ҒАРИБӢ
Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтани танҳо ғариб.
Орзўманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бе по ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад хеч кас, илло, гариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рўзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустамандӣ монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.
————————————————————-
ОШЎБИ ҶОНӢ
Ошўби ҷонӣ, шўхи ҷаҳонӣ,
Беэътиноӣ, номеҳрубонӣ.
Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,
Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.
Аз ту сабурӣ кардан, нигоро,
Натвон, валекин ту метавонӣ.
3-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам,
Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ.
Гуфтам: нисорат созам дурри ашк,
Гуфто: чӣ гўям дурр мечаконӣ.
Бо ту чӣ монад, Хизру Масеҳо,
Умре ту ҳаргиз бо кас намонӣ.
Гар аз Камол, ай мунис, малўлӣ,
Рафтам зи пешат, бурдам гаронӣ.
——————————————
ГУФТАМ: БА ЧАШМ!
Ёр гуфт: аз ғайри мо пўшон назар, гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар ёбӣ нишони номи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сўзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашқ
Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар дорӣ хаёли дур(р)и васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар, гуфтам: ба чашм!
——————————————————————-
ДЎСТ МЕДОРАД ДИЛАМ ҶАБРУ ҶАФОИ ДЎСТРО
Дўст медорад дилам ҷабру ҷафои дўстро,
Дўсттар аз ҷону сар дарду балои дўстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чораи дарду давои дўстро.
Чун муроди дўст ҷон афшондан аст аз дўстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дўстро.
Дар ҳавои ў тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дўстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кўи дўст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дўстро.
Дастбўси дўст мехоҳӣ, бишў даст аз ду кавн131,
Дастолуда нашояд марҳабои дўстро.
Дўстиҳои ҳама олам бирўб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.
————————————————————
БОД ГУЛЗЕР ШУД…
Бод гулрез шуду бар сари гул жола чакид,
Об дар ҷӯю зи пероҳани ҷӯ сабза дамид.
Гул зи рух пардаву наргис ба чаман чашм кушуд,
Сарву шамшод қаду мурғи чаман нола кашид.
Хуррам он дил, ки баҳорон пайи тартиби димоғ,
Бонги мурғи чаману бӯйи гули тоза шунид.
Бод сӯйи чаман омад, ки даҳад мужда, ки боз
Гул ба бӯстон ба гул меваи мақсуд расид.
Ҳар кӣ дид он қаду ораз зи чаман, оҳкунон
Аввал аз ҷону сар, он гаҳ зи гулу сарв бурид,
Бо ту гул дафтари худ хост, ки гирад ба ҳисоб,
Боғбон он варақу бод ба ӯ дарпечит.
Умр чун даври гул аз боди ҳаво рафт, Камол,
Доман аз дасту ба дамам гули мақсуд начид.