Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳия дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ рейди шабона гузарониданд.



Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб, дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаи зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерие, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамоянд, як гурӯҳ ҷавонон ва 3 нафар ноболиғон, ки таътили зимистонаашонро дар чунин маконҳои барои ояндаашон ... Хондан бештар »

Просмотров: 131 | Добавил: Admin | Дата: 11.01.2018 | Комментарии (0)

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи раводид ва ҳаллу фасли қитъаи баҳсноки сарҳад - сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, тибқи созиши ҳосилшуда ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» санади нав ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нияти ояндаи наздик боз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва автобусҳо, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади давлатии кишварҳоро низ тасдиқ намудаанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон самтҳои ҳамкории минбаъдаро муайян карданд

Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эъ ... Хондан бештар »
Просмотров: 153 | Добавил: Admin | Дата: 11.01.2018 | Комментарии (0)