт гуногун буда, аз якдигар фарқ мекунад. Агар мушоҳид дар зери сояи Моҳ қарор дошта бошад, пас гирифти пурраи Офтобро мебинад. Дар ин ҳолат сояи Моҳ ба пуррагӣ сатҳи Офтобро мепӯшонад ва эҳтимол аст, ки сайёраҳову ситораҳои осмон намудор гарданд. Гирифти пурраи Офтоб тақрибан якчанд дақиқа давом мекунад. 

  Дар саёраи Замин ҳар сол асосан 3 (баъзан мумкин аст 4 маротиба) гирифти Офтоб ба амал меояд. Ба ҳисоби миёна дар тӯли 100 сол то 237 гирифти Офтоб шуда, 160-тои он гирифти қисман, 63-гирифти пурра ва 14- гирифти ҳалқамонанд мебошад. Тӯлонитарин гирифти пурраи Офтоб 15-уми январи соли 2010 дар Ҷанубу-Шарқии Осиё рух додаст, ки мудати 11 дақиқа давом намудааст. Диаметри Офтоб аз Моҳ қариб 400-маротиба калон аст, лекин  аз сабаби он, ки масофаи Замину Офтоб, аз масофаи Замину Моҳ 400-маротиба зиёд аст, доираҳои дидашавандаи онҳо  аз Замин ба ҳам баробар метобанд. Яъне дурии Офтобу наздикии Моҳ боиси андозаҳои якхела доштани онҳо аст.  Дар эҷодиёти халқ зарбулмасале мавҷуд аст: «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Ин дуруст аст, вале Офтобро бо танга ҳам пӯшонидан мумкин аст: фақат ба он шарт, ки тангаро бевосита дар назди чашм нигоҳ дорем. Дар ин ҳолат доираи танга ба доираи ба назар намоёни Офтоб баробар гардида Офтоб аз назар нопадид мегардад.

Категория: ОЁ МЕДОНЕД ? | Добавил: Admin
Просмотров: 74 | Загрузок: 0 | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
avatar