(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Август » 29 » 1 сентябр ба дарс. Вазорати маориф мегӯяд, қонуншиканӣ накардааст
09:46
1 сентябр ба дарс. Вазорати маориф мегӯяд, қонуншиканӣ накардааст

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастуреро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи
он сарфи назар аз Иди Қурбон, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён 1 сентябр ба ҳозир
шудан ба машғулиятҳо уҳдадор мешаванд. Дар Вазорати маориф мегӯянд, бо ин қарор
ҳуқуқи касе поймол намешавад.

Котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита
иттилоъ дод, ки санаи 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷашн
гирифта мешавад ва толибилмон уҳдадоранд, ки ба машғулиятҳо ҳозир шаванд.

 

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорат дар бораи ба рӯзи дигар
гузаронида нашудани ҷашни Рӯзи дониш қарор қабул шуда, «бар асоси ин қарор вазир дастур
ба имзо расонид ва ин ҷо ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва поймолкунии ҳуқуқи касе ҷой надорад, зеро
Рӯзи дониш низ дар қонун дар бораи рӯзҳои ид дарҷ ёфта, бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад
. «Иди мусулмонӣ се рӯз ҷашн гирифта шуда, хонандагону донишҷӯён онро рӯзи шанбе ё якшанбе ҷашн
гирифта метавонанд», - гуфт ӯ.

Раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Рамазон Одиназода низ итминон медиҳад, ки Вазорати
маориф қонунгузориро вайрон намекунад.

«Мувофиқи Рӯзи дониш хонандагон 1 сентябр бояд ба машғулиятҳо ҳозир шаванд ва ин ҷашн дар қонун
дар бораи рӯзҳои ид зикр шудаааст, - гуфт ӯ. - Санаи дақиқи идҳои мусулмонӣ дар қонун зикр наёфта,
онро Кумитаи дин муайян мекунад. Рӯзи донишро қонун ва Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор муайян
мекунад, аз ин рӯ ҷашни дар қонун зикршуда афзалият дошта, ин ҷо ҳеҷ қонуншикнаие сурат намегирад.
Хонандагон бояд 1 сентябр ба мактаб раванд».

 

Просмотров: 72 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar