ТАРАККИЁТИ ИКТИСОДИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН

0
312

      Кишоварзй. Дар асрхои !Х-Х дар Мовароуннахру Хуросон муносибатхои ташаккулёфтаи феодалй пурра чорй шуданд. Худи давлати Сомониён давлати феодалй хисоб меёфт ва аслан манфиати ашроф, феодалон, точирон ва рухониёни калонро мухофизат мекард.

      Замин, ки бойгарии асосй буд, дар дасти намояндагони сулолаи Сомониён, заминдорони калон, амалдорони давлатй, саркардахои харбй ва рухониён буд. Феодалони калон ба ивази мехнаташон ба деха, нохия ва вилоят сохиб мешуданд. Онхо аз мардуми сокини ин заминхо бочу хироч мегирифтанд. Феодалони калон мекушиданд, ки чунин заминхоро меросй карда, аз авлод ба авлод диханд. Баъзан хукумати марказй ба онхо гузашт мекард.

       Дар натича сулолахои меросй ба вучуд меомаданд ва онхо мекушиданд, ки аз итоати хукумати марказй бароянд. Тадричан на танхо замин, балки об хам, ки дар шароити Мовароуннахру Хуросон ахамияти калон дошт, ба дасти давлат ва феодалони калон гузашт. Дар замони салтанати Сомониён табакаи нави заминдорони калон, яъне сипохиён ба вучуд омаданд, ки онхо асосан чанговарони назди дарбор ва аксарияташон аз гуломони турк буданд. Онхо ба туфайли корнамоихо дар майдонхои чанг аз гуломй озод гашта, зина ба зина сохиби мансаб мешуданд ва замину об, дехаю музофот ва шахрхои бутунро бо сокинонашон тухфа мегирифтанд.

         Гурухи дигари дар замони Сомониён ба майдон омада, ин рухониёни феодал буданд, ки кувваи зиёд ва нуфузи калон доштанд. Дар натича шумораи муассисахои дини ислом — масчид, мадраса ва гайра хеле афзуд. Рухониёни калон ба чуз замину об, боз ба осиёб ва обчувоз сохиб мешуданд. Точирони давлатманд, ки табакаи синфи хукмронро ташкил менамуданд, на танхо дар шахрхо корвонсаройхо, дуконхо, бинохои бохашамат доштанд, балки дар дехахо китъахои заминро ба даст дароварда, боготу осиёбхо ва гайра месохтанд.

        Мовароуннахру Хуросон асосан кишвархои кишоварзй буданд ва мардумашон ба парвариши зироату чорво машгулият доштанд. Барои тараккй додани кишоварзй обёрии сунъй ахамияти бузург дошт. Каналхою чуйхои пеш асосан дар замони хукмронии Абдуллох ибни Тохир (828-844) сохта шуда, дорои ахамият буданд. Дарёхои калонтарини Осиёи Марказй — Аму ва Сир барои обёрии сунъй чандон истифода бурда намешуданд. Асосан шохобхои онхо — Сурхоб, Кофарнихон, Вахш ва гайра заминхоро шодоб мегардонданд. Ин дарёхо ахамияти бузург доштанд ва аксари солхо оби онхо то дарёхои Аму ва Сир рафта намерасид, чунки обашон пурра барои обёрй истифода мешуд. Шахрхои Самарканд, Бухоро, Панчакент ва гайра аз оби дарёи Зарафшон пурра бахра мебурданд.

         Дар асри X мисли пештара дарготи Варагсари дарёи Зарафшон шабакаи асосй хисоб меёфт. Се канал ибтидои худро аз хамин даргот мегирифтанд ва хамаи заминхои Чднуби Самаркандро обшор менамуданд. Каналхое, ки аз Дарёи Зарафшон об мегирифтанд, бисёр буданд ва онхо асосан шахру дехахоро бо об таъмин менамуданд. Мардуми Варагсар сарбанд ва иншоотхои обёриро нигохубин мекарданд ва барои ин аз додани хироч озод буданд. Дар асрхои IX-X дар дарахои Пасттоги каторкухи Нурато сарбанд ва обанбори азиме сохта шуда буд, ки оби онро дар чиллаи тобистон истифода мебурданд.

         Дар Мовароуннахру Хуросон боз заминхоро ба воситаи корезхо (чоххои зери замин) об медоданд. Заминхои дар баландй бударо ба воситаи чигир (дули обкашй) обшор менамуданд ва чархи чигирро уштур мегардонд. Дар баъзе чойхо оби чоххоро истифода мебурданд. Заминхои лалмй низ бисёр буданд, ки хосили онхо дар таьмини галла накши бузург мебозид. Кишоварзон дар заминхои обй гандум, шолй, чав, лубиё, нахуд ва дигар зироатхо мепарвариданд. Пахтакорй дар водии Сугд, Фаргона, Марв хеле тараккй карда буд. Богу токпарварй, ки касби бобоии мардуми точик буд, дар давраи Сомониён хеле пеш рафт.

         Шахрхои Самарканд, Бухоро, Хучанд, Панчакент, музофотхои Фаргона, Истаравшан ва дигархо бо ангур, себ, зардолу, шафтолу, бихй, гелос, олуболу, анор, анчир, чормагз, бодом ва даххо намудхои дигари мевачоти лазизи худ шухрат пайдо карда буданд. Дар музофотхои кухй ва чулхои Осиёи Марказй рамахои сершумори бузу гусфанд, галлахои аспу шутур ва дигар зотхои чорвою хайвонот парвариш меёфтанд. Музофоти Хатлон бо аспхои худ машхур гашта буд ва онхоро берун аз мамлакат ба савдо мебурданд. Дар баъзе вилоятхои Хуросону Мовароуннахр, масалан, дар Марв кирмакпарварй, дар Дирот занбуриасалпарварй, дар водии Вахш парвариши зотхои махсуси асп ва дар Чагониён гусфандпарварй хеле тараккй карда буд. Сарватхои зеризаминй.

       Дар асрхои IX-X ин соха низ равнак ёфта буд. Дар нохияхою музофотхои Осиёи Марказй сарватхои зиёди зеризаминй истихроч ва гудохта мешуданд. Дар наздикии Хучанд нукра ба даст оварда мешуд. Куххои Горон аз сангхои киматбахо, нукра, бечода (санги сурхранг ё зардранг), тилло, лочувард, булури кухй ва сангпахта бой буданд. Аз куххои Вахон акик, хелхои гуногуни лаъл, нукра, тилло истихроч карда мешуд. Аз нохияхои болооби Зарафшон охан, тилло, нукра, зок мегирифтанд. Дарвозу Рушону Шугнону Горон маркази истехсоли тилло, нукра, лаъл ва лочувард буданд. Дар хамон асрхо мардуми Чоч, Хучанд ва дигар шахрхо бо намаки кони нохияи Ашти имруза таъмин мегардиданд.

        Дар Истаравшан маъдани зиёд истихроч ва дар худи хамон чо гудохта мешуд. Ачибаш он аст, ки дар хамон давра кариб тамоми худуди Осиёи Марказй тадкик шуда будааст. Дар Каромазор (наздикии Хучанд) ба микдори зиёд нукра истихроч мешуд. Сарчашмахои таърихй аз хусуси кони ангишти Исфара маълумоти муфассал медиханд. Дар Осиёи Марказй конхои зиёде, ба монанди Кони Мансур, Кухи Сим, Консой ва гайра истифода мешуданд. Дар Зарафшон конхои Амондара, Киштутдара ва гайра дар истифода буданд. Дар Истаравшан дар наздикии шахри Марсманда кони калони маъдани охан кор мекард, ки як кисмаш дар худи хамон чо гудохта мешуд. Махсулоти ин конро на танхо дар шахру музофотхои гирду атроф, балки дар Хуросону Ирок дидан мумкин буд.

        Дар асрхои IX-X хангоми чанг, инчунин мухосира намудани шахру калъахо нафт ба кор бурда мешуд. Конхои калонтарини асрхои IX-X конхои нукраю сурби Кони Мансур буданд, ки дар наздикии дехаи Карамазори Точикистон вокеъ гаштаанд. Кони Мансур чандин конхо, аз чумла Чдркамар ва дигар конхоро дар бар мегирифт. Маданияти истифодаи конхо барои хамон давра хеле баланд буд. Барои устувор шудани чоххо ва накбхо (тунел) тиргакхои чубин, танбаю болор ва сутунхоро ба кор мебурданд. Чарогхои сиёх, гарчанде хира бошанд хам, даруни конхоро равшан менамуданд. Барои аз даруни конхои чукур баромадан нардбонхои калони чубинро ба кор мебурданд. Кухканон дар хонахои тангу торикй аксар вакт аз санг сохташуда хаёт мегузарониданд. Кони Чдркамари куххои Карамазор кариб 150 кулба дошт. Дар онхо 500-600 кухканон мезистанд.

        Истихрочи маъдан дар хаёти иктисодии Мовароуннахру Хуросон назаррас буд. Сатхи илму хунари маъданканй ва маъданшиносй дар ахди Сомониён хеле баланд буд. Сарчашмахои хаттии хамон давра, осорхои археологй, курахои маъдангудозй, тахлили фулузоти тайёркардаи устохо ин фикрро пурра тасдик менамоянд. Мувофики маълумотхои бостоншиносон кухкорони точик дар хамон асрхо конхоеро кашф намудаанд, ки хатто геологхои имруза коил мешаванд. Асбобхои кухкании онхо хеле оддй, аз фонахои чубину оханин, зогнули дастадору бедаста, каланду бел, тешаву табар, путку болга иборат буданд, вале барои хамон давра олотхои мукаммалтарин хисоб меёфтанд. Кухканон аз чукурихои калон маъданро ба воситаи сабаду халтахо берун мебароварданд. Баъзе конхо то 250 метр чукурй доштанд. Археологхо бисёр шишахои «томугулй» ёфтанд, ки онхо дар асрхои IX-XII истехсол шудаанд.

       Шишахои махз ба асрхои IX-X — давраи Сомониён дахлдошта асосан дар наздикии Самарканд, Варахша ва Нисо (наздикии Ашкободи имруза) ба даст оварда шуданд. Зарфхои аз шахрхо пайдошуда зарфхои рузгор ва атриётанд. Онхо аз чому кадаххо, кузахои гуногуни дастадору бедаста, косаву пиёла, дулчахои дастадор ва гайра иборатанд. Дар замони Сомониён шишагарони Осиёи Марказй тарзи бо усули дамидан тайёр намудани зарфхои нозуку нафисро пурра омухта буданд. Дар ин давра зарфхои шишагй на танхо барои ашроф, балки барои мардуми захматкаш низ тайёр карда мешуданд. Дар ин асрхо шишагарон боз тарзи барои тирезахо тайёр кардани шишаро аз худ карда буданд. Намунахои шишахои тирезахоро археологхои мо аз Нисо, Афросиёб (харобахои Самарканди кадима) ва дигар шахрхо ба даст даровардаанд. Шишахои тирезахо на танхо аз хонахои ашроф, балки аз хонахои шахриёни оддй низ ёфт шудаанд. Истифодаи шишаи тиреза кадаме ба пеш буд. Пешаварй. Афзоиши кишоварзй ва аз худ намудани сарватхои зеризаминй боиси ривочу равнаки пешаварй гардид. Дар Мовароуннахру Хуросон одамони зиёде машгули касбу хунар буданд. Дар замони Сомониён махсулоти хунармандони Осиёи Марказй берун аз он шухрат доштанд. Маъхазхои зиёде гувохи онанд, ки мардуми ин кишвар молхои гуногун истехсол менамуданд ва хатто кариб хочати аз дигар кишвархо овардани ин молхоро надоштанд. Дар байни хунархои гуногун касби бофандагй хеле тараккй карда буд. Пешаварон матоъхои гуногунро аз абрешим, пахта, катон (матои аз загир тайёршуда) мебофтанд. Дар ин сарзамин хатто истехсоли баъзе матоъхои хоричй низ ба рох монда шуда буд. Шахрхою дехахои алохида бо матоъхои худ берун аз мамлакат машхур буданд, масалан, матои ведарй (дехаи назди Самарканд) ва матои дехаи Зандана (назди Бухоро) бо махиниву харирй, суфтагиву назаррабоии худ фарк мекарданд. Ин матоъхо дар Эрону Диндустон ва дигар мамлакатхои Шарки Наздик ва маркази хилофат — Багдод харидорони зиёде доштанд. Дар Хуросон либоси аз матои ведарй духтаро асосан амирон, хокимон, вазирон, козихо, давлатмандон мепушиданд, ки он нишонаи назокат ва зинат дониста мешуд. Гайр аз Самарканду Бухоро матоъхои рангоранги махинро боз дар Насаф, Кеш, Дабусия (шахри миёни Самарканду Бухоро) ва дигар шахрхо истехсол менамуданд. Махсулоти оханй хам хеле зиёд истехсол мешуд, ки на танхо талаботи бозори дохилиро конеъ мегардонд, балки барои фуруш ба дигар мамлакатхо кашонда мешуд. Фулузоте, ки ба савдои мамлакатхои берунй мерафтанд, инхо буданд: фонусхои мисини бухорой, зарфхои калъагии Рабинчон, дегхои мисин ва рикобхои Самарканд, яроку аслихаи Фаргонаю Исфичоб (шахр ва музофоти кадимаи Мовароуннахр). Доло он чо шахри Сайрами Казокистон чой гирифтааст. Дар Бухоро ва дигар шахрхо аз пунба ва кунчит равган мегирифтанд. Дунари ордкашй ба рох монда шуда буд. Шумораи осиёбхои сангашон хоро меафзуд. Ихтирои когаз сахифаи дурахшони таърихи халкхои Осиёи Марказй мебошад, ки маркази асосии истехсоли он шахри Самарканд аст. То истилои арабхо ба чуз Самарканд, боз дар шахрхои Бухоро, Чорчу, Балх, Хева ва сонитар Хуканду Тошканд когаз истехсол мекарданд. Баъди забти Осиёи Марказй аз тарафи арабхо халифа Дорунаррашид (786-809) фармони танхо дар когаз навиштанро мебарорад. Баъди ин папирус (растание, ки аз он мисриёни кадим ва дигар халкхо масолехи хатнависй тайёр мекарданд), ки дар он хат менавиштанд, аз байн меравад. Дар ин миён шахри Самарканд ягона шахре буд, ки тамоми давлатхои хилофати арабро бо когаз таъмин менамуд. Чунин вазифаи бузургро шахри Самарканд аз нимаи дуюми асри VIII то аввали асри IX ичро кардааст. Шухрати когази Самарканд на танхо дар мамлакатхои хилофати араб, балки дар Гарб хам пахн гардида буд. Дар хамон давра шаш намуди когаз истифода бурда мешуд. Дунари кулолй на танхо дар шахрхои калонтарин, ба монанди Бухоро, Самарканд, Марв, Тирмиз, Хучанд, Дулбук, Пайканд (шахри кадимаи назди Бухоро), балки дар нохияхо низ ривоч ёфта буд. Дар асрхои IX-X усули сирдавонии зарфхо кашф гардид, ки барои зебу зинат ва ороиши зарфхо ахамияти калон дошт. Дар хамин асрхо истехсоли шиша ва маснуоти шишагй хеле пеш меравад. Аз шиша чому кадаххо, сурохй, обдон, кузахои хархела, шишачахои базеби атр ва гайра тайёр карда мешуд. Хулоса, дар замони хукмронии Сомониён тамоми сохахои хунармандии хамон давра хеле тараккй ёфта буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here