Кафолатбахши ҳуқуқ ба таҳсил

0
304

Яке аз кафолатҳои конститутсиониии инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 41-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳими иҷтимоии инсон буда, барои рушди ҳам шахсият ва ҳам ҷомеа замина муҳайё месозад. Дар замони ҳозира дар кишварҳои демократӣ ҳуқуқ ба таҳсил ба маънои томаш маҷмўи пурраи ҳуқуқи зеринро дар худ таҷассум мекунад: ҳуқуқҳои ройгон гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ; дастраси умум будани таҳсилот; озодии таълим; ҳуқуқ ба таъсиси муассисаҳои таълимии шахсӣ.

Давлат ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил бо роҳи таъсиси низоми таълим ва шароити дахлдори иҷтимоию иқтисодӣ барои таҳсилот таъмин мекунад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилот, интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рўзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ ва экстернат) ҳуқуқ доранд. Кафолатҳои конститутсионии дастрас ва ройгон будани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, ҳамчунин ҳатмӣ будани таҳсилоти умумии асосӣ муфассал дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муқаррар шудаанд ва тамоми маҳдудиятҳо барои амалигардонии ин ҳуқуқҳо танҳо бо қонун метавонанд муқаррар карда шаванд. Қонуни мазкур кафолатҳои давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳуриро дар соҳаи маориф муқаррар мекунад. Дар моддаи мазкур муқаррар шудааст, ки давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс, инчунин, метавонад ба таври ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, дар доираи меъёрҳои давлатии таҳсилот дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касби баъд аз муассисаи олии касбӣ гирад, агар шаҳрванд таҳсилоти меъёри мазкурро бори аввал соҳиб гардад.

Хатмкардагони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои болоии таълим ҳуқуқи баробар доранд. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро махсусан дастгирӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати гирифтани таҳсилот кўмак мерасонад, аз ҷумла барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд, ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад. Давлат таъминоти кўдакону наврасони ятиму бепарасторро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кафолат медиҳад. Давлат бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ҳуқуқи шавандонро ба гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ кафолат медиҳад. Хонандагони ятим метавонанд касби дуюми таҳсилоти ибтидоии касбиро ройгон гиранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дода мешавад. Маҳдуд намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсили касбӣ аз рўи нишонаҳои ҷинсӣ, синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва нишонаҳои дигар метавонад танҳо дар асоси талаботи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад. Бо мақсади татбиқи ҳуқуқ барои таҳсил ба шаҳрвандоне, ки ба кўмаки иҷтимоӣ ниёз доранд, дар давраи таҳсили онҳо давлат пурра ё қисман маблағ ҷудо мукунад. Давлат ба шаҳрвандоне, ки инкишофёбии ҷисмонии онҳо нуқсон дорад, барои таҳсил шароит муҳайё месозад. Бо назардошти он, ки таҳсилоти умумии асосӣ барои ҳама ҳатмист, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадориҳои волидайнро барои таҳсилоти умумии асосӣ гирифтани фарзандон муқаррар мекунад. Дар моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян карда шудааст, ки падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд) дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои зерин мебошанд:

— интихоби муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълим барои кўдакони ноболиғашон. Шаҳрвандони болиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустақилона интихоб намудани муассисаи таълимӣ ва шаклҳои гирифтани таҳсил соҳибҳуқуқ мебошанд.
— иштирок дар кори мақомоти худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ;
— муроҷиат намудан ба мақомоти давлатии идораи маориф ва худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандони худ;
— ҳимояи манфиатҳои қонунии фарзандони худ вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд;
— ғамхории пайваста барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рўҳии кўдак, ба мактаб омода кардан ва барои инкишофи қобилиятҳои ў шароити зарурӣ муҳайё сохтан;
— ҳимояи ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандони худ;
— тарбияи фарзандони худ дар рўҳи башардўстӣ, меҳнатдўстӣ, ҳисси накўкорӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллию фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии дигар халқҳо;
— мусоидат намудан ба фарзандон дар таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дар хона.

Падару модаре (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), ки садди роҳи таълимгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиноӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ гардонидани шаклҳои дигари таълимро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, инчунин гирифтани таҳсилоти олӣ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад пулакӣ бошад. Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла таҳсилоти олии касбӣ, метавонад дар доираи иҷозатнома тибқи шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутахассисонро бо пардохти маблағи таҳсил аз ҷониби шахсони номбурда тайёр намоянд. Шартномае, ки дар ин хусус баста мешавад, дараҷаи таҳсилот, мўҳлати таълим, андозаи музди меҳнат, пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд.

Хулоса, Конститутсия санади муқаддасест, ки сарнавишт ва роҳи ояндаи халқу давлатро барои ояндаи бардавом муайян мекунад. Дастовардҳоеро, ки мо ба онҳо ноил шудем, метавон оғози дигаргуниҳои азиму умедбахши ҷумҳурӣ номид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд: «Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад».

Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рўидааст. Он моро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here