Лозим мешавад:
Тухм 3 дона, шакар 1 стакан, ҷурғот 1 стакан, 1 қ. чоӣ сода ё ин ки моддаи ковоккунанда, 150 гр маргарини об кардашуда, 2,5 стакан орд.
Тарзи тайёр кардан:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
1. Ҳамаи маҳсулотҳои дар боло зикршударо хуб аралаш мекунем.
2. Дар қолаб мерезем (қолаби ман диаметраш 28) ва ба тафдон мегузорем дар дараҷаи 180 дараҷа то сурхча шуданаш.
3. Аз тафдон бароварда мегузорем, каме хунук шавад баъдан ба болои пирог ширқиёми пухташуда мемолем ва чормағз мепошем.
Иштиҳои том.