Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рӯ асли ҷон аст асли ҷон аст.
Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барон ҳар як инсони комил баробари пайдо шудаии ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилхост. Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ бузург.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:
Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модари хеш сахмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омӯхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Дониспгани сад забон осон гардад.
Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеху равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ ӯ саҳми босазое гузоштааст. Ӯ эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба сӯи забони модарӣ нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазо гузоштааст. Дар қатори ӯ садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони тоҷикӣ ҳидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Мо насли имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кӯҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмиллалии забони модар эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Э. Раҳмон: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
— гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондӯстон медонем.
Хулоса, забони модарӣ, шаҳди ҳает аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу мӯътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст.
Имрӯз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:
Забони модариам ифтихорам.
Саодатбахши халқи номдорам.
Дар олам аз ҳама ширинтарӣ ту,
Ба Синову Хайёмат саҷда орам.