Хумори манзили кӯи ту дорам.
Умеди дидани рӯи ту дорам .
Сари андешаам аз рӯи дастат,
Хумори рӯи зонуи ту дорам.
Умеди дидани рӯи ту дорам .
Сари андешаам аз рӯи дастат,
Хумори рӯи зонуи ту дорам.
***********************
Суруди нотамоми ман туи ту.
Ҳаёти бардавоми ман туи ту.
Ба гардуни хаёлам эй азизам,
Ҳамеша моҳи тобонам туи ту.
Ҳаёти бардавоми ман туи ту.
Ба гардуни хаёлам эй азизам,
Ҳамеша моҳи тобонам туи ту.
***********************
Ғам махур ошиқ, ки ғамхорат манам.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам.
Гар надори рӯз ту парвои ман,
Шаб биё эй ёри шаб ёрат манам
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам.
Гар надори рӯз ту парвои ман,
Шаб биё эй ёри шаб ёрат манам
***********************
*****, ҳусни ту саргарми савдои дилам бошад,
Азоби меҳри ту дар мавҷи дарёи дилам бошад.
Дигар асло намехоҳам касеро ман ба ғайр аз ту,
Илоҳо меҳри ту оғозу анҷоми дилам бошад.
Надидам мисли ту зеборухе андар баҳори хеш,
Аз ин пас ҳусни ту зебогули боғи дилам бошад.
Азоби меҳри ту дар мавҷи дарёи дилам бошад.
Дигар асло намехоҳам касеро ман ба ғайр аз ту,
Илоҳо меҳри ту оғозу анҷоми дилам бошад.
Надидам мисли ту зеборухе андар баҳори хеш,
Аз ин пас ҳусни ту зебогули боғи дилам бошад.
***********************
Аз соғари муҳаббат нӯшида ҷоми ширин
Андар замину осмон, афсона карди маро
Аз дарси зиндагони омӯхти дарси ҳиҷрон
Эй писари бевафо, фарзона карди маро
Андар замину осмон, афсона карди маро
Аз дарси зиндагони омӯхти дарси ҳиҷрон
Эй писари бевафо, фарзона карди маро
***********************
Чаро дигар азизи ман
Ба сӯи ман намеоӣ
Магар дилкандаи аз ман
Ки ишқамро намехоҳӣ
Ба сӯи ман намеоӣ
Магар дилкандаи аз ман
Ки ишқамро намехоҳӣ
***********************
Зи сӯзи дил хабар дори муҳаббат.
Ба ҷони мо асар дори муҳаббат.
Ту аз чашмони ёри хушгили мо,
Ба сӯи мо назар дори муҳаббат.
Ба ҷони мо асар дори муҳаббат.
Ту аз чашмони ёри хушгили мо,
Ба сӯи мо назар дори муҳаббат.
***********************
Бо сухан кушти маро ту зинда бош.
Ҳамчун хуршеди саҳар тобанда бош.
Ҳар киро имрӯз ёраш мекуни,
Дар канораш чун гул арзанда бош.
Ҳамчун хуршеди саҳар тобанда бош.
Ҳар киро имрӯз ёраш мекуни,
Дар канораш чун гул арзанда бош.
***********************
Саодатмандиатро хоҳам эй гул,
Асири хандаҳоят гардам эй гул.
Дар ин дунёи бераҳму пурошӯб,
Оромӣ дар нигоҳат бинам эй гул.
Равон гардида ман сӯят ба ёде,
Аз он рухсори ту гул чинам эй гул.
Туро андар хаёлам парваридам,
Вале бе ёду ту ғамгинам эй гул.
Азоби ҳар ду дунёст бар сари ман,
Ғарибу бенавое гаштам эй гул.
Умеду қалби ман бо туст якҷой,
Фазои меҳри ту парвозам эй гул.
Расад бар ман агар як тори зулфат,
Осмони қалби худ бикшоям эй гул.
Навиштам ин суханҳо аз аламҳо,
Биё боре барам, мемирам эй гул.
Асири хандаҳоят гардам эй гул.
Дар ин дунёи бераҳму пурошӯб,
Оромӣ дар нигоҳат бинам эй гул.
Равон гардида ман сӯят ба ёде,
Аз он рухсори ту гул чинам эй гул.
Туро андар хаёлам парваридам,
Вале бе ёду ту ғамгинам эй гул.
Азоби ҳар ду дунёст бар сари ман,
Ғарибу бенавое гаштам эй гул.
Умеду қалби ман бо туст якҷой,
Фазои меҳри ту парвозам эй гул.
Расад бар ман агар як тори зулфат,
Осмони қалби худ бикшоям эй гул.
Навиштам ин суханҳо аз аламҳо,
Биё боре барам, мемирам эй гул.