Пайдоиши марҳалаҳои асоси ва самтҳои инкишофи назарияи иқтисод

    0
    309
    1. Нақши иқтисод дар ҳаёти ҷомеа.
    2. Афкори иқтисоди аз дунёи қадим то                               феодализм.
    3. Пайдоиши назарияи иқтисод ва марҳалаҳом инкишофи он.
    4. Самтҳои асосии таълимоти иқтисодии муосир.

    Ҳаёти ҷомеа ва аъзоёни он соҳаҳои гуногунро дарбар мегирад. Вай  аз  маданият, илм, таҳсилот, истироҳат, саёҳат, истеҳсоли неъматҳо ва хизматҳо ва ѓайра иборат аст.  Оё метавонем дар ин маҷмӯъ соҳаеро муайян намоем, ки фаъолият дар он аз ҳама барои ҷомеа муҳимтарин ба ҳисоб равад ва мавҷудияти ҷомеа аз он вобаста бошад. Бале метавонем. Ин соҳа иқтисодиёт аст, ки бидуни он намудҳои дигари фаъолияти ҳаётӣ номумкин мебошанд. Дар асоси фаъолияти иқтисодӣ неъматҳову хизматҳои барои қонеъсозии талаботи ҷамъият зарури истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмол карда мешаванд.

             Фаъолияти иқтисодиро субъектҳои  иқтисоди -– шахс, гурӯҳи одамон, давлат анҷом медиҳанд. Онҳо дар доираи салоҳияти худ метавонанд қарорҳои зарури қабул карда барои амалисозии ин қарорҳо аз воситаву усулҳои гуногун истифода намоянд.

             Хулоса: Иқтисодиёт ин ҳамон соҳаи фаъолияти одамон аст, ки  дар он неъматҳои зарурӣ ба вуҷуд  оварда мешаванд. Мафҳуми неъмат ҳамаи он чизеро дарбар мегирад, ки талаботи одамонро қонеъ месозад. Дар маҷмӯъ неъматҳо ба ду тақсим мешаванд:

    1. Неъматҳои табии  -– замин, об, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ѓайра, ки табиат онҳоро офаридааст.

             2. Неъматҳои иқтисодӣ – маҳсулотҳое, ки онҳоро инсонҳо ба вуҷуд овардаанд.

             Таъиноти (вазифаи) асосии иқтисод ба вуҷуд овардани маҳсулотҳоест, ки барои фаъолияти ҳаётии ҷомеа зарур аст. Неъматҳои иқтисоди дар навбати худ вобаста ба тарзи истифодаашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

             а)  чизҳои истеъмолӣ  -– неъматҳое мебошанд, ки дар ҳаёти рӯзмараи одамон барои қонеъсозии талаботи шахсиашон масраф мешаванд.

             б) воситаҳои истеҳсолот – неъматҳое мебошанд,  ки онҳо дар раванди истеҳсолот истифода мешаванд.

             Ба сатҳи тараққиёти ҳар як мамлакат пеш аз ҳама дар асоси ҳаҷм, таркиб ва сифати чизҳои истеъмоли баҳо дода мешавад. Таъмин будан бо чизҳои истеъмолии баландсифат аз сатҳи баланди тараққиёти мамлакат дарак медиҳад.

             Таъмини сатҳи баланди тараққиёт зарурияти истеҳсоли – воситаҳои истеҳсолот (пахта, нефт, нерӯи барқ, чуб, дастгоҳ, мошин ва ѓайра)-ро ба миён меорад. Бидуни воситаҳои истеҳсолот ташкил кардани истеҳсоли чизҳои истеъмоли номумкин аст. Масалан: Норасогии нерӯи барқ дар ҶТ боиси бо иқтидори зарури кор накардани корхонаҳои саноатӣ гардида имкон намедиҳад, ки субъектҳои иқтисоди аз фаъолияташон самараи дилхоҳи иқтисодӣ ба даст оваранд. Пас, барои ҳар як мамлакат нишондиҳандаи дигари инкишофи иқтисодӣ – истеҳсоли воситаҳои истеҳсолоти   гуногун ва пешқадам ба ҳар сари аҳоли ба ҳисоб меравад.

             Зарурати идомаи ҳаёти инсонҳо водор месозад, ки  ҳамарӯза одамон неъматҳоро истеъмол намоянд. Ин раванд боиси нобудшавии неъматҳо гардида зарурияти истеҳсоли такрор ба такрори онҳоро ба миён меорад. Пас  ба иқтисод раванди такрористеҳсоли чизҳои истеъмоли ва воситаҳои истеҳсолот хос мебошад.

             Ҳамчун мафҳуми иқтисоди такрористеҳсол ҳаракати даврагии неъматҳоро инъикос мекунад, ки он бевосита аз истеҳсолот, тақсимот, мубодила  ва истеъмолот иборат мебошад.

             Дар раванди такрористеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ  мавқеъи асосиро истеҳсолот ишѓол мекунад. Истеҳсолот ин дар асоси истифодаи моддаву қувваи табиат ба вуҷуд овардани неъматҳоест, ки писанди одами бошанд (масалан, аз нахи пахта тайёр кардани сару дибос).  

    Истеҳсолот асоси тамоми иқтисодиёт ва ҳастии ҷомеа мебошад. Агар маҳсулот ба вуҷуд оварда нашавад, он гоҳ зарурияти тақсим, мубодила ва истеъмол намемонад.

    Тақсимот ҳамон фосилаи такрористеҳсол аст, ки дар раванди истеҳсолот оѓоз мешавад. Барои тавлиди намудҳои гуногуни маҳсулот зарур аст, ки кормандон ва воситаҳои меҳнат байни намудҳои гуногуни фаъолият тақсим карда шаванд. Дар вақти тақсими даромади аз фаъолияти хоҷагидорӣ ба вуҷуд омада ҳиссаи ҳар як шахс дар боигарии ба вуҷуд оварда шуда муайян карда мешавад ва он аз миқдори неъматҳои истеҳсолшуда вобаста аст.

    Мубодила пеш аз ҳама ба истеҳсолот амиқан ворид мебошад, зеро тақсимоти меҳнат кормандонро водор месозад, ки қобилияти худро дар самтҳои гуногун такмил диҳанд. Ин ҳолат зарурияти мубодилаи дониш ва фаъолиятро ба миён меорад. Масалан, истеҳсоли автомобил натиҷааи меҳнати якҷояшудаи конструкторҳо, инженерон, технологҳо, коргарони тахассусҳои гуногун ва дигарҳо мебошад. Неъматҳои дар натиҷаи тақсимот расида на ҳамеша аз тарафи  соҳбонашон истеъмол мешаванд. Дар ин ҳолат зарурияти мубодилаи маҳсули меҳнат ба миён меояд.

    Истеъмолот низ бо истеҳсолот алоқаманд аст. Дар корхонаҳо қувва ва қобилияти одамон,  ашёву мошинҳо, қувваи барқ истифода мешаванд, ки он истеъмолоти истеҳсолӣ мебошад.

    Ҳамчунон истеъмолот марҳалаи ниҳоии ҳаракати маҳсулот мебошад, зеро дар ин марҳала неъматҳо талаботи шахсии одамонро қонеъ месозанд ва аз байн мераванд. Ин ҳолат зарурияти истеҳсоли нави онҳоро ба миён меорад.

    Аз таҳлили дар боло овардашуда метавонем хулоса намоем, ки инсон дар ҷомеа ҳамчун истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи неъматҳои иқтисодӣ баромад мекунад. Ҳамчун истеҳсолкунанда инсон бояд фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳад, мошину таҷхизотҳоро идора намояд ва соҳиби тахассусу малакаи муайян бошад. Аз лиҳози истеҳсолкунанда инсон мекушад меҳнати худро сабук ва пурмаҳсул гардонад ва ин равандро тамоми инкишофи таърихии ҷомеа тасдиқ мекунад.

    Ҳамчун истеъмолкуннда инсон мекунад талаботи худро ба неъматҳои иқтисодӣ қонеъ созад. Талабот ин ҳолати махсуси руҳии қонеънабудани инсон ба ягон чиз мебошад, ки аз тарафи ӯ дарк карда шудааст ва характери айни дорад. Талабот ба неъматҳо аз зарурияти таъмини фаъолияти ҳастӣ ва инкишофи организм ва шахсияти инсон бармеояд. Бинобар ҳамин инсон кӯшиш мекунад, ки талаботашро қонеъ созад. Зарурияти қонеъ сохтани талабот боиси пайдо шудани ангезаи меҳнат кардан мегардад. Дар ин ҳолат талабот шакли мушаххасро ба худ мегирад, ки он манфиат мебошад.  Манфиати иқтисодӣ ин шакли зуҳури талаботи иқтисодӣ аст. Манфиатҳо бурд ва нафъи хоҷагиро ифода карда ба субъекти хоҷагидори мустақилият ва худинкишофро таъмин менамояд. Амали насохтани манфиатҳо боиси муфлисии субъекти иқтисоди мегардад.

    Таърихи ташаккул ва тараққиёти тамаддуни бошари ду тарзи ташкили фаъолияти меҳнатиро медонад, ки инҳо тарзи ѓайрииқтисодӣ ва тарзи иқтисодӣ мебошанд.

    Меҳнат тариқи  маҷбурсозии ѓайрииқтисодӣ бар тарзи ҷазогирифтан аз иҷро накардани вазифаҳои гузошташуда асос ёфтааст ва ин ҷазо аз тарафи хоҷа (ѓуломдор феодал ҳакими мултақ) тадбиқ мешавад. Ин тарзи меҳнат тобеъияти шахсии кормандро дар назар дорад.

    Тарзи иқтисодии меҳнат ба ҳавасмандии моддӣ ва кушиши баландсозии сатҳи зиндагонии инсон асос ёфтааст. Маҷбурсозии иқтисодӣ танҳо дар шароити озодии иқтисодӣ имконпазир аст. Ин озоди имкон медиҳад, ки талаботҳои инсон дар асоси интихоби озодонаи соҳаи фаъолият қонеъ гардонида шаванд.

    Талаботи инсон гуногун мебошанд ва онҳоро метавонем дар асоси меъёрҳои мухталиф гуруҳбанди намоем. Аз ҷумла тибқи субъекти талабот онҳо метавонанд инфиродӣ, коллективӣ ва ҷамъиятӣ бошанд. Аз нигоҳи объекти худ талаботи одамон ба талаботи моддӣ, маънавӣ, этикӣ (ахлоқӣ) ва эстетикӣ талабот ба меҳнат, муошират, истроҳат ва талаботи иқтисодӣ  ҷудо мешаванд. Барои фанни назарияи иқтисод таҳлили талаботи иқтисодӣ  муҳим мебошад, зеро вай зарурияти меҳнат карданро дар ҳаёти ҷомеъа ногузор мегардонад.

    Талаботи иқтисодӣ ин қисме аз эҳтиёҷоти инсонист, ки қонеъсозии он зарурияти фаъолияти иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Бо баробари инкишофи ҷомеъа сатҳи талабот низ таѓйир ёфта боло меравад. Тамаддуни муосир (сатҳи имрӯзаи инкишофи моддиву маънавии ҷомеъа) якчанд сатҳи талаботро эътироф кардааст, ки онро пирамидаи талаботи инсони муосир низ меноманд  (нақшаи 1).  Ин сатҳҳо чунинанд:

    •  эҳтиёҷоти физиологӣ (талабот ба хурок, об, либос, манзил, насл);
    •  талабот ба бехатарӣ (ҳимоя аз душманони хориҷӣ ва ҷинояткорон, кӯмак дар ҳолати беморӣ, ҳимоя аз қашшоқӣ);
    •  талабот ба муоширати иҷтимои (муошират бо дигар одамон, муносибати дӯстӣ, муҳаббати байни одамон);
    •  талабот ба эҳтиром (эътироф аз тарафи дигарон, мавқеъи муайяни иҷтимои пайдо кардан, худэҳтиром);
    •  талабот ба инкишофи шахси (такмили, қобилият ва имкониятҳои инсон).

                                                          Талабот ба

                                                       инкишофи шахси

                                                     талабот ба эҳтиром

                                         талабот ба муоширати иҷтимоӣ

                                                     талабот ба бехатарӣ

                                                     талаботи физиологӣ

    Нақшаи № 1. Пирамидаи талаботҳо

             Дар баробари инкишофи ҷомеъа сатҳи талабот низ баланд мешавад ва таркиби он ѓанӣ мегардад. Бо назардоштьи ин андеша дар назарияи иқтисод қонуни иқтисодии болоравии талабот эътироф шудааст. Ин қонун зарурияти айнии рушд ва такмили талаботи инсониро дар баробари инкишофи истеҳсолот ва фарханги ҷомеъа ифода мекунад. Дар фаъолияти иқтисодии худ одамон бояд амали ин қонунро ба эътибор гиранд. Дар ин ҳолат онҳо метавонанд дар фаъолияташон ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Дарки дурусти таѓйироти ҳаҷм ва таркиби талабот ба субъектҳои иқтисоди имкон медиҳад, ки дар фаъолияти хоҷагидориашон қарорҳои дуруст қабул намоянд, ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Аз ин андешаи мухтасар метавонем хулоса намоем, ки  назарияи иқтисод ҳамчун илм бо равандҳое сару кор дорад, ки инсонҳо дар фаъолияти иқтисодиашон бо онҳо дучор меоянд ва кӯшиш мекунанд аз ин равандҳо самараи дилхоҳи иқтисодӣ ба даст оранд. Пас омузиши назарияи иқтисод дар ташкили фаъолияти хоҷагидории одамон чигуна нақши бузург мебозад. Аз бар кардани масоили фанни назарияи иқтисод дар маҷмӯъ ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеъа мусоидат мекунад.

                                   II. Афкори иқтисодии дунёи қадим

             Илми иқтисоди дорои таърихи тулонӣ ва ѓани  мебошад. Инсонҳо  ҳамеша кушиш мекарданд моҳияти равандҳоеро фаҳманд, ки бевосита ва ё бевосита ба сатҳи зиндагии онҳо таъсир мерасонанд. Бинобар ҳамин аз замони пайдоиши тамаддуни инсони онҳо оид ба паҳлӯҳои фаъолияти хоҷагидориашон фикрронӣ  мекарданд. Сароѓози ин андешаҳоро бояд дар Шарқи бостон, ки гаҳвораи тамаддуни башарӣ ҳисоб меравад, биҷӯем.

             Аввалин осори хаттие, ки дар он андешаҳои иқтисоди дар омезиш ва андешаҳои дини иброз шудаанд, китоби дини зардуштӣ  «Авесто мебошад, ки зиёда аз се ҳазор сол пеш навишта шудааст.

             Дар ин китоб оид ба тақсимоти меҳнат ва соҳаҳои хоҷагидорӣ(шикорчигӣ, моҳидорӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ) тафриқабандии иҷтимоии аҳоли, сохти идораю давлатдорӣ, равобити тиҷоратӣ, муносиботи молиявӣ, тарзу усулҳои андозситони маълумотҳо оварда шудаанд. Аҷдоди халқи тоҷик зардушт дар китоби худ ва инсоният андешаеро пешниҳод кард,   ки ормонҳои ҷовидонаи одамонро инъикос мекунад ва дар тӯли беш аз се ҳазор сол одамон кушиш мекунанд, ки онҳоро амали намоянд.

             Ин андеша «Пиндори нет, гуфтори нек ва рафтори нек» мебошад ва он одамонро дар фикру амал ба накукорӣ ҳидоят мекунад. Оё ягон халқи дунё ба ҳамин монанд  андешаро ба ҷаҳониён пешкаш кардааст?

             Дар Ҳиндустони қадим андешаҳо оид ба тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, муносибатҳои ҳукмронию тобеъиятӣ дар ҷомеъа, моликиятдорӣ, андозу андозситонӣ, қарзу судхурӣ дар «Қонунҳои Ману» (асрҳои IY-III пеш аз мелод) инъикос шудаанд. Ҳамин гуна андешаҳоро дар китоби «Архашастра»-и Сатакя (асри IY то мелод) метавонем мушоҳида намоем. Ӯ ѓуломиро мансуб ба табақаи пасти ҷомеъа медонад. Арзиши маҳсулотро бо миқдори рӯзи кори муайян мекунад, мукофоти меҳнатро ба натиҷаи он вобаста медонад. Чатакя фоидаро ба хароҷот дохил карда ҳаҷми онро дар сатҳи 5 % аз нархи мол муайян мекунад (барои молҳои хориҷӣ -10%).

              Равияҳои  асосии афкори иқтисодӣ дар Чини бостон дар асрҳои YI-III  пеш аз мелод ташаккул ёфтанд ва онҳо бо номҳои конфутсизм, легизм ва даосизм машҳур мебошанд.

             Асосгузори конфутизм Кун Сию (551-479 пеш аз мелод)  ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини вазъияти муътадили сохти ҷамъиятии Чин ӯ барномаи такмили маъхнавии инсонро пешниҳод намуд, ки дар он зарурияти эҳтиром ба калонсолон ва боломақомон, зуҳуроти эҳтироми фарзандона, дусти бо бародарон, танзими муносибатҳои падаршоҳи таъкид карда мешуд. Кун Сию моликияти коллективӣ  ва хусусиро аз ҳамдигар фарқ карда нисбати моликияти хусусӣ назари некбинона дошт.  Ба ақидаи ӯ тақсимоти табақотии ҷомеа аз тарафи худо ва табиат муайян гардидааст. Кун Сию манбаи сарватро меҳнат меҳисобид ва халқро ба бештар меҳнат кардан даъват мекард. Байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ фарқ мегузошт ва ақида дошт, ки меҳнати ҷисмонӣ хоси авали аст, ки ҳиссаи асосии онҳоро ѓуломон ташкил медиҳад. Дар асарҳои файласуфи дигари хитои Сюн-Цзи  (асри III пеш аз мелоди)  таъкид мешавад, ки одамон аз вақти таваллуд баробаранд ва аз сарвати андехташударо бояд ҳама истифода кунанд. Баъзе  аз муттафакирони Хитои бостон (аз ҷумла Мо Ди (479-403 пеш аз мелод) муносибатҳои ѓуломдориро дар асарҳояшон маҳкум карда таъкид мекарданд, ки одамони табақаи поёнии низ бояд ҳуқуқ ба моликияти хусуси нисбати замин дошта бошанд.

             Яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ Юнони бостон ба ҳисоб меравад, ки дар он афкори иқтисоди дар баробари илмҳои дигар ба сатҳи баланди тараққиёт  мерасад. Афкори чунин муттафакирони бузурги Юнони ба монанди Ксенофонт (430-354 пеш аз мелод), Афлотун (927-342 пеш аз мелод) ва Арасту (384-322 пеш аз мелод)-ро  метавонем ҳамчун сароѓози назариявии илми-иқтисодии муосир ҳисоб намоем. Масалан ѓояи нафъноки (манфиатноки) ҳамчун асоси қимматнокии неъматҳо, мубодилаи эквивалентҳо ҳамчун мубодилаи дуруст  аз тарафи ин муттафикирон баён шудаанд.  Бори аввал Ксенофонт китоберо ба номи «Экономикос» навишт, ки баътар онро бо номи «Тадбири манзил» тарҷума  карданд. Дар ин асари худ Ксенофт хоҷагии натуравии ѓуломдориро таранум карда шуѓли ҳунарманди ва тиҷоратиро маҳкум менамояд. Ѓуломонро олоти забондор меҳисобод. Хизмати бузургии Ксенофт дар он аст, ки ӯ нисбати фаъолияти хоҷагидори ҳамчун раванди ба вуҷудории чмзҳои манфиатнок муносибат мекунад ва афзалияти тақсимоти  ҷамъиятии меҳнатро дарк менамояд.

             Афлотун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои табкаи воломақом китоберо бо номи «Сиёсат» (политэйа)  навишт, ки дар он давлати идеалиро бо хусусиятҳои хаёли инъикос намуд. Афлотун аҳолии ин давлатро ба се табақа ҷудо карда взифаҳои онҳоро мушаххасан муайян месозад. Табақаи аввал аз файласуфҳо иборат буда онҳо кори идораи давлатро ба душ доранд. Табақаи дуюм ҳарбиён буда, мақомоти идораи давлатиро ташкил медиҳанд. Ин ду табақа ҳуқуқи моликиятдори надоранд.

             Ба табақаи сеюм кишоварзон, ҳунармандон ва савдогарон дохил мешаванд ва танҳо онҳо метавонанд соҳиби моликият бошанд. Ѓуломон ба ягон табақа дохил намешуданд. Ба андешаи Афлотун кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёт буда ҳунарманд дар мавқеъи паст меистад ва савдо ҳеч гуна қадр надорад ва бо он бояд ваҳшиён (варварҳо) машѓул шаванд.

             Пайдоиши тақсимоти меҳнатро Афлотун бо пайдоиши шаҳро алоқаманд медонад. Шахрҳо барои он ба вуҷуд омаданд, ки одамон бо қувваи худ ҳамаи талаботашонро қонеъ гардонида наметавонанд ва ба ҳамин  сабаб ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷ доранд. Бо назардошти гуногунии қобилият, ки он аз табиат мебошад, Афлотун таъкид мекунад, ки одамон ба ҳамон коре машѓул шаванд, ки ба қобилияти онҳо мувофиқ аст. Бинобар ҳамин дар шаҳрҳо тақсимоти меҳнат ба вуҷуд меояд ва бо воситаи мубодилаи маҳсулот одамон ба қонеъ сохтани талаботи якдигар кӯмак мекунанд. Дар ин асос бозор, савдо ва пул,  ҳамчун воситаи зарурии мубодила пайдо мешаванд. Афлотун истифодаи ин воситаҳоро бо мақсади сарватмандшави маҳкум мекунад. Ба андешаи Афлотун, бояд мубодилаи молҳо одилона бошад ва давлат қоидаҳои танзимсозандаи савдоро муайян сохта риояи (иҷроиши) онҳоро назорат созад.

             Бузургтарин ҳимоягари низоми ѓуломдорӣ Арасту ба ҳисоб меравад, ки тақсимоти табақотии ин ҷомеаро ба ѓуломдорон ва ѓуломон табии мешуморид. Асари муҳиме, ки андешаҳои ин мутафаккир оид ба иқтисодиёт дар он бештар оварда шудаанд  «Сиёсат» ном дорад.

             Сарватро Арасту аз нигоҳи хоҷагии натурали маънидод намуда ба он ҳамаи неъматҳое, ки дар кишоварзию ҳунарманди тавлид мешаванд, дохил мекунад ва ин соҳаҳоро Ойконолия (ойкос — хона, хоҷагӣ, номос -– таълимот, қонун), яъне санъати пешбурди меномад. Ба ақидаи Арасту тарзи табии ба даст овардани неъматҳои моддӣ ин машѓул шудан ба кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошад. Лекин ба сабаби мавҷудияти миқдори ин неъматҳо Арасту роҳи дигари ба даст овардани неъматҳоро низ таъкид мекунад ва онро Хрематистика (яъне сарват ҳамчун маҷмӯи арзишҳо) меномад. Дар ин ҷо манбаи сарват муомилот (савдо) ба ҳисоб меравад. Чунин сарватро Арасту ѓайритабии меҳисобад ва муқобили истифодаи пул ҳамчун воситаи ҷамъсозии сарват баромад мекунад. Ӯ ба тарафдори «Ойконолия»  ва  мухолифи «Хрематистика», яъне ба тарафдории кишоварзӣ ва ҳунармандӣ ва мухолифи тиҷорати бузург ва судхурӣ баромад кардааст.

             Давоми мантиқии афкори муттафакирони Юнони бостонро  дар осори бузургони илму сиёсати Рими қадим мушоҳида мекунем.

             Ҳимоягари ѓоявии ѓуломдорӣ дар Рими қадим Катони Бузург (234-149 пеш аз мелод) ба шумор меравад. Дар асари худ «Оид ба кишоварзӣ» ӯ афзалияти хоҷагии қишлоқро  асоснок намуда ба ташкили меҳнати ѓуломон ҳамчун воситаи гирифтани даромади  бештар таваҷуҳи зиёд намудааст.

             Дар асрҳои I-II пеш аз мелод дар давлати Рим бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ вусъат меёбад ва бародарон Тиберий Гракхи (162-133 пеш аз мелод) ва Гай Гракхи (153-121 пеш аз мелод) лоиҳаи ислоҳоти аграриро пешниҳод мекунанд, ки моҳияти он аз маҳдудсозии заминдории бузург ва беҳсозии мавқеи деҳқонони муфлисшуда иборат буд.

             Масъалаҳои ташкили оқилонаи хоҷагии ѓуломдориро агрономҳо Варрон (116-24 пеш аз мелод) ва Колумелла (асри I мелод)  дар асарҳои худ мавриди арзёби қарор додаанд. Варрон хилофи ақидаи Катон пешниҳод мекард, ки заминкорӣ ва чорвадорӣ дар якҷоягӣ пеш бурда шаванд. Ӯ ѓуломонро олоти гӯянда меҳисобид. Колумелла камсамарии меҳнати ѓуломонро дарк карда тавсия медиҳад, ки замин барои коркард ба колонҳои озод,  ки ҳаҷман хурд буданд, дода шавад.

             Марк Тулий Сисерон тарафдори моликияти хусусӣ, заминдории калон ва истисмори пуршиддати мустамлакаҳо ва ҳавасмандсозии тиҷорати бузург буд.

             Лусий Анней Сенека камсамарии хоҷагии ѓуломдориро дарк карда зарурияти инкишофи колонат ва озодсозии ѓуломонро дастгири менамуд.

             Бо пайдоиши дини масеҳи афкори иқтисодӣ бештар аз тарафи руҳониён дар омезиш бо андешаҳои динӣ баён шудаанд. Афкори иқтисодии масеҳияти ибтидоиро дар асарҳои Иероними Нексиришт (340-420 пеш аз мелод) ва Августини Некрирушт (354-432 пеш аз мелод)  дучор меоем. Ба андешаи Иероним сарвати зиёд ин ѓорати ҷамъият мебошад. Ӯ зидди пул, судхурӣ ва тиҷорат баромад мекард. Августин аввалин ходими масеҳие буд, ки муқобили ѓояҳои ҷомеъаи ѓуломдорӣ оид ба амали паст будани меҳнати ҷисмонӣ баромад карда таъкид мекард, ки меҳнат кардани инсонҳо хости худо мебошад ва он амали нек аст. Меҳнати ҷисмонӣ низ монанди меҳнати фикрӣ кори пуршараф аст. Аз ин ҷиҳат меҳнати кишоварзиро  воломақом, меҳнати ҳунармандро тоза ва пуршараф меҳисобид. Фаъолияти тиҷоратӣ ва судхуриро Августин маҳкум мекард.

             Дар ибтидои асри миёна таназули муносибатҳои ѓуломдорӣ ва ташаккули муносибатҳои феодалӣ сурат мегирад. Муносибатҳои нави хоҷагидорӣ, ки боиси танозуми хоҷагидории ѓуломдорӣ гардиданд, дар ҷомеаҳои осиёгиву аврупои ривоҷ меёбанд ва боиси инкишорфи минбаъдаи афкори иқтисодӣ мешаванд.

             Бо паҳншавии дини ислом андешаҳои иқтисодӣ дар мамолики мусулмон дар омезиш бо ѓояҳои исломи пешниҳод мешаванд. Муҳимтарин сарчашмае, ки дар ташаккули афкори иқтисодӣ таъсири бузург гузоштааст, китоби муқаддаси Қуръон мебошад. Қуръон ҳамчун каломи худо принсипи дахлнопазирии моликияти хусусиро эълон мекунад. Тибқи муқаррароти ислом тиҷорат ва фоидагирӣ аз ин амал кори наку ҳисобида шуда, судхурӣ ва судситонӣ маҳкум гардидааст. Тибқи муқаррароти Қуръон дар тиҷорат бояд қоидаҳои муайян аз тарафи мусулмонон риоя карда шаванд. Аз ҷумла таъктид мешвад, ки шахс дар риояи ченсозӣ ва муайян кардани вазн содиқ бошад, бо молу мулки одамон хисорот (зарар) ворид накунад. Ин андешаҳо албатта ба ривоҷи муносиботи тиҷоратӣ мусоидат мекарданд.

             Дар инкишофи афкори иқтисодии ҷаҳони исломӣ нақши фарзандони фарзонаи тоҷик хело бузург аст. Инҷо мо бояд аз муттафакирони базҷастаи халқамон ба монанди Нуъмон ибни Собит бо тахаллуси Имоми Аъзам, Заариёи Рози (865-925), Абунасри Фаробӣ (873-950), Абдураҳмони Берунӣ (973-1048) ва Абу али ибни Сино (980-1037) ёдовар шавем. Онҳо дар соҳаи илмҳои ҳуқуқи исломӣ —  фалсафа, кимё, тиб, риёзӣ, кайҳоншиносӣ, забон ва адабиёт, ҷуѓрофия ва дигарҳо,  асарҳо  эҷод карда шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд.

             Дар баробари ин мутаффкирони номбурда оид ба масъалаҳои ҳаёти иқтисодию-иҷтимоии замони худ андешаҳои ҷолиб низ иброз намудаанд.

             Бояд қайд кард, ки ҳаёт ва фаъолияти ин нобиѓаҳои илм ба истиснои Имоми Аъзам ба асри тиллоии халқи тоҷик, замони давлатдории Сомониён рост меояд ва дар эҷодиёти онҳо таъсири таълимоти мутаффакирони Юнони қадим (Арасту ва Афлотун) эҳсос мегардад. 

             Закариёи рози дар баробари эҷоди асарҳои зиёд оид ба соҳаи тиб ҳамчунон ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеъа фикрҳои ҷолиб гуфтааст ҷамъи асарҳои ӯро 234 номгӯӣ мешуморанд. Розӣ бани одамро баробар дониста таъкид мекунад, ки худованд ҳамаи бандагони хешро баробар офарида ва ҳеҷ касро бар дигарӣ бартари надодааст…1).

             Мавзӯъи дигар, ки мавриди таваҷӯҳи  розӣ қарор гирифтааст ва дар асарҳояш баррасӣ гардидаанд, ақл ва нафс мебошанд. Мо имрӯз медонем, ки зери мафҳуми нафс манфиатҳои иқтисодии одамон дар назар дошта мешаванд. Барои замони худ гузариши мавзӯъи нафс ва кӯшиши арзёбии он дастоварди беназири розӣ ба ҳисоб меравад.

             Масъалаи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва тахассусҳои кори одамон самти дигари афкори иқтисодии Закариёи розист, ки аз тарафи ӯ дар асарҳояш баррасӣ шудаанд. Ӯ тақсимоти ҷамъиятии меҳнатро асоси махсусгардии фаъолияти пешрафти ҷомеъа ва инкишофи муносибатҳои мубодилавӣ медонад2). Дар муқоиса бо инкишорфи илми Аврупо метавонем қайд кунем, ки Закариёи розӣ аз замони худ оид масоили иқтисодӣ чандин асрҳо пеш гузашта буд. Далели  ин андеша ишораҳо ба хислати ҷамъиятии истеҳсолот ва меҳнат дар китоби «Тибби рӯҳонӣ» мебошад.

             Симои дигари илми оламгири халқи тоҷик Абунаср Муҳаммад ибни Тархон Фаробӣ мебошад, ки ҷаҳониён  ӯро ҳамчун энсеклопедист ва файласуфи  беназир эътироф кардаанд. Ӯ бо тарҷумаи баъзе аз осори илмии Афлотуну Арасту ба забони араб ива навишта шарҳномаҳо ба ин асарҳо аҳли илми ҷаҳони исломро бо фалсафаи Юнони қадим шинос намуд ва ба инкишофи минбаъдаи илм дар ин кишварҳо замина муҳаё кард. Дар баробари ин худи ӯ асарҳои зиёди фалсафию иҷтимоӣ эҷод намудааст,ки қисме аз онҳо то замони расидаанд.Профессор Исоматов Б чунин номгӯӣ тоҷикии онҳоро, ки ба масъалаҳои иҷтимоии аҳлоқӣ бахшида шудаанд, ёдовар шудаанд.  «Нишондоди роҳҳо ба саодат», «Сиёсати шаҳрвандӣ», «Ҳикматҳои соҳибмансабони давлатӣ», «Дар бобати расидан ба саодат», «Афкори маскунони шаҳри некбахтон» ва ѓайра3)

    1) Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. Д.,»Адиб», 1989, с.30                                                                                                   

    2) Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. Д.,»Адиб», 1989саҳ.103

    3) Исоматов Б., Каримбердиев О., Муҳатбердиев Ҳ., Таърихи афкори

        иқтисод, Душанбе – 2005, с.80

             Фороби масъалаи накукорию некбахтии одамонро мавриди арзёби қарор дода таъкид мекунад, ки анҷом  додани амалҳои хайр барои дигарон инсонро некбахт мекунад.

      Муттафакири дигари халқи тоҷик Абурайҳон Берунӣ дар баробари машѓул будан ба таъриху ҷуѓрофия, забону адабиёт, кайҳоншиносӣ дар асарҳои худ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии замонаш андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Тибқи маълумоти муттахассисони таърихи илм Беруни дар давоми ҳаёташ зиёда аз 180 асар навиштааст, ки аз онҳо 40 номгуяш то ба замони мо расидаанд. Беруни ѓояи инкишофи                           тамаддуни инсониро пешниҳод намуда онро ба се давр тақсим мекунад, ки онҳо                          ҷоҳилия ва тамаддун мебошанд. Илми ҷомеашиносии Аврупо ба чунин фаҳмиши инкишофи ҷомеа танҳо дар асри ХIХ ноил гардид  (Люис Морган ва Ф.Энгельс) ва онро кашвиёт номид. Истифодаи усули омории тадқиқот дастоварди дигари Беруни дар тадқи ҳодисот ва равандҳои ҳасти ҷомеъа мебошад. Ҳамчунон ин мутафаккири басҷаста дар асарҳояш оид ба мубодила ва тарзу усулҳои он, бозорҳо андешаҳои ҷолиб иброз намудааст.

      Олими дигаре, ки дар пешрафти илмҳои замонаш саҳми бехамтое гузоштааст ва имрӯз  мояи ифтихору сарбаландии халқи тоҷик аст Абу али ибни Сино мебошад. Тибқи гуфтан муҳаққиқони осори Сино ӯ дар тӯли ҳаёташ 460 номгӯӣ асар эҷод кардааст, ки онҳо ба соҳаи тибу дорусозӣ, фалсафаю адаб ва дигарҳо бахшида шудаанд. Бузургтарин асари Сино «Қонуни тиб»  ном дошта дар асоси он қариб 400 сол мардуми Аврупо фаъолияти табобатсозии инсонро меомухтанд. Ҳамчун энсеклопедист ин олими маъруф оид ба масоили иҷтимоию иқтисоди андешаҳои ҷолиб низ баён намудааст ва дар радифи китоби «Экономикос»-и   Ксенофонт  асареро бо номи «Тадбири манзил»1)  таълиф кардааст, ки хушбахтона то замони мо омада расидааст.

      Дар ин асарп инсон ҳамчун муъҷизаи худованд бо хусусиятҳои хоси он тасвир карда мешавад. Сино афзалияти хусусияти муҳими инсонро дар қудрати меҳнат кардани он мебинад ва нишон медиҳад, ки бо ин фаъолияти худ, одам нисбат ба дигар махлуқоти рӯи замин афзалият пайдо мекунад.

      Дар таҳлили сохим иҷтимоии ҷомеъа Сино тафриқаи табақатии ҷомеъаро дар асоси меъёрҳои муайян эътироф карда дар асараш онро мушаххас менамояд ва ин тафриқаро ҳолати табии ҷомеъа медонад.

      Сино ҳамчун шахси шаҳрнишин таъкид мекунад, ки шарти муҳими зиндагии осоиштаи оила —  доштани манзил ва идораи оқилонаи хонавода  мебошад.  Аз   ин   лиҳоз ӯ  занро ҷойнишини шавҳар дар кори

    1)  Абуали  ибни Сино.  Осори мунтахаб. Душанбе 1963, ҷилди дуюм,

          сах.13-26

    идораи хонавода медонад. Сино дар пешбурди ҳаёти хонавода масъалаи даромад ва хароҷоти оиларо мавриди арзёби  қарор дода дар ин асос ба мавзӯъи тақсимоти  ҷамъиятии меҳнат мерасад. У манбаи даромади оиларо дар мерос в фаъолияти меҳнатӣ мебинад. Ба ақидаи Сино шахс бояд соҳиби касбе бошад,  то ки бо истифода аз он даромад ба даст ора два хонаводаро таъмин намояд. Доираи истифодаи касб ба ақидаи ӯ метавонад саноат ва ё тиҷорат бошад. Сино шуѓли саноатиро авлотар мебонад ба он сабаб, ки дар он хафу хатар камтар мебошад. Дар маънидоди фаъолияти меҳнатии инсон Сино қайд мекунад, ки он метавонад ба асоси ақл, адаб ва қувваи дасту бозӯ анҷом дода шавад. Аз ин андеша метавонем хулоса намоем, ки Сино ба таври худ бу худ (стихиявӣ) ба маънидоди меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ наздик шудааст.

      Сино таъкид мекунад, ки зиндагии инсонхо бояд бо меҳнати поку ҳалол асос ёбад. Ҳама гуна тарзу усули дигари пайдо кардани неъматҳоро ӯ ҳаром меҳисобад.

    Оид ба масъалаҳои иқтисоди андешаҳои ҷомеъаро дар асри XIY  таърихшиноси туниси Ибни Халдун  (1332-1406) баён намудааст.  Ӯ дар асари худ «Муқаддима» дар баробари  баррасии масъалаҳои таърих ҳамчунон афкори иқтисодии ҷолибро низ баён кардааст,  ки тамаддуни аврупои ба баррасии онҳо дар асри XYII  шуруъ намуд. Ибни Холдун зарурияти истеҳсолот ва мубодиларо дар мавҷудияти талабот ва  қонеъсозии онҳо мебинад. Ба ақидаи ӯ бавуҷудоварандаи сарват меҳнат мебошад ва маҳсулоти ҳунармандӣ дар асоси меҳнати сарфшуда мубодила мешавад. Меҳнат  дар  саноат ва тиҷорат имкон медиҳад, ки фоида гирифта шавад. Меҳнати кишоварзӣ  ин имконро намедиҳад, зеро маҳсулоти дар  ин соҳа тавлидшаванда фақат талаботи ашхоси дар он бандбударо метавонад қонеъ созад.  Умуман Ибни Халдун нақши  бузурги истеҳсолотро дар хаёти ҷомеъа таъкид мекунад. Ӯ бисёр  мафҳумҳои иқтисодиро аз ҷумлаи мубодила арзиш нарх, фоида, музди кор, тақсимоти меҳнат таҳлил кардааст.

    Дар Аврупои феодалӣ афкори иқтисодӣ бештар аз тарафи намояндагони дини масеҳи дар омезиш ба таълимоти маҳеҳӣ баён шудаанд. Яъне, ки дар исботи андешаҳои иқтисодӣ бештар муқаррароти дини масеҳи истифода мешуданд. Чунин тарзи маънидоди раванду ҳодисаҳо дар илми таърихи афкори иқтисодӣ бо номи канонистҳо машҳур гардид.

      Намояндаи бузурги канонистҳо Фома Аквинский (1225-1274) мебошад, ки дар афкори иқтисодии худ мунофеъи табақаҳои ҳукмрони ҷомеъаи феодалиро ҳимоя кардааст. Ӯ дар асоси андешарони оид ба тақсимоти меҳнат кушидааст, ки тақсимоти табақоти ҷомеъаро асоснок намояд. Фома тарафдори моликияти хусуси буда дар баробари ин зарурияти танзими давлатии иқтисодро эътироф мекунад. Дар баробари муносибати некбинона доштан нисбати хоҷагии натуравӣ ӯ зарурияти мубодила ва савдоро низ эътироф менамояд. Таъкид менамояд, ки  мубодила бидуни фиреб бояд сурат гирад. Набояд фурушанда нуқси молашро пинҳон кунад ва харидор хатогии фурушандаро барои манфиатгӯи истифода намояд. Дар андешаҳои иқтисодии  Фома ҷои махсусро «Нархи одилона» ишѓол мекунад. Дар маънидоди ин нарх ӯ ба ду принсип такя мекунад. Аввалан дар муайян кардани нархи мол дукондорон ба харҷи меҳнати бояд такя намоянд. Аз дигар  тараф онҳо бояд мавқеъи  нобаробари одамонро ба инобат гиранд. Аз ин ҷиҳат ҳамон нарх одилона аст, ки ба фурушанда имкон медиҳад, ки тибқи мавқеъи иҷтимоиаш  дар ҷомеъа зиндаги кунад. Ба ақидаи Фома пул ҳамчун воситаи муом илот дар натиҷаи созиши байни одамон пайдо шудааст. Дар ин фаҳмиши худ Фома афкори иқтисодии Афлотунро пайрави кардааст.

    Дар марҳалаи интиҳоми низоми феодалӣ дар мамолики гуногун сотсиализми хаёли  ба вуҷуд омад, ки намояндагони машҳури он Томас Мор (1478-1535)-и англис ва Томмазо Кампонелла (1568-1639)-и итолёвӣ мебошанд. Мор дар китоби машҳури худ бо номи   «Хаёлот»  (утопия) раванди хонахаробшавии шумораи бузурги аҳолии Англияро дар натиҷаи андӯхти ибтидоии сармоя нишондода ба хулоса меояд, ки ҳукмронии моликияти хусуси боиси ҷамъшавии тамоми сарват дар дасти миқдори ками одамон мегардад. Дар ин китоб Т.Мор давлатеро тасаввур мекунад, ки дар он моликият умумӣ буда, ҳамаи аҳолиаш меҳнат мекунанд, истеҳсолот танзим, рӯзи кори шаш соата амал карда тақсимоти баробари неъматҳо хукмрон мебошад. Ин давлат ҷангҳои забкориро намедонад.

    Мутаффакири итолёви Томмазо Кампанелла дар китоби худ ба номи «Шаҳри офтоб» сабаби нобариро дар ҷомеа дар моликияти хусусӣ мебинад. Ба ақдаи ӯ асоси «шаҳри офтобро» моликияти ҷамъиятӣ ва меҳнати озод ташкил медиҳанд. Хулоса то замони пайдоиши низоми сармоядорӣ афкору андешаҳое, кит оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисод гуфта шудаанд, дар маҷмӯъ таълимоти ба низом даровардашударо ташкил накардаанд ва илми мустақилро бо номи иқтисод ба  вуҷуд наовардаанд. Танҳо гузариш ба низоми сармоядорӣ зарурияти таҳлили равандҳои иқтисодииро дар асоси низоми донишҳои муайян ба тақозои замон табдил до два дар ҳамин асос аввалин равияи илмии иқтисодӣ бо номи Меркантелизм пайдо шуд.

      Бояд қайд кард, ки дар шароити ҳозира доираи истифодаи                   «иқтисод» шустариш ёфта вай дар маъниҳои гуногун истифода мешавад. Аз ҷумла:

             — иқтисод ҳамчун тачассумкунандаи хоҷагии нақия, давлат,Ю гурӯҳи давлатҳо, тамоми дунё  (масалан, иқтисоди вилояти Суѓд, Иқтисоди Тоҷикистон, иқтисоди Иттиҳоди Аврупо, иқтисоди чаҳон).

             — иқтисод ҳамчун фанне, ки хоҷагии халқ ва шароитҳову унсурҳои истеҳсолот соҳаҳои алоҳидаиро меомузад (масалан, иқтисоди меҳнат, иқтисоди саноат, иқтисоди  маориф ва ѓайра).

             — иқтисод ҳамчун назария оид ба маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки байни  одамон дар раванди истеҳсолот, тапқс имот, мубодитла ва истеъмолот ба вуҷуд омада низоми иқтисодиро ташкил медиҳанд.

               III. Пайдоиши назарияи иқтисод ва марҳалаҳои инкишофи он

             Назарияи иқтисод ҳамчун илм оид ба меҳнат, мақсад ва вазифаҳои низоми иқтисодӣ дар асрҳои XYI-XYII  ба вуҷуд омад. Дар ин давра  ташаккули низоми сармоядорӣ, пайдоиши мануфактура, амиқшавии тақсимоти ҷамъиятии меҳнат густариши бозорҳои хориҷиву дохилӣ, пурзуршавии муомилоти пулӣ ба амал меомад. Зарурияти таҳлил ва арзёбии равандҳои номбурда боиси пайдоиши аввалинг таълимоти иқтисодӣ бо номи Меркантелизм гардид. Решаи  калимаи меркантелизм калимаи итолёвии  mercante – тоҷир мебошад. Чунин номгирифтани ин таълимоти иқтисодӣ бесабаб нест, зеро намояндагони меркантелизм  дар ҷустуҷую маънидоди сарват ва манбаи он хулоса мекунанд, ки сарват ин пул (тангаҳои тиллои ва нуқрагин) буда манбаи он тиҷорат хусусан тиҷорати хориҷӣ мебошад. Онҳо эътироф мекарданд, ки истеҳсолот заминаҳои бавуҷудоии сарватро таъмин месозад, лекин манбаи сарват фоидаест, ки дар раванди тиҷорат ба вуҷуд меояд ва он ҳам тиҷорати хориҷӣ аст. Меркантелистҳо намояндагони доираҳои тиҷорати буданд ва манфиати онҳоро дар таълимоти назариявии худ ифода ва ҳимоя мекарданд.

             Аз нигоҳи инкишофи таҳаввулотии худ меркантелизм ба ду давра ҷудо мешавад:

    а)  меркантелизми ибтидои (то миёнаи асри XYI)

    б)  меркантелизми баркамол (аз миёнаи асри XYI то миёнаи асри XYII)

             Таълимоти меркантелизми ибтидои ба таррози пулӣ ва зиёдсозии сарвати пули бо амалҳои қонунгузорӣ асос ёфтааст ва дар ин маъно вайро «падари руҳонии» монетаризм гуем хато намекунем. Намояндаи барҷастаи меркантелизми ибтидои Уилям Стаффорди (1554-1612) инглис мебошад. Ӯ дар асари худ бо номи «Шарқи мухтасари баъзе шикоятҳои муқаррарии ҳамватанони мухталифи мо» (1581) қайд мекунад, ки асоси ҳалли муаммоҳои зиёди иқтисодиро манъсозии содироти металлҳои қимматбаҳо, маҳдудсозии воридот, ҳавасмандсозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва содироти молҳои тайёр ташкил медиҳад.

             Асоси меркантелизми баркамолро таррози фаъолияти тиҷоратӣ ташкил медиҳад, яъне содироти мол ба хориҷ нисбат ба воридоти он бояд зиёд бошад. Дар таълимоти меркантелизми баркамол сиёсати ҳимояталабии  (протексионистӣ) давлат асоснок карда шудааст. Зеро ин сиёсат ба ҳимояи  иқтисоди миллӣ аз рақобати давлатҳои дигар бо воситаи ҷорӣ кардани монеъаҳои гумруки маҳдудсозии воридоти молу сармояи хориҷӣ ҳавасмандсозии содироти мол нигаронида шудааст.

             Намояндагони машҳури меркантелизми баркамол Томас Ман (1571-1641), Антуан Монкретьен (1575-1621), Гаспар Скаруффи (1519-1584), Д.Норе (1641-1691), Д.Юм (1711-1776) мебошанд. Онҳо дар асарҳои худ таъкид мекарданд, ки зиёд будани арзиши содирот нисбат ба воридот боиси бой гардидани давлат мешавад.  Тибқи ақидаи онҳо чунин натиҷа бо ду тарз метавонад таъмин гардад:

    1. аз ҳисоби зиёдсозии содироти молҳои тайёр ва манъ кардани воридоти  молҳои дабдабавӣ (роскошные товары);

    2. ривоҷ додани савдои миёнаравӣ. Дар ин ҳолат баровардани пул ба   хориҷа иҷозат дода мешавад ва принсипи асосии фаъолияти тиҷорати арзон харида қиммат фурухтан мегардад.

             Томас Мани инглис сармояи савдоро намуда асосии сармоя ҳисобида сарватро ҳам маънои пул медонист ва танҳо савдоро, ки дар он содирот аз воридот зиёд бошад манбаи афзоиши сармояву сарват меҳисобид.

             Антуан Монкретьен намояндаи барҷастаи меркантелизм дар Фаронса ба хисоб меравад. Ӯ шахсест, ки бо навиштани китобе бо номи «Рисола оид ба иқтисоди сиёсӣ» дар муддати зиёда аз 300 сол ба илми иқтисодӣ номи «Иқтисоди сиёсӣ»-ро гузошт ва бо ин исми худро дар таърихи илм ҷовидона гардонд. Вожаи  « иқтисоди сиёсӣ» тарҷумаи калимаҳои юнонии политэкономия Буда қисми авали он «политейя» — давлатдорӣ (государственное устройство) тарҷума мешавад. Пас маънои иқтисоди сиёсӣ ин қонунҳои хоҷагидори дар миқёси давлат мебошад. Чунин номгузорӣ тасадуфи набуд, зеро дар марҳалаи андӯхти ибтидоии сармоя ва ривоҷи савдои хориҷӣ нақши давлат хело боло меравад. Хусусан савдои хориҷи ба ақидаи Монкретьен манбаи фоида ва роҳи беҳтарини пурқудратшавии давлат аст. Ӯ табақаи тоҷириро табақаи судманд ва ҳунармандиро бо тиҷорат побанд меҳисобад.

             Хулоса, меркантелизм ҳамчун равияи аввалини илми дар омузиши равандҳои иқтисодӣ ва ташакули фанни назарияи иқтисод саҳми босазое гузоштааст. Намояндагони ин мактаб ба доираи истифодаи илм мафҳумҳои зиёди иқтисодиро ворид карданд ва қонуниятҳои хоси соҳаи тиҷорат амалиёти қарзӣ ва муомилоти пулиро равшан намуданд. Лекин шароитҳои таърихи замонашон ва сатҳи пасти инкишофи ҷомеа имкон надод, ки тадқиқоти онҳо аз доираи муомилот раҳо шавад. Ҳамин хусусияти меркантализм боиси шиддатгирии танқиди он ва пайдоиши равияи нави иқтисодӣ бо номи физиократҳо гардид. Вожаи физиократ аз ду калимаи юнонӣ — «рhiss» — табиат ва «kratos» — қувваи ҳокимият ташкил шуда маънияш «Ҳокияти табиатӣ» мебошад.

             Намояндагони ин равияи иқтисоди сиёсӣ тадқиқоти ҳодисаҳои иқтисодиро аз доираи муомилот ба доираи истеҳсолот кусонданд, ки оѓози он бо фаъолияти илмии иқтисоддони инглис Уильям Петти (1623-1686) алоқаманд аст. Таълимоти Петти, ки дар як қатор асарҳояш1) асоснок шудаанд, табеҳи пуле буд, ки роҳпаймоиро аз меркантелизм ба самти иқтисодии сиёсии классики имконпазир гардонд. Хизмати барҷастаи ӯ дар он аст, ки меҳнат ва заминро манбаи боигарӣ эълон намуд. Ибораи машҳури «мехнат падари сарват ва замин модари  ӯст» ба

    1) Уилям Пети асарҳои зеринро навиштааст: «Рисола оид ба андозҳо ва пардохтҳо» (1662), «Сухан аз хирадмандон» (1664), «Арифметикаи сиёсӣ» (1676), «Ҳар чиз дар бораи пул» (1682) ва ѓайра.

    ин  шахси бузург таалуқ дорад.  Дар асарҳои худ   У.Пети  оид  ба мавзуи

    омузиши иқтисоди сиёсӣ таълимоти меҳнатии арзиш, қонуни арзиш, шаклҳои асосии даромад, пул ва вазифаи ченаки арзиш будани он, тақсимоти меҳнат ва аҳамияти он, муаммои рентаи замин, чор омили истеҳсолот тадқиқоти ҷолиб гузаронидааст.

             Бузургтарин намояндаи равияи физиократҳо олимит фаронсавӣ Франсуа Кенэ (1694-1774) мебошад. Ҳарчанд, ихтисоси асосии Кенэ соҳаи тиб буд, лекин дар синни 64 солаги ӯ асари асосиашро оид ба иқтисоди сиёсӣ зери унвони «Ҷадвалҳои иқтисодӣ» (1758) нашр кард ва бо ин  тадқиқоташ дар таърихи илм номашро ҷовидон гардонд. Кенэ дар ин асараш кушидлааст аз мавқеи муайянсозии таносубҳои муайяни унсурҳои моддиву арзишии маҳсулоти ҷамъияти равандҳои такрористеҳсоли ҷамъиятиро таҳлил намояд. Таълимоти меркантилистонро дар бораи манбаи сарват будани муомилот инкор намуд ва меҳнати дар соҳаи кишоварзӣ сарфшавандаро манбаи сарват ва худи маҳсулоти ин соҳаро сарват ҳисоб кард.

             Таълимоти физиократҳо аз тарафи шогирдон ва пайравони Ф.Кен, — В.Р.Мирабо (1715-1789), Дюпон де Немур (1739-1817) , А.Р.Тюрго (1727-1781) ва дигарон идома ва такмил дода шуд.

             Инкишофи минбадаи илми иқтисоди бо номи Адам Смит (1723-1780) ва Давид Риккардо (1772-1823) алоқаманд аст. Онҳо дар асарҳои худ тавонистанд тамоми категория ва қонунҳои иқтисодиро аз нигоҳи назарияи меҳнати арзиш асоснок намуда дар таърихи афкори иқтисодӣ ҳамчун классикони иқтисоди сиёсӣ дохил шаванд1).

             Адам Смит дар асари асосии худ, ки «Тадқиқот дар бораи табиат ва сабабҳои сарвати халқҳо» (1776) ном дорад, «Тартиботи табии»-ро дар ҳаёти иқтисодии ҷомеъа асоснок намуд. Ба андешаи А.Смит пояҳои ин тартиби ҳукмронии моликияти хусусӣ, рақобати озод ва савдои озод, дахолат накардани давлат ба фаъолияти хоҷагидори мебошанд. Асоси таълимоти А.Смитро либерализми иқтисодӣ ташкил мекунад,  яъне иқтисод дар асоси амали нархҳои озод, ки тибқи талабот ва пешниҳод ба вуҷуд меоянд ба худ танзимкунӣ қодир аст. Смит ин воситаҳои иқтисодии танзимро бо вожаи «дасти ноаён» ифода кардааст. Ӯ дар асоси назарияи меҳнатии арзиш нақши меҳнати маҳсулдеҳро ҳамчун бавуҷудоварандаи арзиш баланд бардошта,  аҳамияти тақсимоти ҷамъиятии меҳнатро дар афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва пайдоиши мубодила, таъкид мекунад.

             А.Смит бори аввал дар иқтисоди сиёсӣ вожаҳои сармояи асоси ва

                        истифода намуда онҳоро шарҳ медиҳад. Ӯ муҳимтарин омили пешбарандаи фаъолияти иқтисодиро дар манфиати шахсии одамон мебинадл. Ин манфит инсонҳоро водор месозад, ки хубтар кор кунанд ва новобаста аз хоҳиши худ  талаботи дигарон, ҷамъиятро қонеъ                         __________________________________________________________________

    1) Классик вожаи лотини «classicus»  буда маънояш ба забони тоҷики намунавӣ, аввалиндараҷа  мебошад   

    созанд ва дар ин асос бурди бештари иқтисодиро соҳиб шавагд. Таълимоти А.Смит танзими давлатии иқтисодро комилан инкор мекунад. Дар масъалаи пайдоиши пул Смит онро моли  махсус номида, танҳо ҳамчун воситаи техники муомилот шарҳ медиҳад.

             Бузургтарин дастоварди илмии А.Смит назарияи меҳнатии арзиш мебошад, ки дар асоси он таъминоти иқтисодиаш бунёд шудааст.  Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки асоси арзиши мол ва нархи онро  меҳнат ташкил медиҳад ва ҷараёни мубодилаи молҳо ин мубодилаи арзиш мебошад. Бо назардошти назарияи меҳнатии арзиш А.Смит тақсимоти табақавии ҷомеъа ва даромади онҳоро маънидод мекунад.

             Давомдиҳанда ва такмилдиҳандаи таълимоти иқтисодии А.Смит дар Англия Давид Риккардо мебошад. Асари асосии Д.Рикардо «Ибтидои иқтисоди сиёсӣ ва андозбанди» (1817) ном дошта бисёр муҳаққиқон онро дар як радиф бо китоби «Тадқиқот дар бораи табиат ва сабабҳои боигарии халкҳо»-и А.Смит мегузоранд. Д.Рикардо дар асари худ нишон медиҳад, ки манбаи ягонаи арзиш меҳнати коргарон буда ҳамчунон вай асоси даромади синфҳои гуногуни ҷомеъаи сармоядорӣ ба ҳисоб меравад.  Ба андешаи ӯ фоида натиҷаи меҳнати муздаш доданашудаи коргари кироя аст ва байни музди кор ва фоида муттаносубияти чаппа вуҷуд дорад. Дастоварди бузурги илмии Д.Рикардо коркарди назарияи рентаи замин мебошад. Ӯ нодурустии андешаро дар бораи як ҳиссаи даромади кишоварзиро бовуҷуд овардани қувваҳои табиат исбот кард ва нишон дод, ки табиат рентаро ба вуҷуд намеоварда ва сатҳи нархро муайня намекунад.

             Дар ибтидои асри XIX  раванди ташаккули иқтисоди сиёсии классики анҷом меёбад. Мавҷуд будани муаммоҳои илмии ҳалнашуда ва ё зиддиятнок дар иқтисоди сиёсии классикӣ боиси пайдоиши андешаҳое гардид, ки қисме аз  онҳо назарияи меҳнатии арзишро инкор ва қисми дигарашон ин назарияро ба таври дигар маънидод мекарданд. Яке аз чунин таълимот, ки назарияи меҳнатии арзиши Д.Рикардоро инкор мекунад, назарияи «се омили» иқтисодчии франсуз Ж.Б.Сей (1767-1832) мебошад. Тибқи таълимоти Ж.Б.Сей дар бавуҷуд овардани арзи  шва даромад на танҳо «меҳнат»