Главная » 2018 » Январ » 11 » Созиши Душанбеву Тошканд дар масъалаҳои раводиду сарҳад
23:03
Созиши Душанбеву Тошканд дар масъалаҳои раводиду сарҳад
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи раводид ва ҳаллу фасли қитъаи баҳсноки сарҳад - сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, тибқи созиши ҳосилшуда ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» санади нав ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нияти ояндаи наздик боз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва автобусҳо, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади давлатии кишварҳоро низ тасдиқ намудаанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон самтҳои ҳамкории минбаъдаро муайян карданд

Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд», - гуфт манбаъ.
Просмотров: 116 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar