Маҳсулоти лозима:
Ретсепти оши палови самарқандӣ
Масолеҳ барои 1 килограмм биринҷ:
1.250-300 грамм гӯшт
2. 500-600 грамм сабзии зард
3. 250-300 грамм равғани пахта ё равғани думба ё ҳарду аралаш дар ҳамин ҳаҷм (равғани зағири сахт доғ кардашуда ҳам мешавад)
4. 5-6 сар пиёзи миёнаҳаҷм
5. 1 кило биринҷ
6. Мувофиқи талаб зирк, зира ва биҳӣ. (Баъзан 2-3 дона сирпиёз)
7. 100-150 грамм нахуди қаблан таркардашуда
8. Намак, мувофиқи табъ
Тарзи тайёр кардани ош:
Аввал равғанро ба дег андохта то доғ шуданаш сабр мекунанд. Баъд ба он гӯштро андохта, 7-10 дақиқа мепазанд. Минбаъд ба болои он пиёзи майда резакардашударо андохта, то сурх шуданаш назорат мекунанд, Эҳтиёт бояд шуд, ки пиёз аз ҳад зиёд сурх шуда, маззаи талхӣ пайдо накунад. Баъд аз он сабзии резашударо меандозанд ва ҳамаи онро якҷоя бо кафгир то сурх шудани сабзӣ мекованд. Баъд аз он, ки зирбак тайёр шуд, ба болои он об андохта, алови зери дегро баланд мекунанд. Ҳамин, ки об ба ҷӯш омад, андаке аловро паст карда, тақрибан 8-10 дақиқа онро бо як маром меҷӯшонанд. Баъдан ба зирбак мувофиқи табъ намак ва андаке зира меандозанд. (Бояд намаки зирбак андаке шӯр бошад, то ки баъд аз андохтани биринҷ ош камнамак нашавад). Баъд биринҷи қаблан шустаю таркардашударо (биринҷ бояд то замони андохтан 15-20 дақиқа тар карда шавад) бо кафгир дар болои зирбак меандозанд. Ин корро тавре анҷом додан лозим аст, ки дар болои зирбак биринҷ дар як сатҳ қарор гирад. Агар сатҳи об аз биринҷ камтар ё баробар бошад, аз болояш об илова карда, сатҳи онро аз биринҷ тақрибан ним сантиметр боло кардан зарур аст. Дар вақти андохтани биринҷ аловро андаке зиёд кардан лозим. Баъд аз он, ки об хушк шуда ба сатҳи биринҷ баробар шуд, бояд бо латтае ё табақе болои онро маҳкам кард, то буғи зирбак донаҳои биринҷро варам кунонад. Инро “хомдам” меноманд. Дар ин вақт алови зери дегро паст кардан лозим. Тақрибан баъд аз 10-12 дақиқа сарпӯши дегро боз намуда, зери биринҷ зирк ва биҳии тақсимкардашуда, инчунин сирпиёзро мегузоранд ва бо кафгир аторофи онро ҷамъ карда, “теппача” месозанду боляшро бо табақи чуқур мепӯшонанд. То ҳадди имкон алави зери дегро кам мекунанд. Акнун бояд таоми шумо танҳо бо буғ пухта шавад. Пас аз 20-25 дақиқа болои онро кушоеду ба табақҳо кашида рӯи дастурхон гузоред. Ба шумо иштиҳои қозгир!