Маҳсулоти лозима барои бисквит:
5 — дона тухм, 1 — стакан шакар, 3 — қошуқи ошӣ крахмал, 3 — 4 қошуқи ошӣ какао, 2 — қошуқи чоӣ моддаи ковоккунанда, орд.
Барои крем:
Равғани маска 250 -300 гр, ширқиём — 1 қуттӣ, какао 3 — 4 қошуқи ошӣ, глазур, 5 — қошуқи ошӣ шир, 2 — қошуқи ошӣ шакар, 2 — қошуқи ошӣ какао.
Тарзи тайёр кардани бисквит:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.
Ҳамаи маҳсулотҳои хушкро (крахмал,орд…) аралаш мекунем. Тухмҳоро бо шакар лат мезанем якчанд дақиқа. Баъдан маҳсулотҳои хушкро оҳиста ба тухм ва шакар ҳамроҳ мекунам боз лат мезанем. Хамири тайёр шудаамонро ба қолаб мерезем ва ба тафдон мегузорем дар ҳарорати 180 190 дараҷа то тайёр шуданаш. Аз тафдон гирифта мегузорем то хунук шавад баъдан ба 3 қисм мебурем ва крем мемолем.
Тарзи тайёр кардани крем:
Равғани маска , ширқиём ва какаоро ҳамроҳ карда бо миксер хуб лат мезанем.
Тарзи тайёр кардани глазур:
Шакар ва какаоро якҷоя карда хуб аралаш мекунем баъдан ширро ҳамроҳ карда боз аралаш мекунем ва ба болои алав мегузорем то ғафс омаданаш мекобем.