МУАЛЛИМАИ БЕШАВХАР

0
209

МУАЛЛИМАИ БЕШАВХАР

Муаллимае дар мадрасае дарс мегуфт. Муаллимаи зебо ва хушахлок буд. Аммо шавхар надошт ва таклифхои издивочи мардонро хам рад мекард. Боре хамкоронаш аз муаллима пурсиданд:-

Барои чй шавхар намекунй?! Ту зебо ва хушахлок хастй. Талабгорони издивоч бо ту бисеранд. Сабаб чист, ки таклифхои мардонро рад мекунй?!

Муаллима:

— Гуш кунед, зане буд, ки панч духтар дошт ва боз хомила шуда буд.Шавхараш ба зан тахдид кард, ки агар зан ин дафьа хам духтар бизояд, пас шавхар он духтарчаро нахохад гирифт ва уро хохад партофт.

Аммо бо такдири илохй зан боз духтарча таваллуд кард. Шавхар духтарчаро руи даст гирифта, пеш аз азони намози бомдод, назди дари масчид гузошт.Баьди намози шабона бошад дид, ки духтарча хамон ч,ой карор дорад ва хеч кас уро нагирифтааст. Як хафта ин амалро такрор кард, аммо хеч кас духтарчаро намегирифт. Дар охир вай аз ин кори худ монда шуда, духтарчаро оварда ба дасти модараш супурд.Хурсандии модарашро хадду канор набуд.

Як сол пас зан боз хомила шуд. Мард боз занро тахдид кард, ки агар зан боз духтар бизояд, ин дафьа он тифлро бурда мепартояд. Зан бошад ин дафьа писар зоид. Аммо баьди таваллуди писарча духтари калонии мард касал шуда мурд. Зан баьд боз хомила шуда боз писар зоид. Баьди таваллуди писари дуввум, духтари дуввуми мард низ касал шуда бимурд. Хамин тавр панч писар таваллуд шуда, панч духтар бимурданд. Факат духтарчаи шашуми мард зинда монд.

Баьд аз он модари онхо касал шуда бимурду писарон ва он духтари шашум калон шуданд.

Муаллима:

— Медонед, ки он духтари шашум кист?!

Хамкорон:- Не, намедонем.

Муаллима:

— Он духтари шашум ин ман хастам. Ман ба шавхар намебароям, чунки ман хар руз нигохбонии он падари маризу пирамро ба чо меорам. Бародаронам бошанд дар як мох е дар ду мох як бор ба аедати падарашон меоянду зуд мераванд. Онхо касди гамхориву нигохубини падарашонро надоранд. Падарам бошад хар руз афсусхо хурда, гиряхои бисер мекунад, ки чаро дар вакташ ба неьматхои Худованд ношукрй кардам.

Инро гуфта муаллима сахт ба гиря даромад…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here