Баробари 9 сентябри соли 1991 сохибистиќлолияти давлати ба даст овардани чумхурии Точикистон дар хаети сиёси, иќтисодї ва ичтимоии мамлакат дигаргунии куллие ба амал омад, ки он тахаввулотест дар таърихи чанд хазорсолаи ин давлати кухан ва дар айни замон давлати чавони сохибихтиёр, озод дар дили кишвари Осиёи Маркази.
Баъди аз хам пош хўрдани чумхурихои Иттиходи Шўравї, ки дар як давлати абарќудрат ба номи СССР муттахид шуда буданду ба ичлосияи навбатии худро гузаронад ва таќдири ояндаи чумхурии Точикистонро хал намояд. Чанд кўшиши дар Душанбе чамъ омадани вакилони халќ барор накард. Охиран ќарор шуд, ки дар шахри Хучанди вилояти Ленинобод депутатхои Шўрои Оли чамъ оянду дар ин минтаќаи нисбатан ором ичлосияро гузаронанд.
Мохи ноябри соли 1992 аз хар гўшаю канори Точикистон депутатхо бо хар рохи ќулай ва имконпазир ба Хучанд чамъ омаданд ва мебоист 14 ноябр ичлосияи навбатии XVI Шўрои Олии чумхурии Точикистон даъвати дувоздахўм баргузор гардад. Аммо бо баъзе ихтилофхои ташкили саршавии кори ичлосия ба таъхир афтод ва танхо 16 ноябри соли 1992 ичлосия кушода шуд ва депутати калонсол ва тачрибаандўхта хабибулло Табаров раисии кори ичлосияро ба зимма гирифт ва ичлосия кушода шуд.
Дар ин замон, ки хукумат фалач шуда, аъзои хукумат ба истеъфо рафта буданд, парламент ба парокандагї рў оварда, давлат ба нобудй мерасид, ичлосияи XVI Шўрои Оли мебоист хама корро аз нав, аъзоёни хукуматро аз нав интихоб намояд ва кори онро аз нав сурат гиронад.
Рўзи 19 ноябр раисикунандаи ичлосияи XVI Шўрои Оли пешниход кард, ки бояд Раиси Шўрои Олии чумхурии Точикистон аз байни депутатхои дар чаласа ширкат дошта интихоб гардад. Ба ин мансаби баландмаќом депутат Эмомали Шарифович Рахмонов интихоб шуд. хайати Президенти Шўрои Оли ва хукумат аз нав интихоб гардида, бо хамин баргузоршавии Ичлосияи XVI Шўрои Олии чумхурии Точикистон бо сарварии Э.Ш.Рахмонов ба мархилаи чамъбасткунандаи бархам задани бехокимиятї ва бўхрони сиёсї дар Точикистон табдил ёфт, ба осони истиќлолият ба даст оварданд, Точикистон ба давраи таърихи навтарини худ дилпурона ќадам гузошт.
Точикистон сохибистиќлолиро ба осонї ба даст овард, аммо нигох доштан ва пойдор монондани он басо душвор шуд. Аз лахзахои аввал ин давлати чавону нектаќдир ба бўхрони беамони сиёсию иќтисодї гирифтор шуд, яъне чанги дохилии гражданї сар зад, хавфи азим тахдид мекард – будан ё набудан.
чумхурии навтаъсиси Точикистон бо дасисаи бадхохии душманони берунмарзї ва мансабталабони дохили ба рўзи сахт гирифтор шуд, хукумати конститутсиони аз фаъолият бозмонд, Президенти аз тарафи халќ интихобгардида бо тахдиду зўри ба истеъфо рафт, парламенти мамлакат –Шўрои Оли имкони гузаронидани чаласахои Ичлосияашро надошт. Дар нохияхои марказ ва чануб ќумондонхои сершумор ба хукмфармои шурўъ карданд.
Ана дар хамин лахзаи таќдирсоз Президиуми Шўрои Олии даъвати 12-ўм тасмим гирифт ба хар воситае, ки набошад фавран дода ба он супориш кард то ки Лоихаи Конститутсияи чумхурии Точикистонро тахия намояд. Ќарор шуд, ки Лоихаи Конститутсия на дар ичлосияи Шўрои Оли, балки дар хамапурсии умумихалќи – Референдум ќабул гардад.
Комиссия ду намуд Лоихаи Конститутсияро тахия кард, ки якеи он дар чумхурии Точикистон амал кардани чумхурии сохти парламенти ва дигараш чумхурии сохти президентиро таќозо мекард. Лоихаи дуюм маъќул дониста барои Референдум пешниход шуд. Матни Лоиха дар матбуот нашр гардид ва мавриди мухокима и умумихалќи ќарор ёфт.
Рўзи 6 ноябри соли 1994 гузаронидани хапапурсии умумихалќи – Референдум ва интихоботи Президенти чумхурии Точикистон эълон гардид. Дар натича Лоихаи пешниходшударо мардуми Точикистон маъќул донист ва ќабул кард. Дар интихоботи алтернативї бошад бо овози тарафдории аксарияти интихобкунандагон Э.Ш.Рахмонов Президенти чумхурии Точикистон интихоб карда шуд.
Дар моддаи 9 Конститутсия эълон шудааст, ки «хокимияти давлати дар асоси тачзияи он ба хокимияти ќонунгузор, ичроия ва суд амали мегардад».
Вобаста ба ин муќаррароти сохтории конститутсион
Ичлосияи XVI Шўрои Оли ибтидои барќароршавии сохти конститутсиони ва низоми давлатдори дар чумхурии Точикистон мебошад.
Точикистон мебоист дар кўтохтарин муддат ислохоти сиёси ва иќтисодии сохти давлатдориашро гузаронида хамчун давлати мустаќилу сохибихтиёр муайян мекард, ки оянда кадом сохти чамъиятиро интихоб намояд.
Барои гузаронидани ислохоти сохти сиёси пеш аз хама Ќонуни асосии чумхурии Точикистонро –Конститутсияи мамлакатро ќабул кардан лозим буд.
Парламенти чумхурии Точикистон Комиссияи махсус ташкилии хокимияти давлати Ќонуни асосии мамлакат вазифахои ин се хокимиятро муќаррар кардааст.
Дар моддаи 48 Конститутсия гуфта мешавад, ки Мачлиси Оли – парламенти чумхурии Точикистон – маќоми олии намояндагї ва ќонунгузори чумхурии Точикистон мебошад.
Моддаи 64 мефармояд, ки Президенти чумхурии Точикистон сарвари давлат ва хокимияти ичроия аст. хокимияти ичроия, яъне хукумати чумхурии Точикистон аз сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитахои давлати иборат аст. Хукумат рохбарии самараноки сохахои иќтисодї, ичтимої, фархангї ва ичрої ќонунхо, Ќарорхои Мачлиси Оли, фармону амрхои Президенти Точикистонро таъмин мекунад.
Дар моддаи 84 гуфта мешавад, ки Хокимияти суди мустаќил буда, хуќуќ ва озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисахо, ќонунияту адолатро хифз менамояд.
Вобаста ба мавзўъ –тахаввулоти парламентаризм дар чумхурии Точикистон –ташкил ва фаъолияти ин маќоми олии Хокимияти давлатиро мухтасар барраси менамоем.
Бори дигар ќайд карданием, ки баробари ќабул гардидани Конститутсияи чумхурии Точикистон дар хамапурси – Референдум –
6 ноябри соли 1994 дар Точикистони сохибистиќлол гуфтан метавон ислохоти сиёсии сохтори давлати ба итмом расид. Яъне, дар асоси талаботи моддаи 48 Конститутсия Парламенти чумхурии Точикистон, яъне Мачлиси Олї аз ду Мачлис – Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли иборат аст. Лозим ба ёдоварист, ки Мачлиси Олї аз ду Мачлис иборат мебошад. Мутаассифона бисёр шахрвандон дар асоси таълифоти хатои воситахои ахбори оммави такрор ба такрор иштибохан Мачлиси Олиро аз ду палата иборат медонанд, яъне парламенти ду палатагї меноманд. Ин хато аст, парламенти чумхурии Точикистон аз ду Мачлис иборат аст, на палата.
Мачлиси Олии чумхурии Точикистон даъвати якум мувофиќи моддаи 49 Конститутсияи нав ќонунхои нави интихоботи вакилони халќи Мачлиси намояндагон, аъзоёни Мачлиси милли ва вакилони халќи Мачлисхои махаллии вакилони халќи чумхурии Точикистонро ќабул намуд.
Ќонунхои нави интихобот ќоидахои тамоман нави интихоби вакилони халќро муќаррар кард. Дар асоси хамин ќонунхо дар мохи феврали соли 2000 дар саросари чумхурии Точикистон интихоботи умумї, баробар, мустаќими овоздихии пинхонї гузаронида шуда, интихобкунандагон дар асоси ќоидахои нав вакилони Мачлиси намояндагон ва вакилони Мачлиси махаллии вакилони халќи Мачлиси махаллии вакилони халќро мустаќиман интихоб намуданд. Мохи марти хамон сол аз чор се хиссаи аъзоёни Мачлиси милли ба таври ѓайримустаќим дар мачлисхои якчояи вакилони халќи ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхурї бо овоздихии пинхонї интихоб гардиданд. Аз чор як хиссаи аъзои Мачлиси миллиро Президенти чумхурии Точикистон таъин кард.
Гузаронидани чунин интихобот дар сохтори парламентаризми чумхурии Точикистон ва оѓози фаъолияти Мачлиси милли ба ќонуни асосии давлат ќабул шуд, дар асоси талаботи он сарвари давлат – Президент интихоб гардид, Парламенти мамлакат –Мачлиси Оли, маќомоти намояндагии хокимиятї махалли – Мачлисхои махаллии вакилони халќ, яъне вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятхо, нохияхо ва шахрхои чумхурии Точикистон интихоб гардида ба фаъолият шурўъ карданд.
Вобаста ба манфиати Вахдати миллї, якпорчагии чумхурии Точикистон ва ќарори якчояи хокимияти конститутсионї ва мухолифини дохили соли 1999 ба Конститутсияи чумхурии Точикистон дар хамапурсии умумихалќї– Референдум таъѓирот дароварда шуд.
Боби сеюми Конститутсия, ки ба сохтор ва фаъолияти хокимияти ќонунгузор – Парламент-Мачлиси Оли бахшида мешавад, таъѓироти зиёд дохил карда шуд, тарзи тамоман нав сурат гирифт.
Пас ин навоварихо аз чи иборат буданд?
Дар бобати интихобот:
То ба хол, яъне аз давраи соли 1938 то соли 1990 ба маќомоти Совети (Шўрои) Олии РСС Точикистон 13 даъвати интихобот гузаронида шуд. Ба Мачлиси Олии чумхурии Точикистон даъвати якўм соли 1995 интихобот гузаронида шуд. Номзадхоро ба вакилии халќ коллективхои мехнатї, ташкилотхои чамъиятї, мачлисхои интихобкунандагон дар чои истиќомат пешбари мекарданд
Мувофиќи ќонуни нави интихобот тарзи пешбарии номзад ба кулли таъѓир дода шуд. Хуќуќи номзадхоро ба вакилии халќ дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии чумхурии Точикистон (Парламент) пешбари карданро хизбхои сиёсии дар чумхурии Точикистон то рўзи таъини интихобот расман аз ќайди давлати гузашта ва худи шахрвандон ба рохи худпешбари гирифтанд.
Хизбхои сиёси аз хавзаи ягонаи умумичумхуриявї ва хамчунин аз хавзахои якмандатии интихоботи тавонистанд номзад пешбари намоянд.
Конститутсияи чумхурии Точикистон муќаррар кардааст, ки ба Мачлиси намояндагон шахрванде интихоб шуда метавонад, ки синни ў аз 25 сола кам набошад. Аъзои Мачлиси милли шахрвандоне интихоб ва таъин мешаванд, ки ба синни 35 солаги расида, сохиби маълумоти олї бошанд.
Дар ќисми Мачлиси Олии чумхурии Точикистон:
То ба оѓози интихоботи даъвати дуюми Мачлиси Олии чумхурии Точикистон (соли 2000) вакилони Мачлиси Олї вазифаи вакилии худро дар Парламент бо кори доимии худро ќатъ накардан танзим мекунад.
Аъзои Хукумат, судяхо, кормандони маќомоти хифзи хуќуќ, хизматчиёни харбї ва шахсони дигаре, ки ќонуни конститутсионї муайян кардааст, наметавонанд узви Мачлиси миллї бошанд. ичро мекарданд. Танхо роххбарияти Президиуми (раёсати) он баъди ба ин маќом интихоб шудан, аз кори доимии худ ба кори доимї ба Парламент меомаданд.
Ташкил ва фаъолияти Мачлиси Олиро Ќонуни конститутсионии чумхурии Точикистон «Дар бораи Мачлиси Олии чумхурии Точикистон» танзим мекунад. Мўхлати ваколати Мачлиси Олї 5 сол аст.
Фаъолияти Мачлиси милли даъвати мебошад, яъне аъзои Мачлиси миллї дар як сол камаш ду маротиба ичлосия мегузаронад.
хар як Президенти собиќи чумхурии Точикистон узви якумраи Мачлиси миллї мебошад, агар ў аз истифодаи ин хаќ даст накашад.
Ќонуни конститутсиони шумораи аъзои Мачлиси миллї ва вакилони Мачлиси намояндагон, тартиби интихоби онхо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиќ набудани ваколати узви Мачлиси Олиро
Мачлиси намояндагон маќоми доимо амалкунанда ва касбї мебошад.
Узви Мачлиси миллї ва вакили Мачлиси намояндагон сохиби мандати императивї мебошанд, яъне онхо ба амри интихобкунандагонашон тобеъ набуда, хаќ доранд фикри худро озодона изхор намоянд, мувофиќи аќидахои худ овоз диханд.
Фаъолияти Мачлиси намояндагон дар шакли ичлосия сурат мегирад. Ичлосияи навбатии Мачлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рўзи аввали кории мохи октябр то рўзи охирини кории мохи июн гузаронида мешавад.
Мачлиси миллї ва Мачлиси намояндагон алохида чаласа мегузаронад, дар мавридхои зарурии ќонун муќарраркарда онхо чаласахои якчоя мегузаронанд.
Салохияти Мачлиси миллї ва Мачлиси намояндагон дар моддахои 56 ва 57 Конститутсияи чумхурии Точикистон муќаррар гардидаанд.
Мавриди чаласахои якчоя гузаронидани харду Мачлис дар моддаи 55 Конститутсия нишон дода шудаанд.
Дар моддаи 58 Конститутсия муќаррар гардидааст, ки аъзои Мачлиси миллї, вакили Мачлиси намояндагон, Президенти чумхурии Точикистон, хукумати Точикистон, Мачлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон хуќуќи ташаббуси ќонунгузорї доранд. Суди Олї, Суди Конститутсионї, Суди олии иќтисодии чумхурии Точикистон оид ба масъалахои вобаста ба салохияташон хуќуќи ташаббуси ќонунгузорї доранд.
Ќонуни Точикистонро Мачлиси намояндагон ќабул менамояд,
Агар хар як ашхоси мазкур ба вакили Мачлиси намояндагон интихоб шаванд, онхо аз вазифахои худ бояд даст кашанд.
Шахрванди чумхурии Точикистон дар як ваќт узви Мачлиси миллї ва вакили Мачлиси намояндагон буда наметавонад. Узви Мачлиси миллї наметавонад вакили зиёда аз ду маќоми намояндагї бошад.
Вакили Мачлиси намояндагон наметавонад вакили дигар маќомоти намояндагї бошад, вазифаи дигареро ичро намояд, фаъолияти сохибкори кунад, бо истиснои фаъолияти илмиву эчодї. Мачлиси миллї онхоро чонибдори карда ба Президенти чумхурии Точикистон пешниход мешаванд. Ќонунхо аз тарафи Президент имзо ва интишор мегарданд.
Чунинанд мухтасари он навигарихо ва фарќиятхое, ки тахаввулоти парламентаризми чумхурии Точикистони сохибистиќлолро дарбар мегиранд.
Инак, чанд сол аст, ки Парламенти чумхурии Точикистон – Мачлиси миллї ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии чумхурии Точикистон фаъолият дорад. Бояд хотиррасон кард, ки Мачлиси миллии Мачлиси Олї аз 33 аъзо, аз чумла 25 аъзо, ки дар асоси намояндагии манфиатхои минтаќавї ба таври ѓайримустаќим бо овоздихии пинхонї интихоб шудаанд ва 8 аъзои дигар, аз чониби Президенти чумхурии Точикистон таъин гардидаанд, иборат аст. Собиќ Президенти чумхурии Точикистон Махкамов Ќаххор узви якумраи Мачлиси миллї мебошад.
Дар байни аъзои Мачлиси миллї 30 нафар аъзои хизбхои сиёсии Точикистон ва 4 нафар ѓайрихизбиён мебошанд.
Аз чумлаи 63 нафар вакилони Мачлиси намояндагон 22 нафарашон аз чониби хизбхои сиёсии Точикистон – хизби халќии демократии Точикистон, хизби Коммунисти Точикистон ва хизби нахзати исломї Точикистон дар хавзаи ягонаи умумичумхуриявї ва боќї 41 нафар аз хавзахои интихоботии якмандатї интихоб шудаанд. Дар Мачлиси намояндагон ду фраксияи хизбї ва як гурўхи вакилони ѓайрихизбї ташкил шудаанд ва ба ќайд гирифтаанд.
Фаъолияти Мачлиси Олї- парламенти чумхурии Точикистон – маќоми олии намояндагї ва ќонунгузор, дорои хокимияти олї ва маќоми ягонаи ќонунгузорї дар шаклу худуде, ки Конститутсия, ќонунхои конститутсионї ва дигар ќонунхои чумхурии Точикистон муќаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.
Ќонуни чумхурии Точикистон бахри ба амал баровардани маќсади олї ва хадафи ягона, мустахкам ва пойдор гардонидани чумхурии Точикистон чун давлати сохибихтиёр, демократї, хуќуќбунёд, дунявї ва ягона равона гардидаанд.