01:37
ВКД: боздошти боз 4 тан аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
ВКД: боздошти боз 4 тан аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Солҳои 2014-2015 онҳо ба гурӯҳ таҳти раҳбарии Акбаршо Нусратшоев, ки зери итоати Абдуҳалим Назарзода қарор дошту айни замон мавриди пайгард қарор дорад, шомил гардидаанд.
Сурат: Кадр аз навори видео
Чор тан аз аъзои гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз ҷониби сохторҳои қудратии Тоҷикистон дастгир шуданд.

Дар гузориши телевизионии чанде қабли барномаи «Сипар - Ахбори ВКД» дар ин робита зикр шуд, ки онҳо ба гумони даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти ВКД, боздоштшудагон инҳоянд: Ҳусейн Ҷавови 31-сола, собиқ узви ҲНИТ ва Назриддин Ноибови 36-сола, таҳсилкардаи мактаби олии динии Покистон, ҳарду истиқоматкунандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва зодагони ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ ва сокинони шаҳри Душанбе - Саъдоншо Назарови 39-сола ва Алишер Ҳасанбекови 40-сола, инҳо ҳам зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ.
Просмотров: 45 | Добавил: programistzuhal | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar