Хуриш аз боимчон

0
296

                       Маҳсулоти лозима:

Боимҷон — 3 дона,

Тухми обпаз — 3 дона,

Пиёз — 2 дона,

Майонез — 3 қошуқ,

Намак —  мувофиқи табъ,

Мурчи сиёҳ,

Равғани растанӣ.

                      Барои маринад:

Сирко — 3 қошуқ,

Оби ҷӯшида — 80 мл,

Шакар — 1 қошуқча,

Намак — 0,5 қошуқча.

                       Тарзи таҳия:

        Боимҷонро ба таври наргисӣ реза мекунем. Ба боимҷони реза намак пошида, 30 дақиқа нигоҳ медорем. Пиёзро ба таври нимҳалқа реза мекунем. Пиёзро дар оби ҷушон бо иловаи шакар, намак ва сиркодошта тар мекунем. Боимҷонро дар равған бирён мекунем. Тухми дар об пухташударо ба таври наргисӣ реза мекунем. Маҳсулоти хӯришро –боимҷони бирён, тухми обпаз, пиёз ва майонезро якҷоя карда, аралаш мекунем. Хӯриши тайёршударо дар яхдон 20 дақиқа нигоҳ медорем, то ки хунук шавад. Хӯриш омода шуд, иштиҳои том!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here