АЗ ГУЗАШТА БОЯД ИБРАТ ГИРИФТ

0
205

Хар кй н-омухт аз гузашти рузгор,
Низ н-омузад зи хеч омузгор.

Оре, гузашти рузгор ибратест фардоро. Хар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, кавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромуш созад. Зеро бе гузашта имрузро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Хар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе ё баде мегузорад. хурсанд ё андухгин мегардонад. Ба пешравй ноил. мегардонад ё баръакс. Хар хеле набошад, инсон аз он дарси ибрате мегирад, ки он даре ба ягон макотибу ба хеч омузгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз кобилияти фикрии мухит дар ёди инсони комил накш мебандад. Гузашти рузгор кони хираду маданият ва ибрати покизагист, ки тарбиятгари хамагон аст. Хар як лахзаи он омузандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эхсос намояд. Зеро Соиби бузург фармуда:

Акли дурандеш бар мо рохи рузй бастааст,
Варна, хар ангушт пистонест тифли ширро.
На хар кас метавонад сохибакл бошад. На хар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дустро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фаркият бахшад. Кист доно, то тавонад неку бадро, догу дардро зиндагии пуршару шури пур аз шодиву андухи абадро фарк созад?
— Кист доно?! Марди оқил, то зи хар як лахзаи умри абад гирад панд.
— Кист доно?! Он зани покизакирдоре, ки дар шакли фаришта ибрати покизадомонон бувад.
— Кист доно?! Тифли дилбанде, ки аз рузи азал Парвардигораш кудрати Илохй дода, дар вучудаш иффату вичдону имон офарид.
-Кист доно?! Фарди сохибаклу идроке, ки аз хар лахзаи умри муборак бо хама зуру тавон ва дилу чонаш панд гирад, дарси ибрат, дарси умеду хакикат, тариқат то наёбад заррае, рузе, заволе, то нагардад пеши хар як нокасе хам бар уболе, то ки бошад дустдори миллати Модар-Ватан.
Пас месазад гуем, ки бояд шитофт, то аклу заковатро барчо кор фармуда, аз дирузу имрузи хаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хори хохем кашид, зеро умр равон асту саросар кулвори пурпандро мемонад:
Гофил машав, з-умр, ки чун киштй дар об.
Истода менамояду чун тир меравад.
Аз калонсолон ва касони окил ибрат бигирем, то хангоми сахтиву дармондагй ва мушкилии рузгор мададгорамон гарданд, зеро хаёт саросар пур аз ночурихост. Барои рафъи хар масоили рузгор тачрибаи бузург мебояд. Зеро «Аз дида басе фарк бувад то ба шунида» гуфтаанд, ё ба фармудаи Рудакии бузургвор:
Бирав зи тачрибаи рузгор бахра бигир,
Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд.

Чун аз гуфтахои бузургони хирад ёдовар мегардем, беихтиёр бояд қайд намуд, ки бузургону окилони хар давру замон низ аз гузашта чизе омухтаанд ва бевосита сахве накардаанд, ки имруз мо аз онхо ибрат мегирем. Инак, тачрибаи рузгор пайваста аз бехирадон сохибхирад, аз бадон нек, аз дармондагон коромуз ва аз нокасон инсони комил месозад. Инсон худ кон аст. Дар хазинаи инсон новобаста аз он ки у хуб аст ё бад танхо ва танхо сарват нихон аст, зеро хар чизе, ки тавассути инсон ва мехнати фидокоронаи у падид меояд, хама лозиманду ибратанду давоянду манбаи омузиш, ки аз дороиву сарват фузунтаранд. Инсон, ки худ меъмори хаёти хеш аст, аз хар як хубу зишти хаёт ибрате падид меорад. Аз лахзаи сард низ зуд дилмонда намегардад. Мекушад, ки аз хар дарду ранч ганче
падид орад, зеро:
Бе дарду ранч ганч муяссар намешавад.
Музд он гирифт чони бародар, ки кор кард.

Бисер хасе бояд, то пухта шавад хоме. Хатто барои пухтани таоми хушлаззат хасу хошоку хезуми фаровон мебояд. Пас барои дар хаёт пухта гардидани инсони комил низ фурсати зиёду тачрибаи гарон мебояд.
Боз ой сари максад ва куш дар оне, ки хар замон аз зиндагй ибрате биомузй ва кулвори панду ибрати хеш пурбор гардонй. Чун ибратомузиат ба чое бирасид, ибратбахш гардй ва сохибиззат.
Дил чу равшан гашт, чоху шавкате даркор нест,
Бахри тасхири чахон хуршеди танхо лашкар аст.
Гуфтаанд, ки далели гуфтахои болост. Хулоса, хар замон ибратест сохибдилеро, ки паси ибрати ниёгону бузургони хирад мекушад ва бесуд бувад номуродеро панд дод, зеро ибрати сохибдилон давлат бувад… ё ба таври дигар:
Насихати хама олам чу бод дар қафас аст,

Ба гуши мардуми нодон чу об дар гирбол аст.
гуфтааст Саъдии бузург, ки нихоят барчост.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here