Таъбири хоб

10
1363

ДАР БОБИ ХОБ ВА ХОББИНЙ
— Агар зани хомила марворид хоб бубинад, духтар таваллуд кунад.
— Агар зани ҳомила шамшер хоб бубинад, писар хохад зоид.
— Агар зани хомила гудй (лӯхтак, зоча), кайчи, мӯҳра ва ё сӯзану ресмон хоб бубинад, духтар таваллуд кунад.
— Агар зани хомила корд, камон ва ё туфанг хоб бубинад, писар мезояд.
— Агар зани хомила себ хоб бубинад, навзодаш духтар шавад.
— Агар кас дар хоб бубинад, ки мурдае аз вобас тагонаш чизе аз ӯ мехохад, хатман назр ва хайрот бидихад, зеро мурда худро дар дорой зик медонад.
— Агар кас дар хоб бубинад, ки мурдае дар каҳр аст, ба он кас хушие рух хохад дод.
— Агар кас чавдар хоб бубинад, хуб аст ва агар гандум хоб дида бошад, бад аст.
— Агар касе асп хоб бубинад, ба мурод мерасад.
— Агар касе гову гӯсола хоб бубинад, ба душман рӯ ба рӯ гардад.
— Агар касе дар хоб бубинад, ки мурдааст, умри дароз хохад дид.
— Агар касе дар хоб мохро бубинад, ба ӯ хабари хуш мерасад.
— Агар касе дар хоб мург ё моҳӣ бубинад, ба мурод расад.
— Агар касе дар хоб хаммом биравад, ба зиёрате хоҳад рафт.
— Агар касе дар хоб мох ва мохӣ бубинад, алома ти икбол ва бехрузи аст, чунонки шоир гӯяд:

Агар дар хоб бинӣ моху мохй,
Чу бо хеч кас нагӯӣ — подшоҳй.

— Агар касе дар хоб касофат бубипад, пулдор шавад.
— Агар касе дар хоб бубинад, ки яке аз дандонхояш афтода аст, онро шугуни бад медонанд ва мӯътақиданд, ки яке аз вобастагонаш хоҳад мурд.
— Агар касе дар хоб мореро бикушад, хуб аст, гӯе ӯ душмани худро нобуд карда аст.
— Агар касе дар хоб хун бубинад, он хоб худ ба худ ботил аст.
— Агар касе дар хоб уштур бубинад, тоифа зиёд хоҳад шуд.
— Агар касе зару зевар, кафш ва либос дар хоо бубинад, дар хонаи ӯ арӯсй шавад.
— Агар касе хоб бошад, аз болои шикамаш намегузаранд, дар акси ҳол он шахс дар хоб хоҳад тарсид.
— Агар касе хоби арӯсй бубинад, он аломати азою мотам аст.
— Агар касеро шабҳангом ҷорӯб болои сараш бошад, он шахс хоби ошуфта хоҳад дид.
— Агар мурда дар хоб чизе бидиҳад, далели зиёдии умр аст ва агар чизе бигирад, аломати кӯтоҳии умр аст.
— Агар гарбуз (ҳиндувона) дар хоб дида шавад, боду борон хоҳад шуд.
— Агар хар дар хоб дида шавад, хабар аст. Хабар ҳар чй бошад, фарқ намекунад.
— Агар харбуза дар хоб дида шавад, бад аст.
— Агар шахсе хоб бинад, ки дар байни гӯшаш мӯрча хона карда аст, он шахс бо деҳотй ошно хоҳад шуд.
— Мор дар ҳоб давлат аст.
— Омадани маҳутаи касофат дар хоби духтар аломати зиндагии хуби ӯ дар оянда аст.
— Ҳар гоҳ касе хоб бинад, ки об сар ба боло ча- раён дорад, воқеаи ғайричашмдошт ба ӯ рух диҳад.
— Ҳар кас дар хоб об бубинад, аломати рӯшноӣ аст.

10 КОММЕНТАРИИ

  1. Агар як сабад хурмои точики хоб бини, хамаш тару тоза пухтаги зебо бошанд. Таъбираш чист?

  2. Асалому алейкум хамакаса
    Ман дар хоб Майнаеро капидам ва ба ром намудани майна машгул шудам Яне Майнаеро аз Сар то ба думаш дастмол мекардм
    Хоиш дорам касе табири амин хобро медонад нависад

  3. Ман дар хоб дидам ки бояд президент мешудам аммо президент ношуда бедор шудам лутфан таьбирашро гуед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here