Главная » 2017 » Август » 29

Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гӯлҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Москва ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шудани гӯшаш шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Давлатзода гуфтааст, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт ва тамоми мушкилоташ аз онҷо оғоз шуд. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.

Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, ... Хондан бештар »

Просмотров: 151 | Добавил: Admin | Дата: 29.08.2017 | Комментарии (0)

Ҷасади муовини сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода
баъди 19 рӯз дарёфт шуд. Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ,
ки ба он ҷо муовини сардори ШВКД таъин шуда буд, ба садама дучор гардида, бедарак шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита
хабар дод, ҷасади Рамазон Муҳаммадзода 300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Тавре қаблан эҳтимол мерафт, автомашинаи таҳти идораи Муҳаммадзода назди деҳаи Петеи ноҳияи
Айнӣ ба рӯдхонаи Фондарё чаппа шуда, дар соҳили дарё ҳуҷҷатҳои муовини тозатаъини сардори ШВКД
пайдо шуда буданд.

Просмотров: 141 | Добавил: Admin | Дата: 29.08.2017 | Комментарии (0)

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастуреро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи
он сарфи назар аз Иди Қурбон, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён 1 сентябр ба ҳозир
шудан ба машғулиятҳо уҳдадор мешаванд. Дар Вазорати маориф мегӯянд, бо ин қарор
ҳуқуқи касе поймол намешавад.

Котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита
иттилоъ дод, ки санаи 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷашн
гирифта мешавад ва толибилмон уҳдадоранд, ки ба машғулиятҳо ҳозир шаванд.

 

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорат дар бораи ба рӯзи дигар
гузаронида нашудани ҷашни Рӯзи дониш қарор қабул шуда, «бар асоси ин қарор вазир дастур
ба имзо расонид ва ин ҷо ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ва поймолкунии ҳуқуқи касе ҷой надорад, зеро ... Хондан бештар »

Просмотров: 92 | Добавил: Admin | Дата: 29.08.2017 | Комментарии (0)

 

Аз ин ҳодисаи фоҷеабор танҳо 3 нафар ҷон ба саломат бурданд.


Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ, дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, 10 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 28 август дар роҳи мошингарди Роштқалаъа - Хоруғ рух дода, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Старекс» аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба рӯдхонаи Шоҳдара сарозер шудааст. Дар дохили автомашина 13 нафар мусофирон, аз ҷумла 4 нафар кӯдакон қарор доштаанд.

Бар асари ин ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки байнашон 4 нафар кӯдакон низ ҳузур ... Хондан бештар »

Просмотров: 113 | Добавил: Admin | Дата: 29.08.2017 | Комментарии (0)