Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 202 | Добавил: Admin | Дата: 17.01.2018 | Комментарии (0)

             Дар вилояти Ҳомси Сурия гурӯҳи наворбардорӣ мавридиҳамлаи террористон қарор гирифт. Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ду нафар: аз ҷумла, рӯзноманигори шабакаи телевизионии «Раша Тудей» ва як хизматчии давлатӣ ба ҳалокат расид. Расонаҳои хабарӣ инчунин дар хусуси захмӣ шудани наворбардор маълумот додаанд. Қабл аз ҳамла, гурӯҳи наворбардорӣ ҷараёни амалиёти неруҳои ҳукуматиро бар зидди ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар ноҳияи Сухнаи Ҳомс сабт мекард. 

Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 94 | Добавил: Admin | Дата: 06.08.2017 | Комментарии (0)

Дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба боришоти

пай дар пай, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел 10 нафар ҳалок гардида, 4 тани дигар дар руйхати шахсони бедарак қарор доранд. Аз боришот асосан ба аҳолии ва хоҷагии халқи қисми ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин хисороти зиёд ворид гардид. Тибқи маълумоти охирин аз офати табиӣ 196 ҳазор кас зарар дид. Дар давоми як моҳ дар 17 шаҳру минтақаҳои мамлакат аз ҷумла Гуандун, Сичуан, Юннан, Цзянси, Гуйчжоу ва маркази маъмурии Чунчин ва Гуанси-Чжуанск лағжиши чанд қитъаи замин ба қайд гирифта шуд. Мутахассисон хисороти вориднамудаи офати табииро 110 миллиард юан, ки баробари 16,3 миллион доллар мебошад, нишон медиҳанд. Бар асари обхезӣ 800 ҳазор биноҳои истиқоматӣ зери лою гил монда, 6,5 миллион гектар киштзор хароб гардид. 

Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 120 | Добавил: Admin | Дата: 04.08.2017 | Комментарии (0)

Дар Малайзия кормандони хадамоти гумрук як тонна устухони филва каркаданро дарёфт ва мусодира карданд. Бино ба маълумоти расида, ҳангоми тафтиши автомобили боркаш аз дохили он устухону дандонҳои фил ва шохи каркадан пайдо карда шуд. Ронанда ва соҳибмулки маҳсулоти дохили автомобили боркаш боздошт гардиданд. Иттилоъ дода мешавад, ки устухонҳои мусодирашуда аз Африқо тавассути Дубай ба Малайзия интиқол дода шудааст. Саррофон арзиши устухонҳои мусодирагардидаро дар бозори сиёҳ 1 миллион доллар нишон медиҳанд. Кормандони Хадамоти гумрук дар ҷойи махсус устухонҳоро нобуд карданд. 

Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 135 | Добавил: Admin | Дата: 04.08.2017 | Комментарии (0)

              Дар Судони Ҷанубӣ як гурӯҳ афроди мусаллаҳ ба автобуси мусофирбар ҳамла кард. Бар асари ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, 10 тани дигар ҷароҳат бардошт. Тамоми фавтидагон аҳолии осоишта нишон дода мешавад. Тибқи маълумоти расида, автобус аз пойтахти Судон шаҳри Ҷубай ҷониби шаҳри Нимулӣ воқеъ дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Уганда ҳаракат дошт. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад аз соли 2013 то ҳол дар Судони Ҷанубӣ вазъияти ноором ҳукмфармост. Вобаста ба бархӯрду ҳамлаҳои мусаллаҳона беш аз 2 миллион нафар сокинони мамлакат иҷборан тарки манзил карданд. 

Категория: Ахбори чахон | Просмотров: 96 | Добавил: Admin | Дата: 04.08.2017 | Комментарии (0)