Коидахои мактабхои Чопон

0
323

Кишвари Ҷопон бо доро будани 126 милён ҷамъият ва надоштани захоири табии ва ҳудуди кучак яке аз пешрафтатарин мамолики дунёи мутамадин аст. Дар ин мақола ки бо таври мухтасар тарҷима шуда аст аз вижагиҳои як миллате огоҳ хоҳем шуд ки асрори пешрафт ва тараққи он шояд ҳамин мактабҳояш бошанд . М. И)
1.Дар мактабҳо мавзуъ ва мундариҷаҳои ишқи — романтики ҳамчунин ба ин вобаста муносибатҳо роҳандози карда намешавад.
2. муаллими ҷопонӣ ба буфет ва ошхонаҳои мактаб намедарояд. Аз тарафи давлат ба синфхонаҳо барои эшон хурок оварда мешавад ва муаллим уҳдадор аст то ҳамаи онро бихурад.
3 . Дар макотиби Ҷопон таътили тобистона дода намешаванд. Дар таътили панҷҳафтинае ки дар давоми сол дода мешавад устодон бо талабаҳо муттасил дар машғулият ҳастанд.
4. Дар мактаб фаррош кор намекунад , ин вазифаро худи муаллимон иҷро мекунанд .Аз ин ҷиҳат аст ки на устодон ва на шогирдон чизҳои зиёдатиро ба ҳеҷ куҷо намепартоянд ва барои ифлос накардан ҳаракат мекунанд.
5. Ба устодон ҳар гуна ороиш додани мӯй ва истифода бурдан аз лок — рангҳои ороиши иҷоза дода нашудааст.
6. Бачаҳои ҷопонӣ баъд аз хатми таҳсилоти ибтидои формаи ягонаи мактабӣ мепӯшанд.
7. Шарт аст ки ҳар як муаллими ҷопонӣ шиновариро бидорад! Дар басейнҳое ки ки дар макотиб ташкил шудааст барои ҳама дарси шиноварӣ омухта мешавад ва бояд ин санъатро ҳама балад бошанд! Шогирдоне ки аз имтиҳон намегузаранд такроран машғулият гузаронида баъди он боз имтиҳони такрори гузаронида мешавад.
8. Дар мактаб ба истеъдоди танҳо як шогирд таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад!
Барномаи таълими ҷопонӣ бо фаҳмиши «Шогирди беистеъдод вуҷуд надорад !» пеш меравад.
Дар ҳар як мактаби Ҷопон толибон баробар ва бо боистеъдоданд гӯён талқин карда мешавад ва онҳоро ҳама тарафа тарбия мекунанд то дар тамоми соҳаҳои ҷамъияти фаъол бошанд…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here