Мирзо Турсунзода

0
225

Ҳолнома

 


Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Точикистон. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоби [[Боғи Лучоб-и ш. Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.

Эъҷодиёт

Маҷмӯаҳои шеър ва достонҳои "Писари Ватан" (1942), "Арус аз Москва" (1945), «Қиссаи Ҳиндустон» (1948), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1957), «Ҷони ширин»(1963), "Аз Ганг то Кремл" (1967) ва дигар маҷмӯаҳо маҳсули эҷоди ӯст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода ба якчанд забонҳои мамолики хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо

 

Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон ва арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон, давлатии ба номи Ленин ва байналмилалии ба номи Неҳру қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвонҳои:

Шоири халқии Тоҷикистон (1961),

академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951),

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1963)

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) шудааст.

Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(соли 1948), «Ҳасани аробакаш» (1954), «Чароғи абадӣ» (1957), «Садои Осиё» (1960), «Ҷони ширин» (соли 1963) соҳиби ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон гардид.

Барои достони "Аз Ганг то Кремл" (соли 1967) — соҳиби ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру шудааст.

Некдошти устод


Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, шоири халқӣ, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Турсунзода ва Ноҳияи Турсунзода (ки қаблан ба номи ноҳияи Регар мазкур буд), Донишкадаи санъати Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Нимпайкараи ӯ назди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва ҳайкалаш дар ш. Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоб ш. Душанбе ва диг. хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.

Достони "Ҷони ширин"

 

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам,
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёду ту буд,
Ёди руи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил гашт кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар,
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here