НИЗОМИИ АРЎЗИИ САМАРЌАНДЇ
Низомии Арўзии Самарќандї Ањмад ном дошта, падару бобояш Умар ва Алї будаанд. Тахалусаш — Низомї. Лаќабаш Арўзї будааст. Самарќанд зодгоњи ўст. Аз рўи анъанаи роиљи замон, нисбаи ў Самарќандї шудааст. Тахмин меравад, ки шояд солњои 475-80 њиљрї (1086-91 мелодї) ба дунё омада бошад.
Љавони бисёр хушсалиќа, донишомўз, теззењне буд Ањмад. Аз ин хотир, ба бисёре аз илмњои фарогири њамон замон чун њисоб, њандаса, риёзї, нуљум, кимиё, адаб ворид шуда буд. Њамон соле, ки њазрати Умари Хайём ба маркази илмию адабии Хуросон, яъне ба Балх ташриф овард (соли 506 њиљрї — 1113 мелодї). Низомї худро ба дидори Хайём расонид. Он ваќтњо Хайём на чун шоир, балки чун ситорашинос, риёзидон, њаким маъруфият дошт. Ва азбаски Низомии Арўзї њам њавасманди илмњои табиї буд, Хайёмро чун устоди худ шинохт ва ба соли 530 њиљрї (1135 милодї) ваќте гузораш ба Нишопур афтод, оромгоњи Њаким Хайёмро зиёрат кард, дуои хайр дод ва ќарзи шогирдиро ба љо овард.
Рўзгори айёми љавонии Низомии Арўзии Самарќандї ба як давраи пурфољиаи таърихии њаёти сиёсии Мовароуннањру Хуросон рост омад. Давлати абарќудрати Ѓазнавиён туфайли истиќлолхоњии шоњону амиронаш ба парокандагї рў нињода буд. Туркњои салчуќї бо сарварии Султон Санљар аз њокимияти Ѓазнавиён саркашї карда, дар Марв маркази маъмурии худро бунёд сохтанд ва барои ба сари хољањои собиќашон — Ѓазнавиён теѓ кашидан омода шудан гирифтанд. Сарварони ќабилањои парокандаи тољикони воњаи Ѓур (сарзамини кўњистони Бомиён ва водии Њарируд) дар Шимол то Каписою сарњади Бадахшон ба зери ливои Ќутбуддини Мањмуди Ѓурї иттифоќ оростанд ва талабу фармонњои султон Масъуди Ѓазнавиро писанд намекардагї шуданд. Дар Самарќанду Бухоро ќарлуќњои биёбонгарди кўчии Ќарохонї сар дароварданду даъвои њокимият карданд.
Ана, дар њамин вазъияти парешонии мулку диёр Низомии Арўзии Самарќандї сар ба њар дар мезад, то харидоре ёбад, ки туфайли илму донишаш ва ё ашъори шогирдонааш мояи зиндагї пайдо кунад. Наёфт. Њатто соли 510 њиљрї (1117 мелодї) ќасидаи мадњияе навишта, худро ба дарбори Салчуќиён, ба амирушшуарои ин дарбор — Амир Муиззї муаррифї кард. Амир Муиззї њам ба гўши ў насињати бисёре хонду аз дар ронд.
Дар таќдири баъдии Низомии Арўзї пошхурии давлати Ѓазнавиён ва дар охирњои асри XI ба сари ќудрат омадани њокимияти тољикони Ѓур роли муассире бозид. Низомии Арўзї худро ба дабирии дарбори Ѓўриён зад ва “Бандаи мухлис…чињилу панљ сол то ба хидмати ин хонадон мавсум шуд”.
Ва дар њамин љо тўли 10 соли охири зиндагонї китобчаи ёддоштмонанде бо унвони “Чањор маќола” аз нўги ќалами ў рўи ќоѓаз рехт. Дар маќолаи якуми китоб сухан аз боби њунару истеъдоди дабирї (котибї) меравад, маќолаи дуюм ба масъалаи шеъру шоирї бахшида шудааст, илми нуљум ва дониши омўхтаи мунаљљим дар он илм маќолаи сеюми китобча аст. Маќолаи чањорум “Дар илми тибб ва њидояти табиб” ном дорад. Њамаи њикоёт ва ривоёт аз рўзгори онњое њаст, ки дар унвони маќола ишора шудааст. Инак, яке аз он њикояњо аз рўзгори шоири шинохтаи маддоњи дарбори Ѓазнавиён Масъуди Саъди Салмон:
ЊИКОЯИ РЎЗГОРИ МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН АЗ КИТОБИ “ЧАЊОР МАЌОЛА”- И НИЗОМИИ АРЎЗИИ САМАРЌАНДЇ.
“Дар шуњури санаи аснатину сабъин ва хамсамоия (572 њиљрї, 1178 милодї) соњибѓаразе ќисса ба султон Иброњим бардошт, ки писари ў — Сайфуддавла амир Мањмуд нияти он дорад, ки ба љониби Ироќ биравад ба хизмати Маликшоњ. Султонро ѓайрат кард ва чунон сохт, ки ўро ногоњ бигирифту бибаст ва ба њисор фиристод. Ва надимони ўро банд карданду ба њисорњо фиристод. Аз љумла, яке Масъуди Саъди Салмон буд ва ўро ба Ваљиристон, ба ќалъаи Ной фиристоданд.
Аз ќалъаи Ной ду байте ба султон фиристод (Масъуди Саъди Салмон фармояд):
Дар банди ту, ай шоњ, Маликшоњ бояд,
То банди ту пои тољдоре сояд.
Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,
Гањ зањр шавад, мулки туро нагзояд.
Ин дубайтї (рубої — У.Т.) Алии Хос бари султон бурд, бадў њељ асаре накард. Ва арбоби хираду асњоби инсоф донанд, ки њабсиёти Масъуд дар улув ба чї дараља расидаасту дар фасоњат ба чи поя бувад. Ваќт бошад, ки ман ашъори ў њамехонам, мўй бар андоми ман бар пой хезад ва љои он бувад, ки об аз чашми ман биравад. Љумлаи ин ашъор бар он подшоњ хонданд ва ў бишнид, ки бар њељ мавзеъ ў гарм нашуд ва аз дунё бирафту он озодмардро дар зиндон бигзошт.
Муддати њабси ў, ба сабаби ќурбати Сайфуддавла, дувоздањ сол буд. Ва дар рўзгори султон Масъуди Иброњим, ба сабаби ќурбати ў Абўнасри Порсиро њашт сол буд. Ва чандон ќасоиди ѓуррару (баргузидаю) нафоиси дуррар (дурњо), ки аз табъи наќќоди (расои ) ў зода, албатта, њељ масмўъ наяфтод (маќбул нашуд). Баъд аз њашт сол сиќќатулмулк Тоњир Алии Мушкон ўро берун овард. Ва љумла он озодмард дар давлати эшон њама умр дар њабс ба сар бурд ва ин бадномї дар он хонадони бузург бимонд. Ва мани банда ин љо мутавваќќифам (истодаам), ки ин њолро бар чї њамл кунам: бар саботи (устуворрии) раъй, ё бар баддилї. Дар љумла сутуда нест ва надидам њељ хирадманд, ки он давлатро бар ин њазму эњтиёт мањмадат (ситоиш) кард. Ва аз султони олам Ѓиёсуддунё ваддин Муњаммад ибни Маликшоњ ба дари Њамадон дар воќеъаи амир Шињобуддин Кутулмуш Алп- ѓозї, ки домоди ў буд, ба хоњарї, тайяба Аллању турбатањумо ва рафаа фил-љинони рутбатањумо (Худо хоки он дуро покиза гардонад ва дар бињишт дараљаи ононро баланд кунад) шунидам, ки хасми дар њабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду њол берун нест: ё муслењ (хайрхоњ) аст, ё муфсид (бадкор). Агар муслењ аст, дар њабс доштан зулм аст ва агар муфсид аст, муфсидро зинда нигоњ доштан њам зулм аст.
Дар љумла бар Масъуд ба сар омад ва он бадномї то домани ќиёмат бимонад.