Зарари сигоркашӣ

0
303

Дар баробари он ки сигор ба бемориҳои марговар саратонҳои шуш, даҳон (лабу забон), гулў, гурда, ғадуди зери меъда оварда мерасонад, боз ба як қатор маризиҳои дигар низ сабаб мешавад, ки онҳоро метавон чунин гурўҳбандӣ кард:

1. Таъсири манфӣ ба узвҳои ҳозима:
— илтиҳоби меъда (гастрит);
— захми меъда.

2. Таъсири манфӣ ба узвҳои нафаскашӣ:
— бранхит (варами найчаҳои нафаскашии шуш);
— астма (нафастангӣ);
— ателектаз (пўсидани шуш);
— амфизема (ҷамъшавии ҳавои зиёдатӣ дар шуш).

3. Таъсири манфӣ ба рагҳои хунгард:
— кома (ҳолати беҳушӣ дар натиҷаи заҳролудшавии асабҳо ва мағзи сар), фалаҷшавӣ;
— инфаркт (сактаи дил);
— норасоии гурда, нефрит (илтиҳоби гурда), фишори баланд.

4. Таъсири манфӣ ба мардон:
— безурриётӣ;
— сустшавии майли ҷинсӣ ва қувваи мардӣ.

5. Таъсири манфӣ ба занон:
— вайроншавии ташаккули ҷанин;
— исқоти ҷанин (бачапартоӣ);
— мурдазоӣ;
— бо нуқс таваллуд шудани тифл.

Бояд гуфт, ки аз сигоркашӣ то 10 маротиба афзудани гирифторӣ ба сактаи дил ва сактаи мағзи сар мушоҳида шудааст.

Хулоса: Агар танҳо аз сигоркашӣ ба саломатии инсон ин қадар зарарҳои бешумор мерасида бошад, пас, тасаввур кунед, ки аз шаробнўшию нашъамандӣ чӣ таъсири баде ба саломатии ҷисмонию рўҳӣ ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии одамон метавонад бирасад.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here