Главная » 2018 » Январ » 17 » Эълони беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар соли 2017
01:37
Эълони беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар соли 2017

Эълони беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар соли 2017



Меҳрангез Исмоилова

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорат, дар озмуни ниҳоӣ мураббиёни муассисаҳои томактабии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карда, намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун ҳузур надошт.

 

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

 

Просмотров: 108 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar