(adsbygoogle = window.adsbygoogle || []).push({});
img
Главная » 2017 » Август » 29 » Кӯчарӯби тоҷик қариб аз гӯшаш маҳрум шуда буд. Барои як эроди ночизе…
09:59
Кӯчарӯби тоҷик қариб аз гӯшаш маҳрум шуда буд. Барои як эроди ночизе…

Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гӯлҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Москва ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шудани гӯшаш шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Давлатзода гуфтааст, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт ва тамоми мушкилоташ аз онҷо оғоз шуд. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.

Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам”.

Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст. “Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, - гуфт Маҳмадулло Давлатзода.

Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд.

Ирина Бирюкова, яке аз вакилони мудофеи созмони “Общественный вердикт” гуфт, Давлатзода дар як ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва бинобар ин ӯ аз номи Давлатзода ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст.

 

Просмотров: 97 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar