Маҳсулоти лозима:
Барои 2-3 нафар, картошка 2-3 дона, сабзӣ 2 дона, лаблабу 2 дона, тухм 2-3 дона, майонез, намак.
Тарзи тайёр кардан:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ҳамаи маҳсулотҳоро дар об ҷӯшонида мепазем. Баъдан сабзавотҳоро аз пӯсташон ҷудо карда, чоркунҷа реза мекунем. Ба табақча аввал дар қисми аввал картошкаро мечинем, каме намак мепошем, майонез мемолем, баъдан дар қабати дуюм сабзиро мечинем, боз майонез мемолем, лаблабуро мечинем, майонез мемолем ва дар болояш тухми майда кардаро мемонем.