ДАВЛАТИ САФФОРИЁН

0
362

      Дар асрхои 1Х-Х монанди асрхои пешина хукуматдорон барои мухофизат намудани сархадхои худ аз хучумхои горатгаронаи кучманчиён дастахои алохидаи мусаллах ташкил менамуданд. Онхоро гозиён, яъне муборизони рохи дин меномидад. Ин дастахои мусаллах, асосан аз кишоварзон, хунармандон ва дигар тоифахои хонахаробгашта иборат буданд. Касби асосии гозиён чанг буд.

        Онхо мебоист сархаду шахр ва вохахои ободро аз бодиянишинон мухофизат менамуданд, вале аксар вакт дар фуру нишондани шуришхои халкй, ки бар зидди ашрофу феодалон равона шуда буданд, иштирок мекарданд. Тадричан дар охири асри IX ин дастахо — гозиён дар Хуросон ба кувваи тавоно табдил ёфтанд. Дар байни онхо бародарон Яъкуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс бо корнамоихои худ дар нохияву шахрхои гирду атроф машхур гаштанд. Асосгузори ин сулола Яъкуб ибни Лайс буд. Бародарон дастахои сершумори рохзанон ташкил намуданд. Шумораи чанговаронашон руз аз руз меафзуд.

          Яъкуб ин кувваро истифода бурда, соли 861 хокими Сиистонро сарнагун намуд ва маркази он шахри Заранчро гирифт. Дар дахсолаи оянда водихои Кобул ва Синд, Кирмон ва Форсро тасарруф кард. Халифа Муътамид (870¬ 892) ба Яъкуб вазифаи хокими Балх ва Тахористонро супурд. Халифа ва ашрофи араб мекушиданд бо хамин рох хонадони Тохириён ва Саффориёнро чанг андозанд, то ки онхо заифу нотавон гашта, дигар ба мукобили хилофат мубориза набаранд ва аз итоати хилофат гардан натобанд. Дамаи ин ниятхои арабхо барбод рафтанд. Соли 858 Яъкуб хохиши мардуми Сиистонро ба чо оварда, вазифаи хокимиро ба зимма гирифт. Солхои 862¬ 864 ду маротиба чангида, вилояти Бустро ба даст даровард.

        Соли 867 бо лашкари зиёд рохи Хуросонро пеш гирифт ва чанд шахру музофотро гасб намуд. У ахли хонадони Тохириёнро асир гирифт ва бо хамин ба сулолаи Тохириён хотима дод. Ин амалиёти Яъкуб кахру газаби халифаро ба миён овард. Халифа аз афзудани обруи Яъкуб дар бим афтод ва соли 874-875 мачбур шуд, ки Мовароуннахрро ба Наср ибни Ахмади Сомонй пешкаш намояд, то ки Яъкуб онро хам гасб накунад. Дар хакикат, дар он давра куввае набуд, ки пеши рохи Яъкубро бигирад ва хавфи аз миён рафтани хилофати Аббосиён ба миён омада буд.

        Яъкуб ибни Лайс хангоми ба Багдод бори дуюм лашкар кашиданаш ба хатои чиддй рох дод. Дар хамин солхо зангиён бо сарварии Алй ибни Мухаммади Буркай шуриш бардошта буданд ва он кариб 14 сол (869-883) давом кард. Яъкуб аз кумаки пешниходнамудаи Буркай даст кашид ва ин яке аз сабабхои шикаст хурдани вай буд. Кувваи Саффориён бо сарварии Яъкуб беш аз пеш меафзуд. Вай соли 873 ба лашкари Мухаммад ибни Тохир зарбаи сахт зад ва худи уро асир гирифт. Пойтахти Тохириён шахри Нишопурро гасб намуд. Соли 874 халифа аз ноилочй Хуросон, Табаристон, Ч,урчон ва Райро ба ихтиёри Яъкуб дод.

            Яъкуб чанговари шучоъ ва хоксор буд. Ба сарулибос ва дабдабаи дарборй чандон ахамият намедод. Вай дар байни чанговарон интизоми сахт чорй намуд ва хангоми мухорибахо доим дар сафи пеш мечангид. Дар яке аз задухурдхо сахт мачрух шуд ва дар давоми бист руз танхо ба воситаи найча гизо мехурд, вале хамин ки ба по хест, боз рохи майдони мухорибаро пеш гирифт. Яъкуб аввалин шахсе буд, ки орзуи ташкил кардани давлати точиконро дошт. Яъкуб ифтихори халкаш буд. Дангоми мухорибахо бештар ба кувваи асосии худ — «ихтиёриён» такя менамуд, ки мардум онхоро айёр, часур, чобук ном мебурданд. Онхоро «муборизони рохи дин» хам меномиданд. Сафи «ихтиёриён» аз хисоби кишоварзони безамин ва гурезахо меафзуд. Онхо тахти сарварии Яъкуб ибни Лайс бо рухбаландии зиёд корнамоихо нишон медоданд. Дамрохи айёрхо фарзандони кишоварзон ва заминдорони калон хам мечангиданд, ки онхо дар байни мардум бо номи «озодагон» машхур буданд. Дар сафи лашкари Яъкуб гуломон низ хизмат мекарданд.

        Дар аввал Яъкуб 2-3 хазор лашкар дошт, вале солхои 874-875 вай метавонист то 15 хазор аскарони савораро ба чанг дарорад. Лашкари Саффориён мошинхои деворшикан ва филхои чангй дошт. Яъкуб ду маротиба ба мукобили хилофати араб ба Багдод хучум овард. Бори якум ба шикаст дучор гардид, бори дуюм ба Багдод нарасида касал шуд ва дар бозгашт соли 879 вафот кард. Яъкуб барои забони точикиро забони давлатй кунонидан бисёр захмат кашид. Бо амри Яъкуб шоирони форсу точик, ки асосан ба забони арабй менавиштанд, акнун бо забони модариашон иншо мекардагй шуданд. Бисёр китобу дастурхо ба забони форсй-точикй гардонда шуданд. Баъди вафоти Яъкуб бародараш Амр ибни Лайс ба тахт нишаст. Уро чанговарони содикаш сохиби тахт карданд. Вай рохи дустиро бо халифа Муътамид (870-892) пеш гирифт ва халифа бори дигар хонадони Саффориёнро ба расмият шинохт. Халифа ба Амр маншур (фармон)-и нав фиристода, чунин вилояту шахрхоро ба у дод: Порс, Кирмон, Исфахон, Кухистон, Гургон, Табаристон, Балху Кобул, Сиистону Синд, Мовароуннахр ва шахнагии (хокими шахр) Багдод. Амр хар сол ба хазинаи халифа, ба Багдод 20 миллион дирам, инчунин дар мавридхои зарурй гох-гох лашкар хам мефиристод. Ин дустии байни онхо дер давом накард ва халифа ба чанги зидди Амр бархост.

       Дар ин мухорибахо Амр голиб омад. Халифа макру найрангро ба кор бурд. Вай Исмоили Сомониро ба мукобили Амр барангехт, вале аз ягон тараф задухурд нашуд ва хатто касе захм набардошт. Исмоили Сомонй ноилоч, гайри хохишаш Амрро ба Багдод фиристод ва у дар зиндон халок гардид. Аз руи сарчашмахо Амр сиёсатмадори мохир ва лашкаркаши боистеъдод будааст. Пушту панохи Амр лашкар ва феодалони хурде буданд, ки манфиати онхоро харчониба химоя менамуд. Аз сиёсати Амр ашрофи олимартаба ва заминдорони калон норизо буданд. Дар натича давлати Саффориён инкироз ёфт ва мулкхои он ба итоати давлати Сомониён гузашт. Давлати Саффориён хамчун давлати мустакил ба зудй дар Эронзамин пахн гашт ва исбот намуд, ки камбагалон хам метавонанд давлати мустакили худро бисозанд. Кариб аксарияти давлатдорони Саффориён аз точикон буданд ва бисёриашон забони арабиро намедонистанд. Маъхазхои боэътимод исбот намудаанд, ки байни давлатхои Саффориёну Сомониён хеч гуна душманй вучуд надошт, гарчанде Аббосиён мехостанд онхоро ба мукобили хамдигар бархезонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here