Дар Конститутсияи ( Сарќонуни) чумхурии Точикистон махсус ќайд гирифтааст, ки « Рамзхои давлатии Точикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли аст». Барои хар як точикистони Ватан, миллат, забони точики, Парчам, Нишони давлати, Суруди милли муќаддасанд. Мо ба ќадри ин муќаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами чумхурии Точикистон дар сафхои артиши миллиамон ќарз ва ифтихори хар як чавонмарди точику точикистони дониста мешавад.

        Матни Суруди Милли, шакли Нишони давлати ва Парчами чумхурии Точикистонро  Ќонунхои давлати тасдиќ намудаанд ва Низомномахои онхо бо ќарорхои Мачлиси Олии чумхурии Точикистон тасдиќ гардидаанд.

         Суруди миллии чумхурии Точикистон рамзи давлати сохибихтиёр, демократи, хуќуќбунёд, дунъяви ва ягона, ифодагари дўстии пойдори хаммаи халќу миллатхои кишвар мебошад. Эхтироми воло ва донистани Суруди Милли вазифаи муќаддаси хар як шахрванди кишвар аст.

       Ичрои Суруди милли ќоидахои худро дорад, яъне онро дар хар кучою дар хар як маърака хондан мумкин нест. Суруди миллии чумхурии Точикистонро, тавре Президенти давлатамон Эмомалии Рахмон таъкид кардаанд, хуб азёд карда ба таври овози зинда хондан лозим аст. Суруди миллии чумхурии Точикистон хангоми оѓозу анчоми ичлосияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии чТ, ичлосияхои вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо, мачлису чамъомадхои тантанави ва чашнхои чумхуриявии мувофиќи Ќонун иди умумихалќи эълон гардида ичро карда мешаванд.

       Суруди миллиро дар оѓози барномахои телевизиони чумхури дар рўзхои идхои умумимилли – 1 январ ( Соли Нав ), 8 март (Рўзи байналхалќии занон), 21-24 (Иди Наврўз), 9 сентябр (Рўзи истиќлолияти чумхурии Точикистон), 6 ноябр (Рўзи Конститутсия); хамарўза дар ибтидо ва анчоми барномахои радиои умумичумхуриявии Точикистон; хангоми гузаронидани чамъомаду чашнхо ва тадбирхои дигари маќомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти, корхона, муассисахо ва ташкилотхо мувофиќи ичозати хукумати чумхурии Точикистон созмондодашаванда, маросимхои барафроштани Парчами давлати, пешвозгири ва гусели сарварони давлатхо ва хукуматхои давлатхои хоричии расман ба Точикистон ташриф оварда (баъди ичрои Суруди миллии он давлатхо) ва дигар холатхои хатмии пешбиникардаи ќонунгузори ичро мекунанд.

         хангоми ичрои Суруди милли иштирокдорон Сурудро рост истода мехонанд. Суруди милли дар ќисмхои харби низ мувофиќи Низомномаи Суруди Миллии чумхурии Точикистон ва тибќи муќаррароти Низомномахои умумихарбии Ќуввахои Мусаллахи чумхурии Точикистон ичро карда мешавад.

       Суруди миллиро дар муассисахои тобеи Вазорату Комитетхои давлати ва идороти чТ тибќи тартиботи мукарраршуда ичро мекунанд.

        Барои вайрон карда хондани матни Суруди милли, ки тахќир кардани Суруди Милли чумхурии Точикистон аст, мутобиќи ќонунгузории чумхурии Точикистон чазо дода мешавад.

        Нишони давлатии чумхурии Точикистон    рамзи истиќлолияти давлатии чумхурии Точикистон мебошад. Нишони (Герби) давлати аз тасвири точ, нимдоираи иборат аз хафт ситораи рўяшон бо нурхои аз паси кўххои барфпўш тулўъкунанда фарогирифта ва бо чанбаре оро додашуда, ки атрофашро аз тарафи рост хўшахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтаи шукуфон ихота карда иборат аст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар ќисми поён рўи курси китоби сахифахояш бозшуда чой дода шудааст.

        Нишони давлатии чумхурии Точикистон ранга буда, точ, офтоб, кўххо, хўшахои гандум, китоб ва курси бо зархал тасвир ёфта, пояи баргхои нихолхои пахта сабз, раххои тасмахо сурх, сафед ва сабз буда, муќоваи китоб сурх мебошанд (агар Нишони давлати ба таври ранга тасвир наёфта бошад, тасвири маълумиаш бо ранги сиёху сафед аст). Азбаски Нишони давлатии Точикистон рамзи муќаддас хисоб меёбад, онро эхтиром бояд кард ва онро дар харкучою лозиму нолозим овехта мондан нашояд.

        Тасвири Нишони давлатии чТ дар чойхои зайл гузошта мешаванд: дар болои бинохои ќароргохи расмии Президенти чумхурии Точикистон, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли ва хукумати чумхурии Точикистон, вазоратхо ва кумитахои давлатии чТ; дар болои бинохои Мачлисхои вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо, маќомоти хокимияти ичроияи махалли, худидораи шахрак ва дехот (чамоатхо), судхо, маќомоти прокуратураи чТ: дар болои бинохои намояндагихои дипломатию консули ва муассисахои тичоратии дар хорича будаи чТ; дар толорхои мачлисгохи Президенти чТ, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони МО чТ ва Раёсатхои онхо, хукумати чТ, Мачлисхои вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, нохияву шахрхо, дафтархои кори Президенти чТ, Раисони ВМКБ. вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо, дар толорхои чаласахои судии судхо, дар бинохои маќомоти сабти асноди холати шахрванди ва бинохои баќайдгирии тантанавии таваллуд ва акди никох.

           Ваќтхои охир дар бланкахои хуччатии баъзе идораю созмонхо ва ташкилотхои чаъмиятию ѓайридавлати ва муќоваи шаходатномахои хизмати ва хатто дар шаходатномахои студентон чой додани тасвири Нишони давлатии чТ ба назар мерасанд, ки ин риоя накардани талаботи Низомномаи Нишони давлати мебошад. Тасвири Нишони давлатии чТ дар мўхру бланкахои хуччатхои Президенти чТ, Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони МО чТ ва Раёсатхои он, хукумати чТ, вазорату кумитахои давлатии чТ, Мачлисхои вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо, маќомоти ичроияи хокимияти махалли, маќомоти худидораи шахраку дехот, судхо ва маќомоти прокуратураи чТ, идорахои нотариалии давлати, маќомоти сабти асноди холати шахрвандии чТ, инчунин корхонаю муассисахо, ташкилотхои чумхуриявии бо ќонунхои чТ ба онхо хуќуќи дар мўхру бланкхои хуччатхо чой додани тасвири Нишони давлати ичозат дода шуда, чой дода мешаванд.

         Тасвири Нишони давлати дар нашрияхои расмии МО чТ ва Раёсати Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони МО чТ ва хукумати чТ чой дода мешавад. Тасвири Нишони давлати дар шиносномахои шахрванди чТ, инчунин шиносномахои дипломати ва шиносномаи махсуси хоричии ба шахрвандони чТ додашаванда чой дода мешаванд.

           Дар сутунхои марзии дар Сархади давлатии чТ гузошташуда низ Нишони давлатии чТ насб карда мешаванд. Тасвири Нишони давлатии чТ сарфи назар аз андозахояш ва рангаш бояд даќиќан ба тархи тасдиќшудаи  он мувофиќат намояд. Баъзан рассомон рўзхои иду чашнхо шумораи хафт ситораро ё кўракхои шукуфони пахтаро (дах кўраки шукуфон ва як кўраки ношукуфта) аз будаш кам нишон медиханд, ки ин амал хилофи муќаррароти Низомнома мебошад.

            Парчами давлатии чумхурии Точикистон  рамзи истиќлолияти давлатии чумхурии Точикистон мебошад. Парчами давлатии чТ аз матои росткунчае, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуќи чойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло ранги сурх, мобайни ранги сафед, рахи поён ранги сабз дошта, пахноии рахи сурху сафед ба хам баробар, рахи сафед баробари якуним пахноии ин ду ранг мебошад. Дар рўи рахи сафед дар мобайни парчам бо зархал рамзи точ зада шуда, дар болои он ба шакли нимдоира хафт ситора тасвир карда шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

           Азбаски Парчами давлатии чумхурии Точикистон рамзи муќаддасоти давлатист, онро бояд эхтиром намуд, Баъзан Парчами давлатиро лозиму нолозим истифода мебаранд, онро дар мошинхои шахси, утоќхои кори раисони ширкату идорахои ѓайридавлати, дўконхои пивофурўши, баъзан  чаппа, рахи сурхашро аз поён чой медиханд, ки он тахкир хисоб меёбад.

           Парчами давлатии чумхурии Точикистон тибќи талаботи  Низомномааш дар болои бинохои ќароргохи расмии Президенти чумхурии Точикистон, Мачлиси Оли, хукумати чумхурии Точикистон, судхои чумхурии Точикистон, маќомоти ичроияи хокимияти давлати, маќомоти худидораи шахраку дехот (чамоатхо) ба таври доими (хамарўза) барафрохта мешавад; дар болои биное, ки ичлосияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Олии чумхурии Точикистон ё ичлосияхои Мачлисхои вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо гузаронида мешаванд, дар давоми давраи гузаштани ичлосияхо, мачлисхои намояндагон ( чамоат ) дар тамоми давраи гузаштани мачлис барафрохта мешавад.

            Дар болои бинохои вазоратхо, кумитаю идорахои давлати, дигар маќомоти давлатии чТ, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, иттиходияхою ташкилотхои чамъияти, дар болои бинохои истиќомати  Парчами давлатии чумхурии Точикистон дар рўзхои ид ва рўзхои хотиравии бо ќонуни чТ муайяншуда барафрохта мешавад.

           Дар болои бинохо ва васоити наќлиёти намояндагихои дипломати ва консули, инчунин дар болои иморатхои муассисахои тичоратии дар мамлакатхои хоричи будаи чумхурии Точикистон, дар васоити наќлиётие, ки дар дохили онхо ба сифати ашхоси расми Президенти чумхурии Точикистон, Раисони Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони МО чТ, Сарвазири чумхурии Точикистон нишаста бошанд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи хукумати чумхурии Точикистон Парчами давлатии чумхурии Точикистон барафрохта мешаванд.

            Дар бинохои раъйдихи – рўзхои интихоботу раъйпурси, толорхои чаласахои судии судхои чТ, дар ќисмхои харбии чТ – мутобиќи талаботи Оинномахои харби, дар посгоххои марзи (заставахо) ва нуќтахои гумрукию рухсатдихии Сархади давлатии чТ Парчами давлатии чТ барафрохта мешавад.

           Парчами давлатиро мувофиќи амри Президенти чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони МО чТ ё хукумати чТ хангоми гузаронидани маросимхою чорабинихои тантанавии маќомоти давлати барафрохтан мумкин аст.

           Баъзан ваќти ба утоќхои кори сардорони идораю корхонахо, рохбарони муассисаю ташкилотхои ѓайридавлати ворид шудан мебинем, ки сари мизи эшон Парчами давлати гузошта шудаанд. Шояд ингуна ашхос барои хавою хавас ва ё нишон додани мансаби хеш Парчами давлатиро сари мизашон гузошта бошанд. Аммо, мутобиќи талаботи банди 4 Низомномаи Парчами давлатии чумхурии Точикистон «Парчами давлатии чумхурии Точикистон дар кабинетхои кории Президенти чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси милли ва Раиси Мачлиси милли ва Раиси намояндагони Мачлиси Олии чумхурии Точикистон, Сарвазири чумхурии Точикистон, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахщон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ва хонахое, ки вакили халќи чумхурии Точикистон интихобкунандагонро ќабул мекунанд, чойгир карда мешавад» (Ахбори Мачлиси Олии чумхурии Точикистон, № 12, с. 1999, моддаи 332). Яъне, барои чойгир кардани Парчами давлатии чумхурии Точикистон дар кабинетхои кори дигар сардорон Низомномаи мазкур ичозат надодааст.

             хангоми мотам бо Ќарори Президенти чумхурии Точикистон, Раёсатхои Мачлисхои МО чТ ё хукумати чумхурии Точикистон ба шакли мотами афрохта мешавад. Дар ин маврид ба чўбдасти парчам овезон карда мешавад. Агар парчам дар симчўб овезон бошад, аз нўги симчўб каме поёнар ва бо чўбдаст баста бошад, парчам ба андозаи 1/3 дарозии чўбдаста хам карда мешавад.

             Тасвири Парчами давлати дар киштихои хавоии чумхурии Точикистон чойгир карда мешаванд. Агар мушохида карда бошед, дар ќаноти думии киштихои хавоии ширкати хавоии «Точикистон» расми кабутар бо рангхои рахи парчам кашида шудаанд.

             Парчами давлатии Чумхурии Точикистонро дар чойхои истирохати шахрвандон, боѓу хиёбонхо, гулгашту болои бинохои истиќомати инчунин ба сифати ороиш барафрохтан мумкин аст, фаќат нисбат ба Парчами давлати бехурмати содир нашавад. Баъзан расми парчамро рўи рохравхо мекашанд ва одамон онро зери пой карда аз рўяшон рох мераванд, ин бошад, рўирост тахќири Парчами давлати хисоб мешавад. Аксар ваќт дар намоишхои ахбори телевизион нишон медиханд, ки дар кадом гўшаи чахон парчами ягон давлатро зери по карда пора мекунанд ё оташ мезананд ва бо хамин ба давлати сохиби парчам эътирози худро баён мекунанд. Ин хам тахќири хамон давлат хисоб мешавад.

               Шахсоне, ки ба тахќири Парчами давлатии чумхурии Точикистон гунахкоранд мутобиќи Ќонуни чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

              хурмату эхтиром нисбати муќаддасоти давлатамон – Суруди милли, Нишони давлати ва Парчами давлатии чумхурии Точикистон ќарзи шахрванди хар як сокини Точикистон хисобида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here