Главная » 2017 » Август » 29 » Ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак дар садамаи нақлиёт дар шарқи ҷумҳурӣ
09:11
Ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак дар садамаи нақлиёт дар шарқи ҷумҳурӣ
 

Аз ин ҳодисаи фоҷеабор танҳо 3 нафар ҷон ба саломат бурданд.


Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ, дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, 10 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА хабар доданд, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 28 август дар роҳи мошингарди Роштқалаъа - Хоруғ рух дода, ронандаи микроавтобуси тамғаи «Старекс» аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, он ба рӯдхонаи Шоҳдара сарозер шудааст. Дар дохили автомашина 13 нафар мусофирон, аз ҷумла 4 нафар кӯдакон қарор доштаанд.

Бар асари ин ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки байнашон 4 нафар кӯдакон низ ҳузур доранд. Ҷасадҳои ҳамаи фавтидагон дарёфт шуда, се мусофир, аз ҷумла ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Айни замон сабабу ҳолатҳои садама мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиёт комиссияи тафтишотӣ машғули кор аст.

 

Просмотров: 113 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar