Мақсад ва вазифаи фанни ботаника

0
338

        Ботаника — илм дар бораи рустани буда, вай қисми асосии биология мебошад. Рустаниҳо ба инсон, хўрок, баъзан пўшок барои аз касалиҳо пешгири ва табобат кардан лозим буд. Бинобар он инсон рустаниҳоро аз захрӣ, шифогӣ ва хурокӣ фарк карда тавонистанаш лозим буд. Ботаника — илм дар бораи рустаниҳо буда, тақрибан 2300 сол пеш пайдо шудааст.          Асосгузори ботаника ходими илмии олами қадим Аристотел ва Теофраст мебошанд. Онҳо то 600 номгўи рустаниҳои фоиданокро медонистанд. Аз ин хулоса мебарояд, ки илми ботаника чун илми умуми дар натиҷаи талаботи таҷрибаи инсон пайдо шуд. Вазифаи умумии ботаника омўзиши на танҳо рустаниҳои алоҳида, балки ҷамоати рустаниҳои ҷангалзорҳо, чаманзорҳо ва биёбонҳо мебошад. Рустаниҳои ҳозираи баҳру хушкиҳо маҳсули инкишофи дуру дарози таърихӣ мебошанд. Рустаниҳо аввалин маротиба дар муҳити обӣ- бахрҳо пайдо шуда, сонитар дар хушкӣ сокин шудаанд. Ҳамаи таърихи сайёраи мо ба якчанд эраҳо ва давраҳои геологӣ ҷудо шудаанд. Ҳар кадоми онҳо ба худ хос шаклҳои рустаниҳо, шўъба ва типҳоро доранд. Чор давраи асосии тараққиёти олами рустаниҳо фарқ карда мешаванд:

1. Обсабзӣ ё давраи обӣ (аз эраҳои протерозой то давраи силурӣ ва давраи полеозой)

2. Давраи сархастамоён (аз давраи силурӣ то охири полеозой)

3. Давраи рустаниҳои лучтухмон (аз давраи перми полеозой то давраи мели мезозой)

4. Давраи пўшидатухмон, ё ки рустаниҳои ҳақиқии гулдор (аз давраи мел то замони ҳозира)

        Ҳаёти инсон ба рустаниҳо, хусусан ба пўшидатухмон вобаста аст. Барои дастгирии ҳаёт аз олами минералӣ об асосӣ ҳисоб меравад. Рустаниҳо дар ҳама ҷой дар табиат паҳн шудаанд. Рустаниҳо дар биёбонҳои хунуки Арктика ва Антарктида, атмосфераи ҳаво, бактерияҳо, замбўруғҳо ва вирусҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳо ба равиши ҳаво паҳн мешаванд. Омўзиши таркиби намуд, тарзи ҳаётгузаронӣ ва паҳншавии онҳо асоси илми аэробиология мебошад. Дар натиҷаи анализи махсуси мутахассисон маълум гардид, ки дар 1 м2 ҳаво даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо бактерияҳо, замбўруғҳо, вирусҳо мавҷуданд. Маълум шуд, ки одам дар як нафасгири 400-600 бактерияро нафас гирифта, 2-3 тояшро мебарорад. Микробҳо дар хок дар раванди хокҳосилкунӣ роли калонро мебозанд. Дар хок чун дар атмосфераи ҳаво микробҳо ҳархела паҳн шудаанд. Мувофиқи нишондоди Е.Мишутин дар 1гр хок то 100 нусха бактерияҳо дида мешаванд Обсабзҳо дар муҳити обии ҷуйборҳо, дарёҳо, баҳрҳо, кўлҳо ва уқёнусҳо дида мешаванд. Баъзе обсабзҳо дар ҷойҳои хунуки барфу яхдор дар ҷойҳои санглох бошад, гулсангхо мерўянд. Мувофиқи гуфтаи олим Темирязев К.А. рустанихо роли космикиро доранд. Барги сабзи рустани хлоропласт дорад. Дар он пигменти хлорофил дида шуда, раванди фотосинтез мегузарад, яъне аз моддаи ғайриорганикӣ моддаи органикӣ ҳосил мекунад. Ин раванди фотосинтез 150 сол пеш пайдо шудааст. Роли радиатсияи офтоб ҳам калон аст. Рустанӣ барои инсон сафеда, равған, карбогидрад ва витаминҳоро медиҳад. Рустаниҳо аз ҷиҳати ғизогириашон ба 2 гурўҳ ҷудо мешаванд:

1. Автотрофӣ — сабзи автотрофӣ; автотрофии бехлорофил — ба инҳо бактерияҳои нитрификаторҳо, серобактерияҳо ва бактерияҳои оҳанбарқароркунанда дохил мешаванд.

2. Гетеритрофӣ ва сапрофитӣ; ба ин гурўҳи рустаниҳо баъзе замбўруғҳо ва бактерияҳо дохил мешаванд. Онҳо аз ҳисоби моддаҳои органикии дигар организмҳо ғизо мегиранд. Сапрофитҳо ва паразитҳо аз ҳисоби боқимондаҳои мурдаи ҳайвонот ва рустанӣ ғизо мегиранд. Сапрофитҳо, замбўруғҳо ва бактерияҳо дар табиат аҳамияти калон доранд. Рустаниҳои сапрофит дар раванди пўсиши рустанӣ ва ҳайвонот инчунин дар синтези моддаҳои органикӣ иштирок мекунанд. Сапрофитҳо дар равандҳои туршшавии спиртӣ ва уксусӣ иштирок мекунанд. Сапрофитҳо дар истеҳсоли равғани зард, маска, қатиқ, санати нонпазӣ, винобарорӣ, пивоҳосилкунӣ роли калон мебозанд. Илме, ки обсабзҳоро меомўзад алгология номида мешавад. Илме, ки дар бораи замбўруғҳо баҳс мекунад, микология номида мешавад. Табиати зинда бе муҳити ўро иҳота кунанда вуҷуд надорад, зеро онҳо бо якдигар зич алоқаманд мебошанд. Ҳамаи организми зинда, аз он ҷумла инсонро табиат бо ҳамаи эҳтиёҷоти лозимӣ, пеш аз ҳама бо хўрок, сару либос, ҷои истиқомат таъмин мекунад. Оксигене, ки мо нафас мегирем, низ маҳсули рутанӣ мебошад, ки онро рустанӣ дар раванди фотосинтез аз худ хориҷ мекунад. Аз шаш як ҳиссаи сайёраи моро хушкӣ ташкил мекунад. Бинобар он қисми зиёди оксигени хориҷшаванда ба зиммаи рустаниҳои обиву обсабзҳо рост меояд. Замини мо, аз ҷумла захираву сарватҳои набототи он беҳудуд нест. Ҳоло дар сайёраи мо нуфузи инсон зиёд шуда истодааст ва талаботи онҳоро ба оксиген фақат рустаниву сабзаҳо қонеъ карда метавонанд. Бинобар он муҳофизати табиат ва боигарии он яке аз проблемаҳои зарурии замони мост. Аз давраҳои қадим табиатро ба зинда ва ғайризинда ҷудо кардан маълум буд. Олами рустанӣ ва ҳайвонот табиати зиндаи сайёраи моро ташкил мекунад. Таркиби сохти ҳуҷайравии ҳамаи организмҳои зинда ба пайдоиши умумӣ доштани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Организми рустанӣ ва ҳайвонот дар гузашта пайдоиши умумӣ дошта бошад ҳам, дар натиҷаи ба шароитҳои гуногун ҳаётгузаронии онҳо ба баъзе хусусиятҳо ва аломатҳои худ аз ҳамдигар дур шудаанд. Дар раванди эволютсия рустанӣ ва ҳайвонот ба баъзе хусусиятҳои худ аз ҳам дур шуда бошанд, ҳам, лекин дар байни рустанӣ ва ҳайвонот баъзе вакилоне дучор мешаванд, ки онҳо ҳам хусусияти ҳайвонӣ ва ҳам рустаниро қабул кардаанд. Мисол: Евгленаи сабз ва рустаниҳои ҳашаротхўр ва ғайраҳо. Организми зинда дар муҳити обӣ дар сайёраи мо тахминан 3,5 милиард сол пеш аз ин дар эраи архей пайдо шуда буд. Рустании сабз бошад, дар муҳити обӣ дертар ба вуҷуд омад, ки ин ҳам ба эраи архей тааллуқ дорад. Тамоми олами рустаниҳоро ба ду қисм ҷудо мекунанд; рустаниҳои дараҷаи паст ва олӣ. Боз организмҳое дучор мешаванд, ки организмҳои прокариотӣ ва эукариотӣ мебошанд. Дар вақти ҳозира обсабзҳо 40000 намуд, замбўруғҳо ва бактерияҳо 70000 намуд, лишайникҳо – гулсангҳо 15000 намуд доранд. Рустанӣ дар замини мо организми махсус мебошад, ки табиатро бо ҳамаи эҳтиёҷоти лозимӣ таъмин мекунад. Рустаниҳои талломӣ низ дар қатори рустаниҳои олӣ дар табиат ва хоҷагии халқ аҳамияти калон доранд. Обсабзҳо рустании хлорофилдор буда, табиатро бо оксиген бой мегардонанд, рустаниҳои бехлорофил — бактерия ва замбўруғҳо барои туршкунии сирко, спирт, хамир, шир аҳамияти калон доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here