Главная » 2018 » Январ » 17 » Ӯзбекистон бори дигар бо маҳсулоти худ тоҷикистониёнро ба ҳайрат меорад
01:18
Ӯзбекистон бори дигар бо маҳсулоти худ тоҷикистониёнро ба ҳайрат меорад

Ҷонибҳо дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулот дар Душанбе ва Тошканд ба мувофиқа расиданд.


Акс аз намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2017, Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ин иқдом барои ҳавасмандсозии савдои мутақобила роҳандозӣ шуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе нимаи аввали ҳамин сол ва намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Тошканд нимаи дуюми соли равон баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги бузургмиқёси Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соли 2019 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон соли 2020 низ созиш ҳосил шудаааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Моҳи октябри соли гузашта наздики 150 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро дар маркази «Ӯзэкспоцентр»-и Ӯзбекистн муаррифӣ карданд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, кокрарди металлҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, маводи ғизойӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамчунин соли гузашта бори нахуст тӯли солҳои истиқлолият Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуданд.

 

Просмотров: 82 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar