(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Июл » 31 » Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ширкат мекунад
19:48
Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ширкат мекунад
Дилшод Назаров

ДУШАНБЕ, 29.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Аз 4 то 13 августи соли равон дар шаҳри Лондони Британияи Кабир Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир мегардад, ки дар он 2 варзишгари Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷумҳурии мо гурзпартои машҳур,  чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров меъёрҳои муайяннамудаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабукро (IAAF) иҷро ва ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳонро пайдо кард. Дилшод Назаров 9 июл дар чемпионати Осиё (Ҳиндустон) сазовори медали тилло гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки варзишгари дигари мо Кристина Пронженко (дар намуди дав ба масофаи 400 метр) тибқи квотаи IAAF дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 47 қувваозмоӣ – 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва 23 қувваозмоӣ миёни бонувон  баргузор мегарданд.

Кристина дар намуди дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа миёни бонувон рӯзҳои 6-7 август рақобат мекунад. Дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтан, қувваозмоиҳо то 11 август идома меёбанд.

Қувваозмоии гурзпартоӣ, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад, 9 август шурӯъ мегардад. Даври финалии қувваозмоӣ 11 август баргузор мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки Дилшод Назаров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин сазовори медали нуқра шуда буд.

Просмотров: 107 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar