Муш ва ё Мушаки компютер — дастгоҳест ишоракунандаи дасткор, ки дар болои миз истифода бурда мешавад. Он самти кори компютерро нишон дода, информатсияро дар экрани монитор ба ҳаракат медарорад.
Клавиатура — асбобе монандаи мошинаи чопкунӣ, ки барои ворид кардани информатсия ва командаҳо ба компютер истифода бурда мешавад. Илова бар калидҳои ҳарфӣ, бисёре аз калидҳои блоки рақамӣ ва функсиналӣ дорад, ки истифодаи барномаҳои компютериро осон мегардонад.
Принтер ва ё дастгоҳи чопкунӣ Print — чоп кардан. Дастгоҳ барои табдил додани сигналҳои компютер ба калимаҳо ва тасвирҳо дар рӯи қоғаз дар шакли сиёҳу сафед ва ё дар шакли ранга.
1. Намудҳои принтер
2. принтери лазерӣ
3. принтери ранга
4. принтери сиёҳу сафед