Главная » 2017 » Август » 29 » Дарёфти ҷасади муовини сардори ШВКД ноҳияи Айнӣ 300 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса
09:53
Дарёфти ҷасади муовини сардори ШВКД ноҳияи Айнӣ 300 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса

Ҷасади муовини сардори Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рамазон Муҳаммадзода
баъди 19 рӯз дарёфт шуд. Рамазон Муҳаммадзода рӯзи 9 август дар роҳ ба самти ноҳияи Айнӣ,
ки ба он ҷо муовини сардори ШВКД таъин шуда буд, ба садама дучор гардида, бедарак шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита
хабар дод, ҷасади Рамазон Муҳаммадзода 300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Тавре қаблан эҳтимол мерафт, автомашинаи таҳти идораи Муҳаммадзода назди деҳаи Петеи ноҳияи
Айнӣ ба рӯдхонаи Фондарё чаппа шуда, дар соҳили дарё ҳуҷҷатҳои муовини тозатаъини сардори ШВКД
пайдо шуда буданд.

 

«Дар автомашина ҳамчунин се мусофири дигар - Қурбоной Сардороваи 65-сола ва Раҷаб Ҳайталиеви
72-сола, сокинони ноҳияи Панҷ, сокини ноҳияи Мастчоҳ Абдуллобек Усмонови 66-сола низ ҳузур доштаанд
, ки ҷасадҳои онҳо низ дарёфт шуд», - гуфт намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Аввали моҳи августи соли равон Рамазон Муҳаммадзода ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи
Айнӣ таъин шуда, дар роҳ ба ҷойи кори нав ба садама дучор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,мусофирон ба осоишгоҳи «Баҳористон» дар шимоли ҷумҳурӣ сафар доштаанд.

 

Просмотров: 141 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar