Савол ва ҷавоб дар мавриди мавлуди Паёмбар (С.А.В)

0
217

Савол ва ҷавоб дар мавриди мавлуди Паёмбар (ﷺ)

Оё шумо омода ҳастед ба саволу ҷавоб?
Бале омода ҳастем, акнун оғоз мекунем ба саволу ҷавоб.

Саволи : 1 — Паёмбар (ﷺ) чанд маротиба мавлуди худро ҷашн ширифта буданд?
Ҷавоб : 1 — Бореҳам ҷашн нагирифа буданд.

Саволи : 2 — Хулафои рошидин Абубакр Умар Усмон Алӣ Разияллоҳу ъанҳум чанд маротиба мавлуди Паёмбар (ﷺ)ро ҷашн гирифта буданд?
Ҷавоб : 2 — Онҳо бореҳам ҷашн нагирифта буданд.

Саволи : 3 — Аввалин саҳобиеки, мавлуди Паёмбар (ﷺ)ро ҷашн гирифта буд, ки мебошад?
Ҷавоб : 3 — Касе аз онҳо ҷашн нагирфта буданд.

Саволи : 4 — Оё нафаре аз тобеъин мавлуди Паёмбар (ﷺ)ро ҷашн гирифта буданд?
Ҷавоб : 4 — Нафаре аз эшон ҷашн нагирифта буданд.

Саволи : 5 — Чанд маротиба аиммаи арбаъа ( Абу Ҳанифа имом Молик имом Шофеъи имом Аҳмад раҳимаҳумуллоҳ ) мавлуди Паёмбар (ﷺ)ро ҷанш гирифта буданд?
Ҷавоб : 5 — Онҳо бореҳам ҷашн нагирифта буданд.

Саволи : 6 — Оё дар Қуръон ояте вуҷуд дорад, ки моро амр ба мавлуди Паёмбар (ﷺ) кунад?
Ҷавоб : 6 — Не.

Саволи : 7 — Оё ҳадиси саҳеҳ аст ин, ки моро ба мавлуди Паёмбар (ﷺ) амр ё иршод намояд?
Ҷавоб : 7 — Не.

Оё дин ноқис аст? Оё Паёмбар (ﷺ) фаромуш карданд моро хабар кунанд ба ҷашн гирифтани мавлуд? Оё нуқс кард дар ин кор? Оё мо нисбат ба ин кор ҳаристар мебешем аз Паёмбар (ﷺ)?

Вақтоки, Паёмбар (ﷺ) ва саҳобагон ва тобеъин ва аиммаи арбаъа ва ғайраҳо мавлудро ҷашн нагирифтаанд

Пас, ки эъҷод ва пайдо намуд ин мавлуди Паёмбар (ﷺ)ро?
Ҷавоб : Шиъаёни Фотими.

Мо Паёмбар (ﷺ)ро аз нафсҳоямон ва аз аҳлу байтамон ва аз молҳоямон ва аз тамоми мардум бештар дӯст медорем, локин дар Ислом мавлуди Паёмбар (ﷺ) вуҷуд надорад.

Муҳаббати Паёмбар (ﷺ) ба ҷашн гирифтани мавлуд нест, зероки муҳаббати эшон аз мо талаб мекунад ба пайрави намудан ва тамассук шудан ба шариъати эшон, ва дифоъ кардан аз суннати Паёмбар ва даъват ба суӣ суннат ва истиқомат дар суннати эшон, инро мегуянд муҳаббати ҳақиқи.

Чигунаеки Аллоҳ Субҳану ва таъала мефармояд:

《قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ ٱللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ ۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ》.
Бигӯ: (Эй Паёмбар) агар Худоро дӯст медоред, ба ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»
[Оли Имро : 31]

Парвардигоро! ҳамеша ҳаққро бар мо ҷилва намо

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here