Барномаи Access воситаи коркарди системањои идоракунандаи манбаи додашудањо ба њисоб меравад.
Дар барномаи Access чањор намуди объектњо фарќ карда мешаванд, ки бо ёрии онњо амалиётњои гуногун иљро карда мешаванд: љадвалњо, дархостњо, формањо ва њисо-ботњо. Барномаи Access тамоми объектњои ба манбаи додашудањо танњо дар файл нигоњ медорад ки онро мо манбаи додашудањо меномем.
Равзанаи асосии барно-маи Access – ин муњити корие мебошад, ки барои гузаронидани амалиётњо бо объектњо пешбини карда шудаанд. Дар њолати ба кор даровардани барномаи Access равзанаи муколимавие пайдо мегардад, ки дар он мо метавонем манбаи додашудањои навро созем ё ин ки манбаи сохташударо интихоб намуда корро идома дињем.
Барои сохтани манбаи додашудањои нав яке аз усулњои зерин истифода мебарем.
- Пункти Запуск мастера интихоб намуда тугмачаи ОК-ро пахш менамоем, бо маќсади ба кор даровардани устои манбаи додашудањо ки љараёни созиши манбаи додашудањоро, ки он љадвалњои талабкардашуда доро буда нисбатан осон намуда метавонад. Агар барномаи Access аллакай ба кор дароварда шуда бошад, пас барои ба кор даровардани устои манбаи додашударо бо ёрии фармони Сохтан аз меню Файл ба кор даровардан мумкин аст. Сипас ба замимаи Базы данных пахш намуда, устои лозимаро интихоб менамоем ва тугмачаи ОК-ро пахш кардан зарур аст. Баъди иљроиши ин амалиёт вобаста ба нишондодњои усто корро идоме медињем.
- Пункт Новая база данных-ро интихоб намуда тугмачаи ОК-ро пахш менамоем, дар ин њолат бисёри амалиётњоро бояд худатон мустаќилона њал намоед.
Тугмачаи Отмена-ро пахш менамоем, бо маќсади пушидани равзанаи кушодашуда. Сипас барои сохтани манбаи додашудањои нав аз фармони Сохтан-и меню Файл ё ин ки ба тугмачаи муовофиќаткунанда аз панели таљњизотњо истифода бурдан ќулайтар аст.
Дар равзанаи манбаи додашудањо њамаи объектњои зарурии манбаи додашудањо пешнињод карда шудаанд. Дилхоњ объектро метавонем кушоем агар дар болои ин нишона ду маротиба тарафи чап ё ин ки як маротиба тарафи рост ва сипас фармони Открыть пахш намоем. Барои сохтани объекти нав аз тугмачаи Сохтан истифода мебарем, ва барои таѓйир додани структураи объекти љойдошта – тугмачаи Конструктор-ро истифода мебарем. Дар њолати кор бо равзанаи манбаи додашудањо мумкин аст, ки равзана болои њам љойгир карда шаванд. Барои аз як равзана ба равзаи дигари манбаи додашудањо клавишаи F11 ё ин ки комбинатсияњои клавиша-њои Alt+F1 пахш менамоем.
Дар барномаи Access объекти асоси љадвал ба њисоб меравад. Барои он ки онро мо созем кифоя аст, ки амалиётњои зеринро иљро намоем.
- Структура ва атрибутњо (майдонњо)-и љадвалро фикр карда бароед ва инчунин кадом намуди маълумотњо дар ин майдонњои сохта-шуда љой дода мешаванд бояд муайян намуд.
- Дар равзанаи манбаи додашудањо ба воситаи тугмачаи мушак замимаи Таблицы-ро интихоб менамоем.
- Ба тугмачаи Сохтан пахш менамоем. Равзанаи Новая таблица кушода мешавад.
- Аз тарафи рости равзана рељаи мувофиќаткунандаро интихоб намуда тугмачаи ОК-ро пахш менамоем.
Пункти Режим таблицы-ро интихоб намуда, Шумо љадвалро дастрас шуда метавонед, ки дар он маълумотњо дохил карда мешаванд. Пункти Мастер таблиц интихоб намудан усто ба кор дароварда мешавад, ки љадвалро аз намудњои стандартии худи барномаи Access месозад. Сипас вобаста ба амалиётњои устои корбар амалиётњоро идома медињем. Интихоби пункти Импорт таблицы ё ин ки Связь с таблицами устое-ро ба кор медарорад, ки он имконияти истифода бурдани љадвалњоро дар колиби дигар дар асоси љадвали нав пайдо менамояд. Барои он ки пурра љараёни созиши љадвалњоро идора намоем зарур аст, ки пункти Конструктор-ро интихоб намоем. Дар ин њолат дар назди шумо равзани конструктор кушода мешавад, ки он аз ду ќисматњо иборат аст.
Диккат! Барои пурра хондан маводро боркуни (скачать) намоед!