ДАВЛАТИ СОМОНИЁН. ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН.

0
295

         Баъди он ки арабхо мардуми Мовароуннахр ва Хуросонро ба итоати худ дароварданд, шуришхои халкй низ паси хам ба вукуъ меомаданд, ки калонтарини онхо шуришхои Абумуслим, Муканнаъ ва Рофеъ ибни Лайс буданд. Барои фуру нишондани ин шуришхо халифахои араб ашрофу феодалони махаллиро истифода мебурданд. Чунон ки дар боби якум сухан рафт, соли 806 дар Самарканд ва дар Сиистону Истаравшан шуришхои пурзур ба вукуъ пайвастанд.

        Аз ин ру халифа мачбур буд, ки вазифахои давлатиро ба намояндагони мардуми махаллй супорад. Аз соли 821, вакте ки сулолаи махаллии Тохириён ва баъдтар сулолахои Саффориёну Сомониён ба сари хокимият омаданду Хуросону Мовароуннахрро мустакилона идора менамуданд, мавкеи ашрофи махаллй боз хам пойдортар гардид. Баъди сулолахои Тохириёну Саффориён обруи хонадони дигари точикон — Сомониён дучанд мешавад.

        Ин хонадон дар фуру нишондани шуриши Рофеъ ибни Лайс, ки ба мукобили хилофат равона карда шуда буд, фаъолона иштирок намуд ва бисёр намояндагони ин хонадон сохиби мартабахои баланд гардиданд. Нихоят, умеди халифахои араб, ки мехостанд бо рохи чалб намудани феодалони махаллй мавкеи худро пурзур намоянд, барор нагирифт. Баръакс сулолахои махаллй бо тамоми чиддият мекушиданд, ки аз итоати хилофати араб пурра озод шаванд. Албатта, ин ба осонй ба даст наомад. Бисёр муборизон дар ин рох чон нисор карданд (фочиаи хонадони Бармакихоро ба хотир биёред).

         Сулолаи Тохириён ва Саффориён тавонистанд озодй ба даст дароранд, вале хонадони Сомониён бо хираду заковат ва махорати кордонй тавонистанд комилан озод шаванд. Ба сари хокимият омадани сулолаи Сомониён. Бунёдгузори сулолаи Сомониён Сомонхудот (хокими Сомон) мебошад. Мувофики сарчашмахо чои баромади оли Сомон музофоти Балх, ё наздикии Самарканд ё Тирмиз аст. Дар сеи ин нохияву шахрхо музофоти Сомонро ташкил медоданд. Сомонхудот барои хизматхои босазояш аз тарафи Асад ибни Абдуллох, ки волии халифаи араб дар Хуросон буд, сохиби мартабаи баланд мешавад. Сомон барои хурмату эхтироми худ нисбат ба Асад ибни Абдуллох ба писараш Асад ном мегузорад. Асад чор писар дошт: Нух, Ахмад, Яхё, Илёс.

         Онхо дар замони салтанати халифа Маъмун вазифахои баланди давлатй, аз чумла хокимии шахру музофотхои алохидаро ба зимма доштанд. Нух дар Самарканд, Ахмад дар Фаргона, Яхё дар Чоч ва Истаравшан, Илёс дар Дирот хоким буданд. Набераи аз хама калони Нух сохиби шухрати зиёд мегардад. Вай дар хоричи мамлакат мисли сардори сулола баромад мекард ва бародарони дигар аз хар чихат хурмату эхтиромашро ба чо меоварданд. Ин бародарон бо номи худ танга сикка мезаданд, чанговаронро чамъ намуда, ба мулкхои хамсоя лашкар мекашиданд.

       Гарчанде дар итоати сулолаи Тохириён буданд, руз аз руз бойтару тавонотар мегардиданд. Баъди вафоти бародари калон Нух додари у Ахмад хокими Самарканд ва сарвари хонадони Сомониён мешавад. Вай шахси окилу доно буд ва дар пойдории сулолаи Сомониён хизмати бузург дорад. Дангоми зинда буданаш хокимии Самаркандро ба писари калониаш Наср дода буд. Соли 875 халифаи араб Муътамид ба дасти Наср хуччате дод, ки мувофики он тамоми Мовароуннахр ба итоати Наср даромад ва уро хамчун сардори хонадони Сомониён эътироф намуд. Дар ин вакт дар байни хонадони Сомониён ночурй ба миён омад.

         Баъзе аз бародарон ва хешу табор Насрро хамчун сарвари сулолаи Сомониён эътироф накарданд ва бо номи худ танга сикка мезаданд. Ин нохушй окибат ба чанги бародарон оварда расонд. Хусусан муносибати Наср бо Исмоил нихоят тезутунд гашт. Бухоро то соли 874 дар итоати Сомониён набуд ва Исмоил тавонист мулки Бухороро бо окиливу доной, хираду заковати худ сохиб шавад. Мулки Бухоро бой буд. Баъди он ки Исмоил худро тавоно ва мустахкам хис намуд, аз додани бочу хироч ба бародараш даст кашид ва ин рафтор боиси чанги бародарон гардид. Соли 888 ин амалиёт руй дод ва дар он Исмоил галабаи комил ба даст даровард. Наср асир афтод. Аммо Исмоили окилу доно бародари калониашро на танхо озод кард, балки уро дар вазифааш, яъне сарвари сулолаи Сомониён монд. Исмоил мехост Бухороро мустакилона идора кунад ва ба ин максадаш расид. Наср соли 892 вафот кард ва Исмоили Сомонй то соли 907 амири давлати Сомониён шуда, Бухороро пойтахт карор дод.

       Бо хамин ба сулолаи навбатии точикон муяссар гашт, ки давлати худро дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон таъсис дихад. Ин давлат аз соли 875 то соли 999 арзи вучуд дошт. Ин солхо дар таърихи халки точик солхои пешравии кишоварзй, пешаварй, тичорат, адабиёт, фарханг, санъат, бинокорй ва дигар чабхахо хисоб меёбанд. Давраи ташаккули халки точик ба охир мерасад. Асосгузори давлати точикон Исмоили Сомонй буд. Ин давлат хангоми салтанати Исмоил ба авчи тарккиёти худ расид ва хамчун давлати мустакили мутамарказ шухратманд гардид. Баъди поён ёфтани чангхои байнихудй ва нисбатан баркарор гардидани оромй, масъалаи бехатарии давлат ба миён омад. Васеъ шудани худуди давлати Сомониён. Исмоили Сомонй дар байни авлоди худ аз хамаи ёру бародарон, хешу таборон марди гаюртару ботадбиртар буд. Вай дар хунархои давлатдориву лашкаркашй ва дипломатй хамто надошт. Исмоил баъди дар дохили давлати худ нисбатан баркарор намудани тинчиву оромй, мебоист онро аз хучумхои _ачнабиён, кабилахои бодиянишин мухофизат намояд. У соли 893 ба мукобили бодиянишинон, ки мардуми Бухоро аз дасти онхо ба дод омада буданд, лашкар кашида, галабаи комил ба даст даровард ва хони бодиянишинонро бо дах хазор аскар асир гирифт.

        Баъди ин галаба бодиянишинон ба Мовароуннахр солхои дароз дигар тохту тоз накарданд. Баъд аз ин Исмоили Сомонй ба водии Талас лашкар кашида, онро бо конхои бойи Шелчй ба даст даровард. Ин конхо барои пешравии иктисодиёти мамлакат ахамияти бузург доштанд. Дамон соли 893 Исмоил ба музофоти Истаравшан, ки мустакил буд ва яке аз музофотхои пуркувват хисоб меёфт, хучум карда, онро ба тасарруфи худ даровард. Овозаи Исмоил ва давлати пуркуввати у берун аз Мовароуннахр пахн гашт ва ин боиси изтироби хилофати араб шуд. Халифаи араб бо хар рох, мекушид, ки давлати Сомониёнро заиф гардонад ва барои ба ин нияташ расидан тадбирхои гуногунро ба кор мебурд. Халифа ба хокими Хуросон Амр ибни Лайси Саффорй мактуб навишта, дар он хокими Мовароуннахр шудани уро ёд карда буд. У бо ин мехост хокими Хуросонро бар зидди хокими Мовароуннахр Исмоили Сомонй бархезонад ва таъсири хилофати арабро дар Хуросону Мовароуннахр пойдор гардонад. Баъди гирифтани мактуб хокими Хуросон Амр ба мукобили Исмоили Сомонй бархост. Исмоил, чунон ки муаррих Табарй менависад, «авом ва пешаваронро» мусаллах гардонда, ба пешвози Амр баромад ва рохи Балхро пеш гирифт. Задухурди аввалини онхо тирамохи соли 899 дар чанубтари дарёи Аму ба вукуъ пайваст. Дар ин мухориба Исмоили Сомонй санъати баланди чангй нишон дода, бар лашкари Амр галаба кард ва сохиби асирони зиёде шуд. У хамаи асиронро озод кард. Ин рафтори олихимматонааш дустони уро дар байни лашкари Амр хеле зиёд намуд ва обруяш дучанд шуд.

          Дар бораи мардуми авом ва хунармандонро мусаллах, намудани Исмоили Сомонй муаррих чунин менависад: «Исмоил Ахмад дар Мовароуннахр ба чорчихо фармуд эълон кунанд, ки «Амр омадааст, ки Мовароуннахрро забт кунад, одамонро ба катл расонад, молу мулкро ба горат барад ва занону кудаконро гулом гардонад». Задухурди дуюм бахори соли 900 дар наздикии Балх ба амал омад. Дар ин мухориба хам Исмоили Сомонй махорати баланди лашкаркашй ва диловарй нишон дода, галабаро ба нафъи худ хал намуд. Дар натича тамоми замини давлати Саффориён ба итоати Исмоили Сомонй гузашт. Дар ин мухориба хам мардуми авом ва хунармандон ёрии калон расонданд. Муаррих Наршахй хабар медихад, ки сабаби галабаи Исмоил он буд, ки вай тавонист хам ашроф, хам авом ва хам пешаваронро бо аслихаи чангй мусаллах гардонад ва галабаро бар нафъи худ таъмин кунад. Сабаби шикаст хурдани Амр он буд, ки — суханашро давом дода мегуяд Наршахй — ин кувваи бузургро ба эътибор нагирифт. Дар галабаи Исмоил накши асосиро оммаи мехнаткаши камбагал бозид. Дамин тарик, баъди истилои арабхо Исмоили Сомонй нахустин симои барчастаест, ки ба туфайли галабахо бар бодиянишинон ва хокими Хуросон Амри Саффорй давлати пуркуввати мутамарказ ва аз хилофати араб мустакилро ташкил карда тавонист. Давлати Сомониён пуркувваттарин давлати точикон буд ва Мовароуннахру Хуросон, Хоразм, Сиистон, Газна, Помири Гарбй, Кумис ва Райро дар бар мегирифт. Баъд аз ин Исмоили Сомонй ба корхои дохили мамлакат, таъсиси идорахои давлатй, ташкили лашкари пурзур ва харчониба мусаллах, инкишофи иктисодиёт, илму фарханг ва дигар корхои давлатй машгул шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here