Бачагони имкониятҳои маҳдуди саломатидошта

0
291

Бачаҳои имконияти маҳдуди саломати дошта – он бачаҳоеро меноманд, ки инкишофи психикӣ ва ё ҷисмонияшон аз меъёр берун аст, яъне нуқсоне доранд, ки инкишофи умумии онҳоро халалдор менамояд, он ба бачагон имконият намедиҳад, ки ҳаёти солим ба сар баранд. Онҳоро одатан «Бачаҳои бо проблема», ё «Бачаҳои проблемадошта», «Бачаҳое, ки эҳтиёҷи махсус доранд», «Бачаҳои ғайримуқаррарӣ», «Бачаҳои душвортаълим», «Бачаҳои нуқсондошта», «Бачаҳои фавқулода», «Бачаҳои боистисно» меноманд. Аммо мавҷуд будани баъзе нуқсонҳо инкишофро аз нуқтаи назари ҷамъият муайян намекунад. Чунки барои ҷамъият проблема бавуҷуд намеоранд. Гум кардани як узви шунавоӣ, ё ки нуқсон пайдо кардани як чашм, ҳеҷ гоҳ барои аз ҳади инкишоф берун баромадан сабаб намешаванд. Чунки дар ин ҳолат дарки шунавоӣ ва ё биноӣ боқӣ мемонад. Барои он, ки онро анализаторҳо (таҳлилкунандаҳо) нигоҳ медоранд.

Ҳамин тавр, бачагони имконияти маҳдуди саломатидошта бачагонеро меноманд, ки дар инкишофи психо-ҷисмонияшон нуқсоне мавҷуд буда, ба таълим ва тарбияи махсус эҳтиёҷ доранд, яъне кори коррексионӣ — ислоҳкуниро талаб мекунанд.

Аз рўи гурўҳбандие, ки аз тарафи Лапшин В.А. ва Пузанов Б.П. пешниҳод карда шудааст, ба гурўҳи ё худ категорияи асосии бачагони нуқсондошта инҳо дохил мешаванд:

1. Бачагони нуқсони шунавоидошта, (кар ё шунавоиашон паст ва ё баъд каршуда);

2. Бачаҳои нуқсони биноидошта (кӯр ё биноияшон суст);

3. Бачаҳои нуқсони нутқидошта;

4. Бачаҳои нуқсони аппарати такяву ҳаракатдошта;

5. Бачаҳои аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ қафомонда (ноқусулақл);

6. Бачаҳои инкишофи психикиашон боздошташуда;

7. Бачаҳои рафтор ва муоширати нодурустдошта;

8. Бачаҳои нуқсонҳои инкишофи психо-ҷисмонии комплексидошта, яъне соҳиби нуқсони мураккаб — кӯру кару гунг, кар ё нобинои аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ қафомонда.

Вобаста ба характери нуқсон, як нуқсонро дар рафти инкишоф, таълим ва тарбия пурра аз байн бурдан мумкин аст. Аз ҷумла бачагони гурӯҳи 3-юм ва 6-умро, дигар нуқсонҳоро то андозае дигар кардан ва баъзеҳояшонро танҳо қусурашро баровардан ва ё барқарор кардан мумкин аст. Мураккабӣ ва характери нуқсон инкишофи кӯдак (хусусияти ташаккули донишҳои зарурӣ дар ў, маҳорат ва малакаҳо, инчунин бурдани шаклҳои гуногуни кори педагогӣ бо ӯ) — ро муайян мекунад. Як гурӯҳи кўдакони инкишофашон аз меъёр берун танҳо метавонанд, ки доир ба маълумоти умумӣ донишҳои элементарӣ гиранд. Чунончӣ аз рўи ҳиҷоҳо хондан ва ҷумлаҳои содда навиштанро ёд гирад, дигарашон нисбатан маҳдудият надоранд, ба монанди, кӯдакони инкишофи психикиаш боздошташуда, ё шунавоияшон суст. Сохти нуқсон, инчунин ба фаъолияти амалии бачагон таъсир мерасонад, ҳама ғайримуқаррарӣ. Аз рўи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳозира дар Федератсияи Россия қариб 2 млн. бачагони нуқсонҳои ҷисмонӣ ва фикридошта мавҷуданд, ки ин қариб 5% умумии бачагонро ташкил мекунад. Аз ин шумор бемориҳои психикӣ (30%), касалиҳои асабӣ (20%), зарар дидани органҳои шунавоӣ ва биноӣ (17% ва (18%). Тибқи иттилои АТТоҷикистон бошад, ҳоло дар ҷумҳурӣ 146 ҳ. шахсони имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд. Аз он 12,5 ҳ. нафарашон кӯдакони то 16 солаанд. Аз ин шумор дар мактабҳои маъмулӣ ҳамагӣ 1798 кӯдак таҳсил мекунанду халос (16.11.2012).

Барои бачагоне, ки гирифтори ин гуна бемориҳоянд, муассисаҳои махсуси маълумотдиҳанда (коррексионӣ-ислоҳкунӣ) ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо аз технологияи педагогӣ барои ислоҳ намудан, суст гардондан ва ё иваз намудани нуқсон истифода бурда мешавад, хусусан дар боби инкишофи психоҷисмонӣ бо истифода аз воситаҳои маълумотдиҳӣ. Соҳаи истифода бурдани ин гуна технология, ки барои ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои индивидуалии инкишофи фардии ҳар як бачаи ғайримуқаррарӣ дар рафти таълим ва тарбияи онҳо пешбинӣ шудааст, кори коррексионӣ-педагогӣ номида мешавад.

Педагогикаи махсус (коррексионӣ) – ин илми бисёрсоҳа буда, ба омўхтани хусусиятҳои инкишофи психо-ҷисмонии бачагони имконияти маҳдуддошта ва кор карда баромадани проблемаҳои таълиму тарбия ва ислоҳи нуқсонҳои онтогенетикӣ (инкишофи организми ҳар як мавҷудоти зинда) машғул мебошад.

Бачагони имконияти маҳдуд дошта — он гурўҳи бачагонеро меноманд, ки бо сабаби беморӣ ба маҳдудиятҳои функсионалӣ гирифтор шудаанд, ба монанди вайрон шудани кори ягон узви бадан.

Дар назари аввал хеле вазъияти аҷиб ба назар меравад: функсияи олии психологӣ ба дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфта, дар амал камустувор буда ба таъсирот бештар дода мешавад, онро нисбат ба нуқсонҳои дар дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфтаи поёнӣ ва ё процессҳои оддӣ, ки бевосита онро худи нуқсонҳо ба вуҷуд оварда аст, барҳам додан осонтар аст. Ё мувофиқи ин таълимот бо ақидаи Л.С.Выготский ҳар қадар дар байни нуқсони якум, ки баромади биологӣ дорад ва нуқсони дуюм — девонагӣ, ки дар нуқсонҳои инкишофи психикӣ ба назар мерасад, дурӣ бошад, ислоҳ ва барқарор кардани нуқсонҳои психикӣ — нуқсони дуюм бо ёрии воситаҳои психологӣ-педагогӣ ва иҷтимоӣ-маданӣ ҳамон қодир самараноктар мебошад.

Дар протсесси инкишофи ғайримуқаррарӣ, на танҳо тарафҳои манфӣ, балки имкониятҳои мусбии кўдакон низ зоҳир мегардад, ки онҳо воситаи муҳими мутобиқшавии шахсияти кўдак ба нуқсонҳои муайяни дуюм мебошад. Чунончӣ дар бачагоне, ки аз биноӣ маҳруманд, ҳис кардани масофа (ҳисси шашум) ниҳоят тез инкишоф меёбад. Ё ҳис кардани масофаи байни ашёҳои гуногун ҳангоми роҳ гаштан. Инчунин хотираи шунавоӣ, мазза ва ғ. Дар бачагони кар бошад, ишораҳои қиёфавии муошират бештар рушд мекунад.

Баҳои мусбӣ ба зуҳуроти муайяни хоси инкишофи ғайри муқаррарӣ асоси муҳим ва зарурӣ барои кор карда баромадани системаи таълим ва тарбияи махсуси бачагони имкониятҳои мусбатдошта мебошад. Сарчашмаи мутобиқшавии бачагони имкониятҳои маҳдуд дошта ба муҳити атроф ин нигоҳ доштани функсияҳои психоҷисмонӣ мебошад.

Функсияи таҳлилкунандаҳои халалдор гардидаро истифодаи бошидати (пуриқтидори) нигоҳ дошта шудаи система иваз менамояд. Чунончӣ бачаи кар аз таҳлилкунандаҳои биноӣ ва ғайра истифода мебарад. Барои бачаҳои кӯр бошад, анализаторҳои шунавоӣ, мазза, бӯйфаҳмӣ мақоми баранда мебозанд. Характери конкретӣ доштани тафаккури бачагони фикран қафомонада ва қисман нигоҳ дошта шудани захираҳои қабулкунӣ дар раванди таълим ба айёнияти материал ва фаъолияти предмети амалӣ бартарӣ дода мешавад. Ҳамин тавр, дар инкишофи кўдакони имконияти маҳдуд дошта, чор омили асосӣ таъсир мерасонанд.

1. Намуди (типпи) нуқсонҳо.

2. Дараҷа ва сифати нуқсони аввалин. Дуюм бор аз меъёр берун баромадан вобаста ба дараҷаи нуқсон метавонад чунин бошад — равшан намоён, намоёни норавшани суст ва қариб номаълум. Дараҷаи инъикоси аз меъёр берун бо инкишофи хоси ғайритипикӣ муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, боз вобастагии бевоситаи миқдорӣ ва сифатии хоси нуқсони инкишофи ғайритипики дуюмини кўдакон вуҷуд дорад, ки он ба дараҷа ва сифати нуқсони аввалин вобаста аст.

3. Вақти ба вуҷуд омадани нуқсони якумин. Ҳар қадар таъсири ғайри муқарарӣ, инчунин натиҷаи зарар дидани сенсорҳои нутқӣ ё менталии система барвақт пешбинӣ гардад, ҳамон қадар нуқсони инкишофи психоҷисмонӣ ҳам равшантар ба назар мерасад. Чунончӣ, дар кўдаки кӯр таваллуд ёфта образҳои биноӣ вуҷуд надорад. Тасаввурот дар бора олами атроф дар ў бо ёрии таҳлилкунандаҳои нигоҳ дошта шуда ва нутқӣ ҷамъ шудан мегирад. Дар ҳолати гум кардани қобилияти биноӣ дар синни томактабӣ ва ё хурди мактабӣ кўдак дар хотираи худ, образҳои биноиро нигоҳ медорад, ки ин ба ў имконият медиҳад ба воситаи муқоиса намудани тасаввуротҳои нави худ бо образҳои пештара нигоҳ дошташуда оламро дарк намояд. Ҳангоми дар сини калони мактабӣ гум кардани биноӣ тасаввуротҳо бештар характери ба дараҷаи кофӣ хотирмон, равшан ва устувор мебошанд, ки ин ҳаёти ин гуна одамонро хеле сабук менамояд.

4. Шароити муҳити ҷамъияти маданӣ ва психолого-педагогии олами атроф. Бо муваффақият инкишоф ёфтани кўдаки ғайримуқаррарӣ аз бисёр ҷиҳат ба сари вақт ташхис гузаронидан ва сари вақт ислоҳ намудани он аз моҳҳои аввали ҳаёт туфайли истифодаи корҳои коррексионӣ бо ў бисёр вобастагӣ дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here