Равоншиносон ва асабшиносони Донишгоҳи Ливерпули Британияи Кабир

баъди тадқиқоти зиёд ба хулосае омаданд, ки мутолиаи китобҳои бадеӣ ба афзудани шуурнокӣ ва фаъол гаштани майнаи сари инсон мусоидат мекунад. Барои анҷом додани тадқиқот коршиносон чанд нафар ихтиёриёнро даъват намуда, аз онҳо дархост карданд, ки танҳо эҷодиёти драматургон Уилям Шекспир, Вордсворт ва Элиотро мутолиа намоянд. Ҳолати асаб ба ҳар як калимаи мутолиашуда аз тарафи иштирокчиёни тадқиқот тариқи томографияи магнитӣ сабт карда шуд. Дар натиҷаи озмоиши аксҳо муайян гардид, ки матнҳои аслӣ бо маҷозҳои мураккаб ва синтаксис хонандаро ба идомаи мутолиа водор мекунад. Ҳамчунин олимон муайян намудаанд, ки мутолиаи шеър ва ғазалҳо қисми рости майнаи сари инсонро, ки дар он бештари маълумот захира мешавад, фаъол мегардонад. 

Просмотров: 186 | Добавил: Admin | Дата: 06.08.2017 | Комментарии (0)

                 

                            Дар Кения ҷинояткорон ба қароргоҳи ноиби Президенти мамлакатУиллиам Руто ҳамла карданд. Дар пайи ҳодиса 2 кас ба ҳалокат расида, як тани дигар захмӣ шуд. Дар миёни ҳалокшудагон як афсари полис низ ҳаст. Ҳодиса дар шаҳраки Элдорет ба амал омада, замони ҳамла дар манзили зист аъзои оилаи ноиби президент қарор надоштаанд.

Просмотров: 129 | Добавил: Admin | Дата: 06.08.2017 | Комментарии (0)

             Дар вилояти Ҳомси Сурия гурӯҳи наворбардорӣ мавридиҳамлаи террористон қарор гирифт. Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ду нафар: аз ҷумла, рӯзноманигори шабакаи телевизионии «Раша Тудей» ва як хизматчии давлатӣ ба ҳалокат расид. Расонаҳои хабарӣ инчунин дар хусуси захмӣ шудани наворбардор маълумот додаанд. Қабл аз ҳамла, гурӯҳи наворбардорӣ ҷараёни амалиёти неруҳои ҳукуматиро бар зидди ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар ноҳияи Сухнаи Ҳомс сабт мекард. 

Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 101 | Добавил: Admin | Дата: 06.08.2017 | Комментарии (0)